Яке аз марказҳои тамаддуни олам Бухорои шариф сол аз сол зеботар мегардад. Хусусан солҳои охир дар инҷо дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд меоянд.
Баъди аз байн рафтани объекту биноҳои маъмурӣ дар маркази шаҳр аз қабили варзишгоҳ, ҳокимиятҳои вилояту шаҳр ва ғайра бо тақозои давру замон дар ҷойи онҳо ва мавзеъҳои гуногуни шаҳри бостонӣ лойиҳаҳои нави ободгардонии ҷавобгуйи талабҳои имрӯза арзи вуҷуд мекунанд. Қариб як сол боз дар самти шимолии шаҳр дар шафати шоҳроҳи Газлӣ, тақрибан дар 54.6 гектар майдон ҷараёни бунёдкориҳои маркази маъмурии вилояти Бухоро идома дорад. Мо тавассути шабакаи иҷтимоии ҳокими вилоят «Buxoro-uz» огоҳ гардида будем, ки дар ин ҷо биноҳои ҳокимиятҳои вилояту шаҳр, прокуратураи вилоят, Садорати корҳои дохилӣ, инчунин садоратҳои дигару ташкилотҳои давлатӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, дӯконҳои савдою маркази истироҳат, китобхонаи замонавӣ, объектҳои варзишию солимгардонӣ, мактаби ихтисосонидашудаи махсус, хиёбонҳо, қаҳвахонаю фаввораҳо сохта мешаванд.
– Мақсад аз кӯчондани маркази вилоят чист? – пурсидем аз корманди масъули соҳа Шаҳзод Воҳидов.
– Мақсад ҳифзи ҳудуди шаҳр бо роҳи аз он ҷо гирифта баромадани биноҳои маъмурӣ, нигоҳ доштани яклухтии меъморӣ, пешгирӣ кардани тирбандӣ ва фароҳам овардани имконияти қулай ба аҳолӣ аст.
Мувофиқи қарори Президент аз 5 декабри соли 2024 ва қарори Девони Вазирон аз 15 апрели соли 2024 аз ҳудуди маҳаллаҳои «Гулчорбоғ» ва «Отбозор»-и шаҳри Бухоро дар 52 гектар майдон барпо намудани «Маркази маъмурии вилояти Бухоро» ба нақша гирифта шудааст. Бино бар ин лоиҳа ҷогузин кардани ҳокимиятҳои вилояту шаҳр, мақомоти гуногуни идоракунӣ, марказҳои фарҳанг ва ҷавонон, маҷмӯи варзишӣ, марказҳои тиҷоратӣ, бонкҳо барин объектҳо дар назар дошта шудааст.
***
Котиби матбуоти ҳокими вилоят Олим Ҷӯраев ба муроҷиати мо оиди «Маркази нави маъмурии вилоят» маълумоти зеринро пешниҳод кард: «Мувофиқи қарори 423-юми Президент аз 5 декабри соли 2024 барои ташкилотҳои давлатӣ ва хоҷагиҳои ҷамъиятие, ки маркази таърихии шаҳри Бухоро ва наздики он воқеъ буданд, дар 46,45 гектар майдон аз ҳудуди маҳаллаи «Гулчорбоғ»-и шаҳри Бухоро интихобшуда биноҳои маъмурӣ сохта, он ҷо созмон додани маркази нави маъмурии вилоят таъкид ёфтааст. Аз ҷумла дар 19320 метри мураббаъ сохтани бинои маъмурии ҳаштошёнаи ҳокимияти вилоят, дар 7770 метри мураббаъ сохтмони бинои маъмурии чорошёнаи ҳокимияти шаҳр, 10800 метри мураббаъ бунёд кардани бинои маъмурии шашошёнаи прокуратураи вилоят, дар 27040 метри мураббаъ сохтани бинои маъмурии панҷ-ҳафт ошёнаи садорати корҳои дохилии вилоят, дар 7210 метри мураббаъ сохтани бинои маъмурии ташкилотҳои шаҳр, бинои ҳафтошёнаи Маркази IT, дар 20240 метри мураббаъ сохтани бинои маъмурии чорошёнаи навъи дигар, дар 6640 метри мураббаъ сохтани бинои дуошёнаи Конгресс-холл, сохтани биноҳои бисёрошёна (26-то дорои 480 манзил 7-9 ошёна), дар 4,21 ҳудуд созмон додани кӯли сунъӣ, хиёбон ва фаввораҳо барои истироҳати аҳолӣ.
Ҳоло дар объектҳо ҷараёнҳои сохтмону монтажкунӣ идома ёфта, корҳои ободгардонии ҳудуд, гузарондани шабакаҳои коммуникатсионӣ сурат мегирад».
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.