Нур, шакл ва ҳаёт – сегонаи фалсафӣ

Дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд намоишгоҳи шахсии рассоми ҷавон, узви Иттифоқи рассомони Ӯзбекистон Муҳаммадҷон Сатторов таҳти унвони «Нур.Шакл.Ҳаёт» идома дорад.

Сарлавҳаи сегонаи  намоишгоҳ моҳияти ҷаҳонбинии рассомро ифода мекунад. Дар эҷодиёти мусаввир нур  рамзи дониш, шакл ҳамчун  тартиб ва ҳаёт рамзи ҳаракат маънидод мешавад.

– Нур ин донишест, ки дар дили рассом тавлид ёфта, ба тамошобин талқин мешавад. Шакл – тартиб ва сохтор аст ва ҳаёт ҳаракати байни онҳо, ларзиши ниҳон дар ҳар як матоъ. Шояд тамошобин онро набинад, аммо бо дилаш эҳсос мекунад, – мегӯяд М. Сатторов.

Рассом устоди синтез аст. Тасвирҳои классикии ӯ ба экспрессионизми муосир мувофиқат мекунанд. Ӯ руҳияи ороишро тавассути забони  бадеӣ шарҳ медиҳад.

Дар намоишгоҳ асарҳои «Роҳ ба водӣ», «Чанори калон», «Бедона», «Тирамоҳи заррин», «Модар», «Пазмонӣ», «Кӯҳҳои муъҷизавӣ», «Ҳавлии фаромӯшшуда», «Видоъи охирин», «Садои коинот» ва амсоли инҳо ҷой гирифтаанд, ки тамошобинро ба андеша водор мекунанд.

Муҳаммадҷон Сатторов аз ҷавонтарин намояндагони мактаби рангтасвир аст. Ӯ соли 1988 дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона таваллуд шудааст. Солҳои 2013-2017 дар Донишкадаи миллии рассомӣ ва дизайни ба номи Камолиддин Беҳзод таҳсил кардааст.

Ҳасан Абдуназаров.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: