Овози дилу ҷон бувад «Овози Самарқанд»!

Ба муносибати 35-солагии таъсиси рӯзномаи «Овози Самарқанд» ҳайати таҳририя чандин китобро интишор намуд, ки яке аз онҳо «Овози Самарқанд»: аз дидаҳо, шунидаҳо» ном дорад.

Дар Маркази ахбор-китобхонаи вилоят ба номи Пушкин рӯнамоии асари мазкур баргузор гардид. Аҳли фарҳангу ҳунари Самарқанд, шоиру нависандагон, устодону муаллимони мактабҳои олӣ ва ҳамагонӣ, санъаткорон, кормандони матбуот ва мухлисони каломи бадеъ иштирокдорони чорабинӣ буданд.

Директори марказ Зебуннисо Шодиева ҳозиронро хайра мақдам гуфт.

 – Борҳо мушоҳида кардем, ки зиндагӣ пур аз воқеаҳои аҷибу ғайричашмдошт аст, – гуфт сардабири «Овози Самарқанд» Баҳодури Раҳмон. – Дар ин раванд фаъолияти журналистон истисно нест. Боз як чизи аҷиб он мебошад, ки аксарияти мухлисони рӯзнома ба саҳифаи охирин, ки бештар маводи табассумбарангез чоп мешавад, таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд.

Мо ба шиори «Ҳазлу мутоиба – чанбари наҷот дар мавҷҳои зиндагӣ» амал карда, дидаву шунидаҳои кормандони рӯзномаро ҷамъоварӣ намудем ва дар шакли китоб чоп кардем. Он бо сарпарастии соҳибкори маърифатпарвар, инсони хоксору саховатпеша Абдуазиз Мунисов руйи чопро дид.

Раиси Маркази милливу фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд Шуҳратҷон Самадов, муҳаррири маҷаллаи  адабӣ, илмӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ», мудири бахши тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд Асадулло Шукуров, раиси шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистон Акрам Ҳайдаров ва дигарон дар бораи мазмуну мундариҷаи китоб фикру мулоҳизаҳои хешро гуфтанд.

Донишомӯзони мактаби рақами 19-уми ноҳияи Пастдарғам ва 21-уми шаҳри Самарқанд, инчунин ҳофизон бо сурудҳои дилнишини хеш ба ҳозирон кайфияти хуш бахшиданд.

Баҳодури Зоҳир,

Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: