Таълим – соҳаи озод аз коррупсия

Дар вилояти Навоӣ дар доираи «Моҳи мубориза бар зидди коррупсия» бо ҳамкории Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти унвони «Таълим – соҳаи озод аз коррупсия» мулоқоти кушод баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои таъмини шаффофият дар соҳаи таълим, коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ ва таҳкими принсипҳои идоракунии ошкоро баррасӣ шуданд.

Дар оғоз ба иштирокчиёни чорабинӣ дар бораи оқибатҳои амалҳои коррупсионӣ видеороликҳо намоиш дода шуд. Дар онҳо махсус таъкид гардид, ки коррупсия натанҳо ба рушди низом, балки ба пешрафти ҷомеа низ зарари ҷиддӣ мерасонад.

Сипас, сардори Раёсати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят Р. Ҳаитова ва корманди Хадамоти мубориза бар зидди коррупсияи вазорат Э, Худойберганов оид ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ, таъмини шаффофият дар харидҳои давлатӣ ва паҳлӯҳои хатарноки бархӯрди манфиатҳо маърӯза карданд.

Дар ҷараёни мулоқот намояндагони прокуратураи вилоят ва Раёсати адлия зарурати тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ барои табдил додани низоми таълим ба муҳити комилан шаффоф, одилона ва озод аз коррупсияро таъкид намуданд.

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: