Ҷумҳурии Ӯзбекистон расман мизбони 20-умин Конфронси тарафҳои Конвенсия оид ба тиҷорати байналмилалии намудҳои зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи ҳайвоноти ваҳшӣ ва наботот (CITES CoP20) гардид, ки кори худро дар шаҳри Самарқанд оғоз кардааст.
Дар рӯзи аввал масъалаи «Аз сиёсат то амалия: мониторинг, маблағгузорӣ ва амал оид ба тиҷорати танзимшавандаи ҳайвоноти ваҳшӣ» ҳамчун мавзӯи асосӣ дар меҳвари баррасии иштирокчиён қарор гирифт.
CITES як созишномаи байналмилалӣ буда, ҳадафи он танзими тиҷорати байналмилалии намудҳои ҳайвонот ва растаниҳои ваҳшӣ мебошад, то зиндамонии онҳо зери хатар қарор нагирад. Ӯзбекистон аз соли 1997 узви ин созишнома буда, бархе аз намудҳои нодир, аз ҷумла паланги барфӣ, сайгак ва растаниҳои шифоббахш таҳти ҳимояи он қарор доранд.
Дар оғози ҳамоиш баргузории он дар Самарқанд қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ арзёбӣ гардид. Ӯзбекистон бо ҳамкории Котибияти CITES, Барномаи Рушди СММ (UNDP) ва дигар шарикон қатор чорабиниҳои стратегиро барои тақвияти таъсири CoP20 роҳандозӣ кардааст. Яке аз онҳо Муколамаи сатҳи баланд оид ба маблағгузории ҳифзи табиат мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи ин муколама мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои экологӣ ва раиси Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлим Азиз Абдуҳакимов, Дабири кулли CITES Ивонн Игеро ва намояндаи доимии UNDP дар Ӯзбекистон Акико Фуҷий иштирок ва суханронӣ намуданд.
Азиз Абдуҳакимов таъкид кард, ки Ӯзбекистон дастгирии фаъолонаи талошҳои минтақавӣ ва ҷаҳониро дар самти ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор идома медиҳад. Ҳамчун «Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисоди сабз» эълон шудани соли 2025 ифодаи равшани ҳадафи стратегӣ дар роҳи гузариш ба модели рушди «сабз» мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, бо фармони Президенти Ӯзбекистон фаъолияти идоракунии муҳити зист аз нав созмон дода шуда, Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлим таъсис ёфт. Кумитаи мазкур масъули татбиқи лоиҳаҳои миллӣ, аз ҷумла «Мероси биологӣ», «Фазои сабз», «Экофарҳанг», «Ҳавои тоза» ва «Минтақаи бепартов» мебошад.
Тибқи иттилои раиси Кумита, дар солҳои охир дар кишвар 14 минтақаи нави табиии ҳифзшаванда таъсис ёфтааст, ки масоҳати онҳо аз 4 то 14,2 фоиз афзуда — зиёда аз 6,3 миллион гектарро ташкил медиҳад. Зиёда аз 108 намуд ҳайвонот ва растаниҳои нодир ба рӯйхати CITES ворид гардида, ҳифз карда шудаанд.
Ҳамзамон маблағи ҷубронпулӣ барои зарар ба намудҳои зикршудаи Китоби сурх даҳ баробар, барои растаниҳо панҷ баробар ва ҷаримаҳо барои буридани ғайриқонунии дарахтон низ чандин маротиба зиёд гардидааст. Дар фаъолияти Кумита роҳҳои ҳалли рақамӣ, аз ҷумла GIS ва SMART-Patrol ҷорӣ карда шуда, аз соли 2023 то имрӯз бештар аз 14 ҳазор ҳодисаҳои қонуншикании вобаста ба ҳайвоноти ваҳшӣ пешгирӣ шудааст.
Ӯзбекистон инчунин ба рушди ниҳолхонаҳо ва марказҳои парвариши ҳайвоноти нодир сармоягузорӣ мекунад. Аз ҷумла, лоиҳаҳои марбут ба парвариши лочини аврупоӣ, лочин, морхӯр, архар, гӯсфанди бухороӣ ва хазандагони нодир натиҷаҳои хуб ба даст овардаанд.
Ӯзбекистон ҳамкории худро бо TRAFFIC International, INTERPOL, Fauna & Flora International ва дигар созмонҳо тақвият медиҳад. Ба фаъолият оғоз кардани намояндагии Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) дар Ӯзбекистон низ як қадами муҳим арзёбӣ мешавад.
Кишвар дар як қатор ташаббусҳои фаромарзӣ — аз ҷумла Ташаббуси ширхӯрони Осиёи Марказӣ (CAMI), Ташаббуси биёбони Осиёи Марказӣ (CADI) ва Барномаи минтақавии Рамсар фаъолона иштирок мекунад. Рӯзи гузашта кишварҳои Осиёи Марказӣ Эъломияи Самарқанд ва Нақшаи амали онро оид ба мубориза бо тиҷорати ғайриқонунии ҳайвоноти ваҳшӣ имзо намуданд.
Дар ҷаласаи панелии Муколамаи вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид шуд, ки ҷараёни мавҷудаи маблағгузории ҷаҳонӣ — тақрибан 143 миллиард доллар дар як сол (80–85 дарсади он маблағгузории давлатӣ) — барои иҷрои тамоми чорабиниҳои соҳа кофӣ нест. Дар ин бахш роҳҳои ҳалли навоваронаи маблағгузорӣ, таҷрибаҳои бомуваффақияти минтақа, механизмҳои маблағгузории омехта, каталоги ҳалли BIOFIN ва роҳҳои ҳифзи гурбаҳои калон (паланги барфӣ, паланг, ягуар) бо истифодаи асбобҳои суғуртавӣ муаррифӣ гардиданд.
25 ноябр Ӯзбекистон оғози иҷрои лоиҳаи инноватсиониро дар самти барқарорсозии минтақаҳои муҳими гуногунии биологӣ эълон кард. Дар маросими муаррифӣ намояндагони GEF, UNDP ва UNEP ширкат доштанд. Ҳамчунин «Атласи миллии тағйироти экологӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» низ муаррифӣ шуд, ки дар доираи лоиҳаи минтақавии UNEP таҳия гардидааст.
Конфронси Самарқанд то 5 декабр идома меёбад.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбирони «Овози тоҷик».
Самарқанд.