Мақсад – ташаккули маҳорати педагогӣ

Муҳаққиқон таъриф додаанд, маҳорати педагогӣ ин хусусияти шахсиест, ки маҷмӯи худташкилдиҳии фаъолияти касбиро ба дараҷаи баланд таъмин мекунад.

Яъне маҳорати педагогии омӯзгор, пеш аз ҳама, тавонистани ташкили раванди омӯзишро ифода мекунад, ки дар ҳар гуна шароит, ҳатто дар вазъияти ногувор ҳам ба сатҳи тарбия, инкишоф ва дониши толибилмон комёб шуда метавонад. Омӯзгори ҳақиқӣ ҳама вақт ба ҳар саволи тасодуфӣ ҷавоб ёфта метавонад. Вай метавонад ба донишомӯзон бедушворӣ наздик шавад, фикрро равшан гардонад, ба қобилияти шогирдон такон оварад, ба шарте, ки маҳорати педагогӣ дошта бошад. Бо мақсади кумак расонидан ба омӯзгорон дар назди Агентии муассисаҳои таълимӣ марказҳои маҳорати педагогӣ таъсис ёфтааст. Ин марказҳо пайваста ба ташаккули маҳорати педагогии омӯзгорон кумак мерасонанд.

Дар Маркази маҳорати педагогии вилояти Навоӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мушкилот ва роҳҳои ҳалли истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди таълими мактабҳои ҳамагонӣ» баргузор гардид.

Дар анҷуман олимон, профессорону омӯзгорон  ва кормандони соҳаи маориф аз нуқтаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҳам ба шакли ҳузурӣ ва ҳам онлайн (тавассути платформаи ZOOМ) иштирок намуданд.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии сардори Раёсати тайёр ва рушди касбии кадрҳои педагогии Вазорати таълими томактабӣ ва мактабии ҷумҳурӣ Анвар Баҳромов ва директори Маркази маҳорати педагогии вилоят Ӯктамҷон Мардонов оғоз ёфт.

Дар ҷараёни чорабинӣ маърӯзаҳои илмӣ, мубодилаи афкор ва муҳокимаи мавзӯӣ баргузор гардиданд. Дар кори конфронс профессорони Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон, доктори илмҳои техникӣ Сувонқул Нурманов, дотсенти кафедраи технологияи рақамии Донишгоҳи давлатии Навоӣ, доктори фалсафа оид ба илмҳои педагогика Дурдона Отақулова, профессори кафедраи кимиёи органикӣ ва нафту гази Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон Ҳабибулло Тоҷимуҳаммадов, мудири кафедраи иқтисодиёт ва технологияи иттилоотии  Донишгоҳи инноватсионии Навоӣ, доктори фалсафа (PhD) оид ба илмҳои техникӣ Беҳзод Ёркулов, дотсенти кафедраи кимиёи факултети илмҳои табиии Донишгоҳи давлатии педагогии Чирчиқ Ҳабиба Тӯраева, сардори шуъбаи рушди фанҳо, номзади илмҳои педагогика, дотсент Абдураҳим Пӯлотов, омӯзгори калони Донишгоҳи давлатии педагогии Чирчиқ Муаттархон Акбарова, омӯзгори калони Маркази маҳорати педагогии вилояти Навоӣ Нафосат Солиева бо маърӯзаҳои худ баромад карданд.

Конфронс бо баррасии таҷрибаи пешқадам дар самти истифодаи василаҳои рақамӣ дар таълими муосир, ҷорӣ намудани муносибатҳои инноватсионии педагогӣ ва усулҳои интерактив дар амалия равона гардида буд.

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: