Маскани нави туризм дар Айдаркӯл ба истифода дода шуд

  • Маскани нави туризм дар Айдаркӯл ба истифода дода шуд
  • Маскани нави туризм дар Айдаркӯл ба истифода дода шуд
  • Маскани нави туризм дар Айдаркӯл ба истифода дода шуд
  • Маскани нави туризм дар Айдаркӯл ба истифода дода шуд
  • Маскани нави туризм дар Айдаркӯл ба истифода дода шуд

Дар ҳудуди силсилаи кӯлҳои "Айдар–Арнасой"-и вилояти Ҷиззах маҷмааи нави сайёҳии «Aydarko‘l Resort» ба истифода супурда шуд.

Тибқи фармоиши Девони Вазирон аз 11 апрели соли 2025, дар ҳудуди силсилаи кӯлҳои Айдар–Арнасой дар вилояти Ҷиззах вазифа гузошта шуда буд, ки аз имкониятҳои мавҷудаи сайёҳӣ самаранок истифода бурда, барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароити қулай фароҳам оварда шавад, инфрасохтори муосири роҳу нақлиёт ва хизматрасонӣ ташаккул ёбад ва як маркази нави сайёҳӣ бунёд гардад.

Дар доираи иҷрои ин фармоиш маҷмааи нави сайёҳии «Aydarko‘l Resort», ки доираи васеи хизматрасониҳоро ба меҳмонон пешниҳод мекунад, ба истифода супурда шуд.

Дар маросими ифтитоҳ иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Ҷиззах Улуғбек Мустафоев иштирок намуда, дар бораи аҳамияти ин лоиҳа ҳарф зад. Ба гуфтаи ӯ, бо ташаббуси бевоситаи роҳбари давлат ва бо маблағгузории Бонки миллии Ӯзбекистон, ин маскани экотуризм, ки бар асоси ҳамоҳангии туризм ва экология таъсис ёфтааст, барои аҳолӣ ва меҳмонони хориҷӣ туҳфаи воқеӣ гардид.

Ин лоиҳа бо сармоягузории ҶС «Ӯзмиллийбонк» амалӣ шуд ва ҳамчун як маҷмааи муосир бо хидматрасониҳои зарурӣ барои меҳмононе, ки мехоҳанд истироҳат кунанд, бо варзиш шуғл варзанд, саломатии худро беҳтар созанд ва вақти  фароғатиро дар табиат гузаронанд, бунёд ёфтааст. Ба ғайр аз 23,8 гектар замин, 5 гектар майдони махсуси шиноварӣ низ ба ин маҷмаа дохил мешавад. Дар доираи лоиҳа пансионати 100 ҳуҷрадор барои 200 нафар, меҳмонхонаи 300-нафара, 40 хонаи капсулавӣ барои 100 нафар, истгоҳи автомобилии дорои 500 ҷой, ҳавзи кушоди 25х12 метр, картодром, боғчаи бозии кӯдакон ва майдончаҳои варзишӣ бунёд шуданд. Барои кабудизоркунии ҳудуд 2 ҳазор ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуданд.

Барои меҳмонон киштии 60-нафара, 4 заврақи муҳаррикдор, парасейлинг, 10 квадросикл, 10 картинг ва аттраксиони обӣ муҳайё карда шуд. Минтақаи соҳилӣ имкони баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзиширо дар сатҳи баланд фароҳам меорад. Шуъбаи санаторияи маҷмаа ба муолиҷа ба воситаи физиотерапия, аз ҷумла гили шифобахш ихтисос ёфта, бо таҷҳизоти муосири терапевтӣ таъмин шудааст.

Яке аз ҷиҳатҳои муҳимтарини лоиҳа ҷалб гардидани бренди бо нуфузу байналмилалии меҳмонхонаи Accor Group-и Фарғона мебошад. Меҳмонхона таҳти бренди «Greet Aydarko’l» ва дар ҳамкорӣ бо ширкати идоракунии «HotelPro» фаъолият мекунад. Ин ҳамкорӣ мутобиқати сифат ба стандартҳои байналмилалӣ, самаранокии идоракунӣ ва шинохта шудани он дар бозорро таъмин менамояд.

Дар доираи лоиҳа 150 ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда шуд. Дар корҳои ободонии ҳудуд 30 миллиард сӯм ҷудо шуда, 28,5 километр роҳи автомобилии таъмиргардида ба истифода дода шуд. Бо 6 миллиарду 26 миллион сӯм 3,3 километр шабакаи оби нӯшокӣ, анбори оби 500-метри мукааб ва нуқтаи назоратӣ бунёд гардид. Ба нақша гирифта шудааст, ки 94 нафар шаҳрванди бекори маҳалла, аз ҷумла 33 ҷавон бо кор таъмин карда шаванд. Дар техникуми Арнасой равияи хизматрасонӣ ва туризм кушода шуда, ҷавонон дар ин соҳа омода карда мешаванд.

– Ман соли 1983 аз вилояти Самарқанд ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Бахтли»-и қишлоқи Наврӯз кӯчида омада, зиёда аз 40 сол дар Айдаркӯл ҳамчун моҳигир, баъд роҳбари бригадаи моҳигирон кор кардам, – мегӯяд Хӯҷамуродбобо Эрматови 82-сола. – Роҳҳои мо хеле хароб буданд: зимистон лой, тобистон пур аз чангу ғубор. Ба шарофати сохтмони ин маҷмаа, роҳҳои ҳамвор ва асфалтпӯш пайдо шуданд. Таъминоти барқ беҳтар гардид, оби нӯшокии тоза оварда шуд. Ҷавонони мо, бахусус бонувон, ки пеш танҳо ба моҳигирӣ ва чорводорӣ машғул буданд, акнун ба корҳои доимӣ ҷалб шуданд. Мо аз ин хеле хурсанд ҳастем.

Депутати Шӯрои вилояти Ҷиззах Рустам Ӯтабоев корҳои созандаро чунин арзёбӣ кард:

– Ман беш аз 50 сол дар ноҳияи Арнасой зиндагӣ карда, ба фаъолияти фермерӣ машғул ҳастам. Соли гузашта, вақте ба ин ҷо омадам, он пур аз буттаву чакалакзор буд. Бубинед, дар давоми ҳамагӣ 6–7 моҳ санаторияи бошукӯҳ, хостел, ресторан, капсулаҳои истироҳатӣ, иншооти табобатӣ ва варзишӣ бунёд шудаанд. Пеш ин ҷо роҳ надошт, ҳоло бошад роҳи асфалпӯши хеле ҳамвор арзи вуҷуд кардааст. Дар бораи сохтмони фурудгоҳ ҳатто фикр намекардем, аммо акнун хатсайри ҳавоӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ояндаи наздик сохтани роҳи оҳан низ дар нақша аст. Мо – тамоми мардуми Арнасой аз Президент ва Бонки миллии Ӯзбекистон хеле миннатдорем.

Маҷмаа, ки ҷараёни иҷрои лоиҳаи сайёҳии 220 миллиард сӯминаи «Discover Invest» мебошад, метавонад ҳамзамон то 1000 сайёҳро қабул кунад. Соли оянда ифтитоҳи меҳмонхонаи дорои 300-ҷой ва иншооти иловагии сайёҳӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

То анҷоми соли 2026 ба маҳаллаи «Бахтли» мақоми маҳаллаи сайёҳӣ дода мешавад. Дар 68 оила низоми меҳмонхонаҳои хонагӣ ҷорӣ мегардад. Инфрасохтор бо маблағи 7 миллиард сӯм, ки барои аҳолӣ ҷудо шудааст, тадриҷан беҳтар карда мешавад.

Ба нақша гирифта шудааст, ки 500 ҳазор сайёҳ аз Тошканд, Сирдарё ва вилояти Самарқанд ҷалб карда шавад. Барои оилаҳо ва ҷавонон турпакетҳои махсуси «Sheekend tour», «Family rest», «Youth camp» роҳандозӣ мешаванд.

Ҳудуди кунунии 23,8 гектараи силсилаи кӯлҳои Айдар – Арнасой дар ояндаи наздик ба як шаҳраки хурди сайёҳии 400 гектара табдил меёбад. Дар натиҷа, 20 хидмати нав ба роҳ монда шуда, 1000 нафар аҳолӣ бо кор таъмин мегарданд. Ҳамасола қабули 100 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ва 500 ҳазор сайёҳи маҳаллӣ пешбинӣ шудааст.

Айдар – Арнасой минбаъд низ ҳамчун яке аз марказҳои нави ҷолиби сайёҳии кишвар рушд хоҳад ёфт.

Абдуҷалол Қаюмов,

мухбири ӮзА.

Суратгир: Ҷ. ЁРБЕКОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: