Давоми нек роҳатро...

Ман бо Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳанӯз аз солҳои 90-уми асри гузашта тавассути асараш «Маърифати замон» доир ба адабиёти муосири тоҷик ва аз тариқи баромадҳояш дар анҷуманҳои илмии воқеъ дар шаҳрҳои Душанбею Самарқанд шинос будам.

Баъдан бо ин марди кушодачеҳра ва хушгуфтор борҳо дар мулоқоту маҷлисҳо ҳамсуҳбат шудаам. Суҳбати мо, ба хусус дар рӯзҳои Ҳамоиши адибони кишварҳои Ҳавзаи Наврӯз, ки моҳи марти соли 2016 ба шарафи 25-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар Душанбе ба вуқӯъ пайваст, хеле хотирмон буд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода баъди кор дар чандин вазифаҳои масъулиятнок, аз ҷумла раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, вазири маориф, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва чанд муддат Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон ҳам буд. 

Вай моро, ки аз Ӯзбекистон дар ҳайати шоир Асад Гулзода аз Бухоро, ходимони илмӣ аз Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Ӯзбекистон Шониёз Мӯсоев, Файз Маҳмуд аз Тошканд ва банда рафта будем, дар меҳмонсарои «Авасто» қабул карда, хотирнишон намуд, ки фардо камина бояд дар Кохи Борбад баромад кунам.

Рӯзи дигар, вақте издиҳоми меҳмонону мизбонон вориди Кохи Борбад шуданд, гуфтанд, ки ҷойи банда дар раёсат аст. Ҳамин тавр ба камина дар он маҷлиси пуршукӯҳ дар раёсат нишастан ва бо паёми наврӯзӣ баромад кардан насиб гардид...

Дере нагузашта, яъне моҳи сентябри ҳамон сол ин бор ба Ҷашни 25-солагии Истиқлоли Тоҷикистон иштирок кардам ва ин дафъа низ Абдуҷаббор Раҳмонзода дар хидмати меҳмонон буду бо вай мулоқот доштем.

Ман дар анҷумани илмӣ бахшида ба ҷашни садучиҳилсолагии устод Садриддин Айнӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳам бо ӯ ҳамсуҳбат  будам.

Соли 2020 дар сафари хориҷӣ будам, аз тариқи дӯстон фаҳмидам, ки Абдуҷаббор Раҳмонзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон таъин шудааст. Зуд ба унвонаш номаи табрикӣ фиристодам.

Бояд хотиррасон намоям, ки баъди аз сафар омадан бо сайъу эҳтимоми журналисти маъруф Раҳимҷон Султонов китоби собиқ арбоби давлатӣ Рафиқ Нишонов «Дарахтон то бӯрон сарсабзанд»-ро, ки дар Маскав бо забони русӣ нашр шуда буд, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардам ва он бо таҳрири журналист Тоҷибой Икромов дар нашриёти «Академнашр»-и Тошканд ба дасти чоп расид. Азбаски китоб хотираҳои як нафар собиқ сафири мухтор буд, ман нусхаи нахустини онро бо нияти нек ба Абдуҷаббор Раҳмонзода тақдим кардам.

Мувофиқи эътирофи худи Абдуҷаббор Раҳмонзода вай китобро дар як шаб хонда баромадааст. Сипас ӯ бо иштироки китобхонон дар сафорати Тоҷикистон дар Тошканд тақдимоти ин китобро ташкил кард, ки ин изҳори самимияти ӯ нисбат ба ин китоб ва тарҷумаи он ба забони тоҷикӣ буд.

Ин ҷо бояд гуфт, ки Рафиқ Нишонов дар соҳаҳои гуногун роҳбарӣ карда, бо амри роҳбарони вақт беш аз 15 сол дар давлатҳои хориҷа – Шри-Ланка (Сейлон) ва Ӯрдун Сафири Фавқулода ва Мухтори Иттиҳоди Шӯравӣ будааст ва дар ривоҷи муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании ин кишварҳо бо Иттиҳоди Шӯравӣ саҳм гузоштааст.

Пас фаъолияти Абдуҷаббор Раҳмонзода низ ҳамчун сафир на фақат дар муносибатҳои байналмилалӣ ва равобити халқҳои тоҷику ӯзбек, балки дар рушди фарҳангу адабиёти тоҷикони Ӯзбекистон низ бағоят арзишманд аст.

Мавсуф дар тӯли фаъолияти беш аз чаҳорсолаи худ ҳамчун Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон на танҳо бо вазорату идораҳои давлатӣ ва марказҳои миллию фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон дар робита буд, балки бо ҳаёти ҳамарӯзаи тоҷикони маҳалҳои гуногуни Ватани мо, ки дар аксар вилоятҳои Ӯзбекистон маскун мебошанд, аз наздик шинос гардид. Дар рушди фарҳангу маорифи ин минтақаҳои тоҷикнишин саҳми арзанда гузошт.

Ҷашнвораҳои солгарди Айнӣ дар осорхонаи устод воқеъ дар Самарқанд тайи ин солҳо, албатта бо иштироки сафири муҳтарам, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва намояндагон аз марказҳои миллию мадании тоҷикони дигар вилоятҳои Ӯзбекистон, меҳмонон аз Тоҷикистон хеле пуршукӯҳ мегузаштанд.

Ӯ дар ҷашни 90-солагии шоир Асад Гулзода дар Бухоро, дар ҷашнҳои ёдбуди номзадҳои илми филология, собиқ дотсентони Донишгоҳи давлатии Самарқанд, шодравон Ғафур Маҳмудов ва Абдусалом Самадов дар Самарқанд, дар ҷашни ёдбуди 70-солагии шоири тоҷик Абдулло Раҳмон дар ноҳияи Сариосиёи Сурхондарё, дар ҷашнвораҳои чор тан эҷодкорон аз як маҳал – Бекназар Тӯйназар, Паймон, Абдулло Субҳон ва Юнуси Имомназар дар ноҳияи Нурато иштирок ва баромад кард. Камина дар ҳамаи ин ҷашнвораҳо иштирок доштам ва аз суханрониҳои пурмазмуну пурмуҳтавои ӯ дар ҳаққи ин суханварони тоҷики Ӯзбекистон як ҷаҳон баҳра бардоштаам.

Абдуҷаббор Раҳмонзода инчунин дар Донишгоҳи давлатии Фарғона, Донишгоҳи давлатии Тирмиз, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ ва дигар марказҳои илму маърифат, дар як қатор мактабҳои мавзеъҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон рафта, бо аҳли маърифат ва омӯзгорону донишомӯзон дар мулоқот буд, ба мактабҳо бисёр китобҳои бадеӣ ва илмӣ армуғон кардааст.

Хидмати шоистаи Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бунёди Маркази фарҳангу маърифати тоҷик дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти халқҳои Осиёи Марказӣ дар назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ бағоят бузург аст.

Ман шоҳиди он будам, ки Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамроҳи ходимони сафорат ва мусаввирони самарқандӣ дар ороиши ду хонаи махсуси ин марказ моҳҳо заҳмат кашид.

Бо ташаббуси Абдуҷаббор Раҳмонзода ва дастгирии Ҳукумати Ӯзбекистон маросими кушоиши маркази мазкур ба як иди фарҳангӣ табдил ёфт. Дар он на танҳо аҳли илму адаб ва фарҳанги Ӯзбекистон, балки адибону олимони зиёде аз Душанбе ва Хуҷанд низ иштирок карда, ба Абдуҷаббор Раҳмонзода барои бунёди чунин як маркази фарҳангӣ аҳсант гуфтанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамчун донишманди илми адабиётшиносӣ ва дипломати сиёсатмадор дар ин муддат «Дипломатия, фарҳанг ва сиёсат» (нашриёти «Шарқи озод», Душанбе, 2023), «Пайғоми дӯстӣ. Дӯстлик пайғоми», (нашриёти «Ilm-Ziyo-Zakovat», Тошкент, 2023) «Ҳаёт, адабиёт, воқеият» (Душанбе, 2024) ном китобҳои худро низ аз нашр баровард. Дар ин асарҳо ҳам ба робитаҳои адабӣ ва фарҳангии адибони тоҷику ӯзбек эътибори зиёд дода шудааст. Дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Ховар», маҷаллаи адабию бадеӣ ва илмию фарҳангии «Дурдонаи Шарқ» низ мақолаҳои пурмуҳтавои ӯ доир ба ҳаёт ва эҷодиёти адибони муосири тоҷики Ӯзбекистон нашр шуданд.

Бо сайъу эҳтимоми Раҳмонзода ва дастгирии собиқ Президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ соли 2023 китоби банда «Донишнома-тазкираи суханварони тоҷики Ӯзбекистони асри ХХ –ибтидои асри ХХI» дар нашриёти «Дониш» чоп гардид. Асари инҷониб «Ду шохи як дарахт», ки ба дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бахшида шудааст, бо пешгуфтори академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар «Фирдавс нашриёти»-и Тошканд бо теъдоди зиёд аз нашр баромад.

Сафир рӯйнамоии ин китобро дар сафорат ташкил намуда, доир ба ин китоб тақризе низ навишт, ки он дар «Ховар» нашр шудааст.

Таҳти роҳбарии академики муҳтарам муаллими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ Ҳикмат Султонзода оид ба ҳаёт ва эҷодиёти адибони зуллисонайни як давраи муайяни таърихии Осиёи Миёна рисолаи илмӣ навишт, ки дар арафаи ҳимоя қарор дорад.

Бо кӯшиши Абдуҷаббор Раҳмонзода чанд тан аз аҳли фарҳанг ва маорифи тоҷикони Ӯзбекистон бо унвонҳои «Аълочии маориф» ва «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», ифтихорнома ва ташаккурномаҳо мукофотонида шуданд, чандин нафар ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қабул гардиданд.

Хулоса, агар тамоми тадбиру чорабиниҳои баргузоркарда ва хидматҳои шоистаи Абдуҷаббор Раҳмонзодаро, ки дар давраи беш аз чаҳор соли маъмурияти худ ҳамчун Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба сомон расонидааст, зикр кунем, худ китобе хоҳад шуд.

Ҳоло банда бо дуои шоир, ки гуфтааст:

Давоми нек роҳатро, иктифо карда, ба эшон дар кору фаъолияти баъдина комёбиҳои беш аз беш таманно мекунам.

Аслиддин Қамарзода,

профессор, Корманди шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон, узви иттиҳодҳои нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: