Ҷавоҳир Синдоров, ки Ҷоми ҷаҳонро оид ба шоҳмот ба даст оварда, сатҳи баланди иқтидори зеҳнии ҷавонони Ӯзбекистонро нишон дод, тантанавор пешвоз гирифта шуд.
Дар низоми иҷтимоӣ-сиёсии мамлакатамон татбиқи васеи тамоюи Ӯзбекистони Нав дар ҳаёти мардум эҳсоси талошкорӣ, кордӯстӣ ва орзумандиро бештар намуд.
Ин, дар навбати худ, ба сол то сол зиёд гардидани теъдоди муваффақиятҳо, ки моро ғуруру ифтихор мебахшанд, мусоидат мекунад. Бахусус, дар панҷ соли охир натиҷа ва ғалабаҳое, ки дар соҳаи варзиш ба даст омаданд, дар ҳадде афзуданд, ки ин муждаҳо дар ҳаёти мардум, болоравии нуфуз ва эътибори ватанамон дар арсаи байналмилалӣ ва густариши ҳаракати саломатӣ аҳамияти калон доранд.
Чанд ҳафта пеш, варзишгарони кишвар дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ миёни 57 дастаи давлатҳо ва пештар аз он дар Бозиҳои Осиё миёни ҷавонон, ки дар Баҳрайн доир гардид, дар ҳисоби умумӣ дар ҷойи дуюм қарор гирифтанд ва баъди ин пирӯзиҳо чанд рӯз муқаддам дар Ҳиндустон шоҳмотбози кишварамон Ҷавоҳир Синдоров ҷоизадори Ҷоми ҷаҳон шуд ва ин ба ҷаҳониён нишон дод, ки рӯҳияи пирӯзӣ ва иқтидори ҷавонони Ӯзбекистон дар чӣ андоза баланд аст.
Дар ҳаёти мо рӯз ва санаҳои муҳим бисёранд. Вале корҳое, ки дар роҳи ояндаи Ватан амалӣ мегарданд, лаҳзаҳое, ки ба онҳо санги асос гузошта мешавад, аз ҳама муҳимтар мебошанд.
Ба ин маъно, 26 ноябри соли 2025 на танҳо барои варзиш, балки дар роҳи рушди ояндаи кишвар низ чун яке аз рӯзҳои хотирмонтарин дар ёд хоҳад монд.
Маҳз дар ҳамин рӯз, дар Ӯзбекистон бо ташаббуси роҳбари давлат баргузории бозиҳои Олимпиадаи Президент расман эълон ва роҳандозӣ гардид, Ҷавоҳир Синдоров, ки дар чӣ сатҳ баланд будани иқтидори зеҳнии ҷавонон – поягузорони ояндаи кишварамонро нишон дод, Вэй И-и чиниро бо натиҷаи 1,5 : 0,5 мағлуб карда, Ҷоми ҷаҳонро ба даст овард.
Ҷавоҳир Синдорови 19-сола, ки дар ҷаҳони шоҳмоти байналмилалӣ сарусадои бузурге ба бор оварда, ҳамчун ҷавонтарин ҷоизадори Ҷоми ҷаҳон дар таърихи ФИДЕ эътироф гардид, дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов бо иштироки аъзои ҳукумат, мутасаддиёни варзиш, намояндагони ҷамоатӣ ва дӯстдорони шоҳмот ботантана истиқбол гирифта шуд.
Дар ҳақиқат, Ҷавоҳир Синдоров дар рақобатҳои ин мусобиқаи бонуфуз, ки бо иштироки 206 нафар шоҳмотбозони пурзӯртарини ҷаҳон таҳти фишори мураккаб ва бузурги равонӣ баргузор шуд, азму иродаи қавӣ, оромиву матонати баланд нишон дод ва ҳар як донаронӣ ӯро ҷониби пирӯзӣ бурд.
Вақте роҳбарони Федератсияи байналмилалии шоҳмот, намояндагони созмонҳои варзишии Ҳиндустон дар маросими расмии ҷоизасупорӣ ба ғолиби Ҷоми ҷаҳон Ҷавоҳир Синдоров дар шаҳри Гао дар бораи динамикаи рушди шоҳмоти ӯзбек андешаҳои некӯи худро баён мекарданд, намоиш додани табрикоти Президент Шавкат Мирзиёев ба шоҳмотбози ҷавони мамлакат ва иштирокдорони Ҷоми ҷаҳон воқеияти эътирофшаванда гардид.
– Хурсандам, ки Ҷоми ҷаҳонро ба даст овардам ва ба Мусобиқаи даъвогарон барои тоҷи шоҳмот, ки соли оянда дар Кипр гузаронида мешавад, роҳхат гирифтам. Пас аз пирӯзиям, муҳтарам Президент Шавкат Мирзиёев шахсан занг зада, маро табрик карданд ва ин табрик дар маросими ҷоизасупорӣ дар Ҳиндустон ба ҳама нишон дода шуд, ки ин чун воқеаи фаромӯшнопазири ҳаётам боқӣ хоҳад монд. Дар Ҳиндустон баргузор гардидани ин мусобиқаи бонуфуз дар фаъолияти варзишии ман ҷойгоҳи хоса дорад. Чунки бори аввал дар синни 7-солагӣ маҳз дар диёри Ҳинд чемпиони Осиё шуда будам. Пас аз ин, соли 2022 дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар Ченнай доир гардида буд, бо дастаамон ғолиб шудем. Фикр мекунам, ки муваффақиятҳои бузурги варзиши кишвари мо ҳанӯз дар пешанд. Бо тамоми қувва ва дониши худ кӯшиш мекунам, то шуҳрати Ватанамон, обрӯю эътибори онро афзун намоям, – гуфт Ҷ. Синдоров зимни пешвозгирӣ.
Дар маросими истиқболи шоҳмотбозони мо, ки ба аҳли ҷаҳон қудрати рӯҳии шоҳмоти ӯзбекро ва сатҳи баланди тафаккури ҷавонони мамлакатамонро нишон додаанд, фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи додани унвони фахрии “Ӯзбекистон Республикасида хизмат кӯрсатган спортчи” ба Ҷавоҳир Синдоров қироат карда шуд.
Дар маросими истиқбол Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Арипов иштирок кард.
Тӯлқин РӮЗИЕВ,
мухбири ӮзА.