Лоиҳаи «Панҷ миллион пешоҳангони зеҳни сунъӣ» оғоз гардид

  • Лоиҳаи «Панҷ миллион пешоҳангони зеҳни сунъӣ» оғоз гардид
  • Лоиҳаи «Панҷ миллион пешоҳангони зеҳни сунъӣ» оғоз гардид
  • Лоиҳаи «Панҷ миллион пешоҳангони зеҳни сунъӣ» оғоз гардид
  • Лоиҳаи «Панҷ миллион пешоҳангони зеҳни сунъӣ» оғоз гардид

Президент Шавкат Мирзиёев дар маросими тантанавии ифтитоҳи форуми байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ, ки дар Маркази байналмилалии конгресс баргузор шуд, иштирок намуд.

Пеш аз оғози чорабинӣ Сарвари давлат бо муаррифии лоиҳа ва стартапҳои соҳаи зеҳни сунъӣ, ки ҷавонони кишварамон офаридаанд, шинос гардид.

Дар суҳбат бо ҷавонони боистеъдод Президент аҳамияти стратегии соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, нақши ҳалкунандаи онро дар рушди устувор ва рақобатпазирии давлат махсус таъкид намуд. Қайд карда шуд, ки коркардҳои инноватсионии пешниҳодгардида дар самтҳои гуногун равшан нишон медиҳанд, ки дар Ӯзбекистон экосистемаи муосири рақамӣ ва натиҷаҳои амалии ислоҳоти ҷорӣ ташаккул меёбад.

Ҳамзамон, Сарвари давлат зарурати механизмҳои нави дастгирии стартап ва ташаббусҳои технологӣ, васеъ ҷорӣ кардани коркардҳо ба иқтисодиёти миллӣ ва ба бозори байналмилалӣ баровардани лои-ҳаҳои муваффақро таъкид кард.

Дар маросими ифтитоҳи форум Президент ҳамаи иштирокдоронро самимона истиқбол намуд.

Вай таъкид кард, ки дар асри XXI технологияҳои иттилоотӣ ва раванди рақамисозӣ ба меъёри асосии пешрафти ҳар давлат табдил ёфтааст.

Имрӯз доираи истифодаи зеҳни сунъӣ дигар маҳдуд набуда, балки ба омили бунёдӣ табдил меёбад, ки ба ҳамаи соҳаҳои иқтисод, низоми идоракунии давлатӣ ва зиндагии ҳаррӯзаи одамон амиқан ворид мегардад.

– Агар бигӯем, ки донишмандони бузурге, ки дар давраҳои эҳёҳои якум ва дуюм тамаддуни моро маъруф кардаанд — Муҳаммад ал-Хоразмӣ, Абурайҳон Берунӣ, Мирзо Улуғбек ба рушди алгоритмҳо, математика ва мантиқ саҳми азим гузошта, ба ин васила барои гузоштани асос ба соҳаи зеҳни сунъӣ саҳм гузоштаанд, муболиға намешавад, – таъкид кард Президент.

Сарвари давлат махсус зикр намуд, ки мо ҳамчун ворисони ин мероси бебаҳои илмӣ бояд технологияҳои навро қабул намоем ва онҳоро ба такягоҳи тавонои рушди минбаъдаи кишвар табдил диҳем.

Қадами аввалин дар табдил додани соҳаи зеҳни сунъӣ қабул шудани Стратегияи миллӣ буд, ки бар асоси таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ таҳия шудааст.

Дар натиҷа ҳиссаи иқтисодиёти рақамӣ дар ММД кишвар ду баробар афзуд. Ҳаҷми сармоягузориҳои мустақим ба соҳаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ қариб ба 2 миллиард доллар расид.

Содироти хидматрасониҳои IT солҳои охир 4,5 маротиба афзуда, ба 1 миллиард доллар наздик шуд, ки ин далели равшани самаранокии ислоҳоти амалӣ мебошад.

Илова бар ин, чанде пеш Маркази байналмилалии технологияҳои рақамӣ таъсис ёфт, ки фаъолияти он бар асоси низоми махсуси ҳуқуқӣ, ки аз ҳуқуқи англисӣ гирифта шудааст, ба роҳ монда шуд.

Шумораи донишгоҳҳое, ки мутахассисони IT омода мекунанд, қариб се маротиба афзуда, ба 145, теъдоди донишҷӯён бошад, ба 80 ҳазор нафар расидааст.

Барномаи «Як миллион барномасоз», ки соли 2019 бо ҳамкории Аморати Муттаҳидаи Араб оғоз шуда буд, ба таври назаррас васеъ шуд: зиёда аз ду миллион ҷавонон дар он таҳсил карданд. Тавассути фонди «Эл-юрт умиди» тақрибан 100 нафар ҷавони боистеъдоди кишвари мо дар донишгоҳҳои пешқадами ҷаҳон таҳсил доранд.

– Мо бовар дорем, ки фардо, онҳо ба ватан баргашта, бобати нерӯи пешбарандаи ҷорӣ намудани дастовардҳои пешрафтатарини зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои маориф, иқтисод ва идоракунии давлатӣ нерӯи пешбаранда хоҳанд шуд, – таъкид кард Президент.

Ҳамчунин барномаҳо оид ба интегратсияи зеҳни сунъӣ ба низоми маориф, такмили ихтисоси омӯзгорон ва баланд бардоштани саводи рақамӣ дар мактаб ва донишгоҳҳо амалӣ карда мешаванд.

Технологияҳои зеҳни сунъӣ аллакай имрӯз самаранокии соҳаҳо, пеш аз ҳама сифати хидматрасонии тиббиро ба таври назаррас зиёд мекунанд.

Масалан, ба туфайли ҷорӣ намудани системаҳои рақамии ташхис беш аз 50 ҳазор бемор бо истифода аз алгоритмҳои зеҳни сунъӣ натиҷаи дақиқ гирифтанд, ки сарбории табибонро хеле кам карда, вақти хизматрасониро 5-7 маротиба кӯтоҳ намуд.

Дар давоми «Марафони саломатӣ» дар Қароқалпоқистон тақрибан 4 ҳазор занони синни 45–65-сола аз муоинаи маммография гузаштанд. 70 фоизи тасвирҳои ибтидоӣ бо платформаи миллии зеҳни сунъӣ таҳлил шуда, 98 фоизи натиҷаҳо аз ҷониби табибон тасдиқ гардиданд. Мӯҳлати муайян кардани ташхис аз чанд рӯз то ду соат кам карда шуд.

Экосистемаи инноватсионии стартапҳои IT низ бо суръат рушд мекунад: шумораи онҳо дар солҳои охир 10 маротиба афзуда, ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба 300 миллион доллар расидааст.

Президенти кишварамон созмонҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои пешсафи ҷаҳонро, ки дар форум иштирок доранд, ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ дар Ӯзбекистон даъват намуд.

Ба гуфтаи коршиносон, зеҳни сунъӣ дар панҷ соли оянда метавонад дар иқтисодиёти Ӯзбекистон на камтар аз 10 миллиард доллар арзиши иловагӣ эҷод кунад.

Шартҳои мавҷуда ва потенсиали кишвар имкон медиҳанд, ки чунин нишондиҳандаҳои баланд ба даст оянд.

Таъкид гардид, ки то соли 2030 содироти хидматрасониҳои IT-ро ба 5 миллиард доллар расонида, барои мутахассисони ҷавон ҳазорон ҷойҳои кории даромаднок офарида хоҳад шуд.

Барои васеъ ҷорӣ намудани экосистемаи зеҳни сунъӣ соли 2025 бо ҳамкории ширкати амрикоии «Nvidia» дар кишвар кластери калони суперкомпутерӣ оғоз мешавад.

– Мақсади асосии мо на танҳо ба истеъмолгари технологияҳои муосир, балки  ба кишваре табдил додани Ӯзбекистон аст, ки онҳоро меофарад, содир мекунад ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобат менамояд. Барои пешбурди коркардҳои миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мо Офиси миллии интиқоли технологияҳоро дар водии Кремнийи ИМА ифтитоҳ хоҳем кард, ки робитаҳои мустақими ҷавонон ва муассисони стартапҳои моро бо ширкатҳои пешқадами ҷаҳон, сармоягузорон ва акселераторҳо таъмин мекунад, – таъкид кард Президент.

Аз ин пас ҷавонони кишвар на танҳо дар мактабҳо, балки дар доираи низоми «Марказҳои оянда» дар тамоми минтақаҳо малакаҳои кор бо зеҳни сунъиро хоҳанд омӯхт.

Ҳар сол озмуни миллӣ барои беҳтарин ғояҳои стартапӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни мактабҳо баргузор мешавад.

Дар мактабҳои ғолиб дар ҳар 14 вилоят лабораторияҳои муосири зеҳни сунъӣ таъсис ёфта, ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешсаф барои тиҷоратӣ намудани коркардҳо роҳандозӣ мешавад.

Барои ошкор ва дастгирии минбаъдаи ҷавонони боистеъдод «Озмуни Президент оид ба зеҳни сунъӣ» роҳандозӣ мешавад.

Ҳар сол дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз дурдасттарин ноҳияҳо оғоз намуда, 100 нафар ҷавонони беҳтарин интихоб мегарданд. Онҳо дар ширкатҳои пешқадами технологӣ дар ИМА, АМА ва Аврупо коромӯзӣ мекунанд. Дар марҳилаи дуюм ин гуна низом барои донишгоҳҳо татбиқ мешавад.

Барои иҷрои ҳамаи ин вазифаҳо 100 миллион доллар ҷудо карда мешавад.

– Имрӯз бо ҳамкории Аморати Муттаҳидаи Араб лоиҳаи «Панҷ миллион пешоҳангони зеҳни сунъӣ» – идомаи мантиқии барномаи «Як миллион барномасоз» оғоз мешавад. Ин на танҳо барнома, балки сарҳадҳои нави имконият барои ҷавонони мо мебошад, – гуфт Президент.

Дар доираи лоиҳа то соли 2030 омӯзиши 4 миллиону 750 ҳазор хонанда ва донишҷӯ, 150 ҳазор омӯзгор ва 100 ҳазор хидматчии давлатӣ пешбинӣ шудааст. Зеҳни сунъӣ ба таълими мактабӣ, касбӣ ва таҳсилоти олӣ гаравида мешавад.

– Бовар дорам, ки барномаи «Панҷ миллион пешоҳангони зеҳни сунъӣ» драйвери иқтисодиёт мешавад ва барои рушди босуръати кишварамон такони қавӣ мебахшад, – таъкид кард Президент.

Ҷавонони боистеъдод ва фаъол, ки торафт меафзоянд, ифтихор ва такъягоҳи Ӯзбекистони Нав мебошанд. Чанд рӯз пеш инро Ҷавоҳир Синдоров бо пирӯзӣ дар Ҷоми ҷаҳон оид ба шоҳмот дар Ҳиндустон дубора собит намуд.

Бар асоси Фармони Президент ба Ҷавоҳир Синдоров унвони фахрии «Варзишгари шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дода шуд.

Дар доираи форум Сарвари давлат ин унвони ифтихориро ба гроссмейстери ҷавон супорид.

Президент пешниҳод намуд, ки ҳар сол моҳи ноябр «Моҳонаи зеҳни сунъӣ барои ҷавонон» эълон гардад ва дар доираи он «Форуми зеҳни сунии Роҳи Абрешим» гузаронида шавад.

Дар анҷоми маросим лоиҳаи «Панҷ миллион пешоҳангони зеҳни сунъӣ» дар Ӯзбекистон расман оғоз ёфт.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: