Дар кишвари мо мавсими тирамоҳии лоиҳаи «Макони сабз» оғоз ёфт. Имсол дар вилояти Самарқанд шинондани10 миллиону 208 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану манзаравӣ ба нақша гирифта шудааст.
Барои мавсими тирамоҳ аз ҷониби 10 хоҷагии ҷангали вилоят захираи 14 миллион бех ниҳолҳои гуногун ва гулбуттаҳо бунёд гардида, бо навбати худ ба шаҳру вилоятҳо ирсол мешаванд.
– Дар асоси татбиқи Барномаи давлатии Стратегияи «Ӯзбекистон–2030» дар «Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисоди «сабз» дар шаҳрҳои Самарқанд, Каттақӯрғон, инчунин ноҳияҳои Ургут, Пастарғам, Самарқанд, Нуробод «Камарбанди сабз» ташкил ёфта, дар 16 ноҳияи вилоят боғҳои ҳокимият бунёд шудаанд, – гуфт котиби матбуоти Садорати экология ва тағйирёбии иқлими вилоят Шералӣ Искандаров, – хосатан дар атрофи корхонаҳои хавфноки саноатӣ ва 12-то полигони партов беш аз 200 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони манзаравӣ шинондем.
Дар минтақаи Қаросув иштирокчиёни анҷумани бошукӯҳи байналхалқии ЮНЕСКО дар 5 гектар майдон 1,5 ҳазор бех ниҳоли дарахтони гуногунро бо роҳи ҳашар шинонда «Боғи сабз» ном доданд.
– Соли гузашта миллион бех ниҳол шинонда шуд, вале аксарияти онҳо аз беобӣ ва бепарвоӣ озуқавории чорво гардид. Дар ин бора рӯзномаи «Овози тоҷик» низ бонги изтироб зада, масъулони соҳаи мазкурро ҳушёр карда буд.
– Имсол масъала ранги дигар хоҳад гирифт. Чанде пеш иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо иштироки бевоситаи идораҳои ободонӣ, гулпарварӣ, хоҷагии ҷангал машварат гузаронида, таъкид намуд, ки агар ниҳолшинонӣ ва нигоҳубини рустаниҳо дар коғаз бошаду дар амал дигар, барои масъулони соҳа ҷазо муқаррар.
Ба ин хотир аллакай 32 чоҳи амудӣ кофта, қариб 70 километр шохобчаҳои обёрӣ барқарор гардид. Минбаъд ба ҳар як минтақа ва лозим бошад, ба ҳар як ниҳол шахси масъул таъин хоҳад шуд.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.