Президент Шавкат Мирзиёев 28 ноябр дар маросими тантанавии ифтитоҳи форуми байналмилалӣ, ки ба масъалаҳои бартарафсозии бюрократия бахшида шудааст ва дар Маркази байналмилалии конгрессии пойтахт баргузор мегардад, иштирок намуд.
Дар форум намояндагони баландпояи ҳукуматҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб, кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, коршиносони пешбари соҳаи идоракунии давлатӣ, инчунин намояндагони ҷомеа иштирок доранд.
Сарвари давлат дар суханронии худ аз вазири корҳои Ҳукумати АМА Муҳаммад ал-Гаргавӣ барои кумак дар баргузории ин чорабинӣ самимона изҳори сипос намуд. Президент мардуми бародар ва роҳбарияти Аморати Муттаҳидаи Арабро бо фарорасии иди миллӣ — Рӯзи таъсиси давлат, самимона табрик гуфт.
– Мо Ӯзбекистони Навро бо такя ба ғояи инсонпарвар «Мардум ба идораҳои давлатӣ не, балки идораҳои давлатӣ бояд ба мардум хизмат намоянд», бунёд мекунем, – таъкид кард Президент.
Тавре зикр гардид, дар кишвари мо ба бартараф кардани бюрократия, равандҳои зиёдатӣ ва монеаҳои маъмурӣ барои аҳолӣ ва соҳибкорӣ афзалият дода мешавад. Ислоҳоти системавӣ оид ба дигаргунсозии куллӣ ва рақамисозии низоми миллӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ, оптимизатсияи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва барқарор намудани мулоқоти мустақиму ошкоро байни сохторҳои давлатӣ ва шаҳрвандон амалӣ карда шуданд.
Солҳои охир дар ҷумҳурӣ 9 фармон ва қарорҳое қабул гардиданд, ки ба кам кардани бюрократия равона шудаанд. Марказҳои хидматрасониҳои давлатӣ, Портали ягонаи хидматрасониҳои давлатӣ ва низоми «Ҳукумати рақамӣ» хидматҳоро дастрас, тез ва шаффоф гардониданд.
Агар соли 2017 ҳамагӣ 444 намуди хидматрасонии давлатӣ пешниҳод шуда бошад, имрӯз шумораи онҳо ба 1 040 расидааст. Теъдоди хидматрасониҳои пешниҳодшуда қариб даҳ маротиба афзуда, аз 55 миллион гузаштааст. Зиёда аз 90 намуди хидматрасониҳо ба шакли проактивӣ ва композитӣ пешниҳод мешаванд.
Масалан, пешниҳоди композитии хидматрасониҳои вобаста ба таваллуди кӯдак ҳамасола барои тақрибан як миллион шаҳрванд равандро осон мегардонад. Ҳамчунин, кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва нафақаҳои синнусолӣ худкор, бе муроҷиати шаҳрвандон таъин карда мешаванд.
Бо шарофати рақамисозӣ имкон пайдо шуд, ки 30 намуди хидматрасонӣ дар вақти воқеӣ пешниҳод карда шаванд. Танҳо дар соли ҷорӣ қариб 8 миллион хидматрасонӣ ба таври автоматикӣ иҷро шудааст. Гузариш ба мубодилаи электронии ҳуҷҷат ба аҳолӣ имкон медиҳад, ки ҳамасола 23 миллиард сӯм сарфа кунад.
Илова бар ин, бо мақсади баланд бардоштани қулайии соҳибкорӣ зиёда аз 160 намуди литсензия ва иҷозатномаҳо бекор карда шуданд. Беш аз 150 ҳуҷҷати иҷозатдиҳанда дар формати электронӣ дода мешаванд. Талаботи пешниҳод кардани зиёда аз 140 намуди маълумотнома ва ҳуҷҷат пурра бекор карда шуданд.
Хидматрасониҳои давлатӣ бар асоси принсипи экстерриториалӣ пешниҳод карда мешаванд. Тамоюли «Оғози бизнес дар 15 дақиқа» ба амал татбиқ мегардад.
Президент хабар дод, ки имрӯз оид ба коҳиш додани бюрократия барномаи алоҳида тасдиқ гардид. Ҳуҷҷат бартараф кардани бюрократияро дар муносибатҳои «давлат – аҳолӣ», «давлат – бизнес» ва дар дохили дастгоҳи давлатӣ, инчунин фароҳам овардани экосистемаи ниҳоят қулайи хидматрасониҳои давлатиро пешбинӣ мекунад.
– Ҳадафи ниҳоии мо – то соли 2030 ба кишвари бидуни бюрократия табдил додани Ӯзбекистон мебошад, – таъкид кард Президент.
Дар доираи барнома вазифаҳои муҳиме, ки то соли 2030 татбиқ мешаванд, муайян карда шудаанд. Аз ҷумла, шумораи хидматрасониҳои давлатӣ то 1,5 ҳазор мерасад, ҳиссаи хидматрасониҳои электронӣ то 95 фоиз боло бурда мешавад.
Танҳо соли оянда боз 250 хидматрасонӣ пурра ба формати электронӣ мегузаранд. Аз ҷумла, бақайдгирии воситаҳои нақлиёт, баргардонидани ААИ (НДС) ва дигар хидматрасониҳои серталаб электронӣ карда мешаванд.
Дар Ӯзбекистони Нав низоми «Ҳукумати бекоғазӣ» пурра ҷорӣ мегардад, ки даст кашидан аз муомилоти қоғазии ҳуҷҷатиро дар назар дорад. Аз 40 миллион ҳуҷҷати мавҷуда, 25 миллионаш, аз ин шумора 5 миллион – аллакай соли оянда рақамисозӣ мешавад.
Шумораи хидматрасониҳои проактивӣ ва композитӣ то 400 адад мерасад. Танҳо соли оянда 180 намуди нави хидматрасониҳои композитӣ пайдо мешаванд.
– Дар натиҷа мо ба низоме мегузарем, ки дар он хидматрасонӣ бе муроҷиати шаҳрванд ба ӯ пешниҳод карда мешавад, – таъкид кард Президент.
Илова бар ин, ҳамаи хидматрасониҳои давлатӣ пурра инвентаризатсия карда мешаванд. Талаботҳои такрорӣ, зиёдатӣ ва ба шаҳрвандон сабории беасос фароҳам оваранда бекор карда мешаванд.
Зиёда аз 300 раванд дар соҳаи литсензия ва иҷозатҳо, пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва сохтмон содда карда мешаванд. Масалан, пайвастшавӣ ба чор намуди шабакаҳои коммуналӣ бар асоси як ариза амалӣ мегардад.
Мӯҳлатҳои пешниҳоди хидматрасониҳо ба таври ҷиддӣ кӯтоҳ карда мешаванд. Барои зиёда аз 100 намуди хидматрасониҳо мӯҳлатҳо 50 фоиз коҳиш дода мешаванд. Талаботи пешниҳоди зиёда аз 110 намуди ҳуҷҷат пурра бекор карда мешавад.
Портали ягонаи хидматрасониҳои давлатӣ, низоми «Литсензия», платформаи гумрукии «Равзанаи ягона» ва колл-марказҳо дар асоси зеҳни сунъӣ фаъолият хоҳанд кард.
Ҳар сол фаъолияти вазоратҳо ва идораҳо тавассути платформаи рақамии махсус арзёбӣ карда мешавад. Муассисаҳо ва кормандоне, ки ба нишондиҳандаҳои баланд ноил мешаванд, ҳавасманд гардонда мешаванд.
Бо мақсади мониторинги доимии иҷрои барнома, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо ва идораҳо оид ба кам кардани бюрократия, Дафтари барнома таъсис дода мешавад.
Барои аҳолӣ ва бизнес имконият фароҳам оварда мешавад, ки пешниҳодҳо ва ташаббусҳои нави худро дар доираи барнома мустақимона ирсол намоянд. Ба онҳо инчунин имкони арзёбии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин самт дода мешавад. Барои ин фонди ҷоиза ба маблағи 3 миллион доллар таъсис дода мешавад.
Аз ҳисоби ин фонд ба шаҳрвандон, намояндагони бизнес ва хидматчиёни давлатӣ, ки дар бораи коҳиш додани бюрократия ҳалли муассир пешниҳод мекунанд, мукофотҳои алоҳидаи пулӣ дода мешаванд. Номинатсияҳои иловагӣ низ ҷорӣ карда мешаванд.
– Бартараф кардани бюрократия яке аз вазифаҳои калидии давлат аст, ки ба хидмат кардан ба мардум нигаронда шудааст. Мо бояд чунин низомеро фароҳам оварем, ки дар он шаҳрванд ба идораи давлатӣ не, балки худи давлат назди ҳар як шаҳрванд рафта, мушкилоти ӯро ҳал кунад. Ин бояд симои замонавӣ ва инсонпарваронаи идоракунии давлатии Ӯзбекистони Нав бошад, – таъкид кард Президент.
Пас аз суханронӣ Сарвари давлат тугмаи рамзиро пахш карда, оғози Барномаи бартарафсозии бюрократияро расман эълон намуд.
Баъди анҷоми маросими ифтитоҳ Президент бо намояндагони ҷомеа оид ба аҳамияти форум ва ташаббусҳои пешниҳодгардида суҳбат кард. Таъкид гардид, ки ғояи «Барои шаъну шарафи инсон» дар асоси ҳамаи ислоҳотҳое, ки дар кишвар амалӣ мешаванд, қарор дорад ва дар меҳвари ҳар як ислоҳот, ҳар як қарор, ҳар як хидмати давлатӣ ва ҳар як раванд манфиати инсон бояд қарор гирад.