Аз Самарқанд ба Ургут – бо поезд

  • Аз Самарқанд ба Ургут – бо поезд
  • Аз Самарқанд ба Ургут – бо поезд
  • Аз Самарқанд ба Ургут – бо поезд
  • Аз Самарқанд ба Ургут – бо поезд
  • Аз Самарқанд ба Ургут – бо поезд

Аз 26 ноябр ҳаракати қатораҳо барои мусофирон дар самти «Самарқанд – Ургут» ва «Ургут – Самарқанд» ба роҳ монда шуд. Аввалин мусофирони ин хатсайри нав фаъолони вилояту ноҳияи Ургут, собиқадорон ва ҷавонон буданд.

Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев дирӯз ҳангоми сафараш ба вилояти Самарқанд бо фаъолон якҷо бори аввал тавассути роҳи оҳани навбунёд аз шаҳри Самарқанд то ноҳияи Ургут бо қатора сафар анҷом дод. Ҳамин тариқ, 25 ноябр ҳамчун санаи муҳими таърихӣ дар ҳаёти Ургут ва ургутиҳо сабт гардид. Акнун сокинони Ургут метавонанд бо қатора ба шаҳри Самарқанд рафта баргарданд. Барои меҳмонон низ имкони сафар ба ин гӯшаи зебои вилоят тавассути роҳи оҳан фароҳам оварда шудааст.

Дар ҳақиқат, сохтани роҳи оҳан то Ургут орзуи чандинсолаи сокинони ноҳия, махсусан соҳибкорон буд. Ин масъала дар сатҳҳои гуногун матраҳ мешуд, аммо вақте масъалаи маблағгузорӣ пеш меомад, амалишавии лоиҳа ба таъхир меафтод.

– Имсол орзуи деринаи ургутиҳо амалӣ шуд, – мегӯяд собиқадори меҳнат Қуддус Аскаров. – Ба шарофати таваҷҷуҳи хоссаи Президенти кишварамон ба рушди минбаъдаи ноҳия ва фароҳам овардани шароити фарогиру қулай барои аҳолӣ, моҳи феврали ҳамин сол сохтмони хатти нави роҳи оҳани Самарқанд – Ургут оғоз гардид.

Он вақт баъзеҳо ҳатто бо шубҳа мегуфтанд: “Ин кай мешавад, боз чанд сол интизор шавем?”.  Аммо дар муддати бисёр кӯтоҳ – 9 моҳ – 55 километр роҳи оҳан кашида шуд ва бори аввал қатора ба Ургут омад. Инчунин биноҳои истгоҳ дар деҳаи Ҷартепа ва маркази ноҳияи Ургут бунёд шуданд, ки имкониятҳои нави мусофиркашонӣ ва боркашонӣ фароҳам овард. Дирӯз Президенти кишвар бо ҳамин қатора ба Ургут омад, бо мо  собиқадорон ва фаъолон – дар истгоҳ вохӯрд ва ҳамаи моро бо роҳандозии қатори нав табрик гуфт. Мо низ миннатдорӣ ва таманниёти нек баён кардем. Имрӯз ҳамчун аввалин мусофирон бо қатораи нав ба Самарқанд сафар дорем. Бешубҳа, аз дирӯз дар зиндагии Ургут марҳалаи нав оғоз ёфт, сокинон рӯҳбаланданд. Дар ҷаласаи дирӯза бо иштироки Президент нақшаҳои зиёде оид ба рушди минбаъдаи Ургут баён гардид. Мо, собиқадорон, низ саҳми худро дар иҷрои ин корҳо мегузорем, ҷавононро дастгирӣ карда, ба онҳо илҳом мебахшем.

Бино ба маълумоти мавҷуда, роҳи нави оҳан имкони ҳамасола интиқол додани 359 ҳазор мусофир ва 8,2 миллион тонна борро фароҳам меорад. Дар ин масир ду ҷуфт қатораҳои байнимаҳаллӣ ва нӯҳ ҷуфт қатораҳои боркашонӣ ҳаракат хоҳанд кард. Қобили зикр аст, ки бародарони мо аз Ҷумҳурии ҳамсояи Тоҷикистон низ метавонанд тавассути истгоҳи Ҷартепа ба Ургут ё Самарқанд бирасанд. Ин роҳи оҳан имкониятҳои онҳоро дар истифодаи хидматрасониҳои нақлиётӣ хеле васеъ мекунад. Он ҳамчунин ба рушди сайёҳии дохилӣ ҳиссаи назаррас мегузорад.

Аввалин мусофирони қатораи нав дар истгоҳҳои Ургут ва Самарқанд бо тантана истиқбол гирифта шуданд. Ба онҳо дар бораи корҳои иловагии сохтмонӣ, ки дар ин минтақаҳо анҷом дода мешаванд, маълумот пешниҳод карда шуд.

– Ноҳияи Ургут сернуфустарин ноҳия дар вилояти мост, – мегӯяд раиси шуъбаи шаҳри самарқандии Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат Нигора Саодатова. – Албатта, талаботи аҳолӣ ба хидматрасониҳои нақлиётӣ дар ин ҷо нисбат ба дигар минтақаҳо хеле зиёд аст, бинобар ин роҳандозии ҳаракати қатора байни Самарқанд ва Ургут барои ҳама қулайии бузург фароҳам овард. Илова бар ин, қатора барои меҳмонон, ки аз дигар минтақаҳои кишвар ва хориҷ бо ҳадафи сайёҳӣ ё соҳибкорӣ меоянд, воситаи дастрас ва қулайи сафар ба шумор меравад.

Ғолиб ҲАСАНОВ,

хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: