Саъй кунед, ки чизеро ба дил нагиред...

Суханони ҳикматомези бузургон

Аз пушт бештар онҳое зарба мезананд, ки шумо барояшон сина сипар кардаед.

Фредрик Бегбедер.

Давлатҳо вақте ба ҳалокат мерасанд, ки дар фарқ кардани неку бад оҷиз монанд.

***

Душманони худро нодида нагиред – онҳо пеш аз ҳама хатоҳои шуморо пай мебаранд.

***

Ба инсони одил баштар аз наздиконат арҷ гузор.

Антисфен.

Дар сарзамини мо оне, ки бо садои баланд аз ишқ ба Ватан ҳарф мезанад, ағлаб ё дузд аст, ё ҷаллод.

Иван Тургенев.

Шахсияти маро бо бархӯрдан иштибоҳ нагир, шахсияти ман чизест, ки ман ҳастам. Аммо  бархӯрди ман бастагӣ дорад ба ин, ки ту кӣ бошӣ.

Вилям Шекспир.

Мутакаббирон якдигарро дӯст надоранд.

Мақоли арманӣ.

Агар эҳсос кардӣ, ки беадабӣ, пас ту инсони боадабе ҳастӣ. Зеро беадабҳо ҳеч вақт мутуваҷҷеҳи беадабиашон намешаванд.

***

Ханда қудратмандтарин силоҳи инсон аст, зеро шӯхтабъӣ метавонад торикиву нафратро аз миён бибарад ва зеҳну равони касро аз фишорҳову танишҳои дарунӣ озод кунад.

Марк Твен.

Дарки заъфу сустии худ ба инсон неру мебахшад.

Франсуа Фенелон.

Саъй кунед, ки чизеро ба дил нагиред. Он чӣ одамҳо дар бораи шумо мегӯянд, бозтобе аз худашон аст, на шумо.

Бонапарт Наполеон.

Иқтисоди заифу фақр ду далел дорад: ё ҳокимон аҳмақанд, ё аҳмақҳо ҳоким. Хушксоливу ҷанг баҳона аст.

Уинстон Черчилл.

Ҷое, ки мардум аз давлат битарсад, зулм ҳоким аст; ҷое, ки давлат аз мардум битарсад, озодӣ вуҷуд дорад.

Нумос Ҷефферсон.

Қудрат аз пирӯз шудан ҳосил гардад. Вақте шумо аз сахтиҳо убур мекунед ва тасмим бигиред, ки таслим намешавед, ин қудрат аст.

Маҳатма Гандӣ.

Ниёзе нест, ки атрофамон пур аз одам бошад, ҳамон чанд нафаре, ки атрофамон ҳастанд, кофист, ки одам бошанд.

Ҳусайн ПаноҲӣ.

Беадабӣ (дағалию дуруштӣ) заъфи рӯҳонӣ бошад.

Мария фон Энбер-Эшенбах.

Тарҷума ва таҳияи А. Субҳон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: