Осиёи Марказӣ — минтақаи қавӣ, устувор ва шукуфон

Кушода шудани гузаргоҳҳои нав, зиёд шудани парвозҳои ҳавоӣ, васеъ гардидани хатсайрҳои роҳи оҳан ва автобус, чандин баробар афзудани ҷараёни сайёҳӣ – ҳамаи ин нишон медиҳанд, ки наздикӣ ва рафтуомади мардум то чӣ андоза тақвият ёфтааст. Озодии ҳаракат, эътимод ва қаробате, ки пеш мардум орзу менамуданд, имрӯз ба воқеияти зиндагӣ табдил ёфтааст.

Ҳангоми боздид аз минтақаҳо, ҳамчун вакили халқ – мо ин тағйиротро бо чашми худ мебинем, ки осон шудани рафтуомад мардумро ба ҳам наздик кард, барои соҳибкорон бозорҳои нав кушод, тиҷорат ривоҷ ёфт. Инро метавон намуди амалӣ, оддӣ ва дар айни замон зуҳури пурқувваттарини ҳамгироии минтақавӣ номид.

Президенти кишварамон таъкид кард, ки иқтисодиёти Осиёи Марказӣ низ ба марҳалаи нав ворид мешавад. Дар ҳашт соли охир ММД-и минтақа 2,5 баробар афзуд, ҳаҷми сармоягузориҳои мутақобила 5,6 баробар зиёд гардид, дар соҳаҳои кооператсияи саноатӣ, логистика, энергетика, кишоварзӣ ва иқтисодиёти рақамӣ фазои ягона шакл гирифт. Осиёи Марказӣ дигар акнун қаламрави транзитӣ набуда,  балки ба гиреҳи нави саноатӣ ва ба узви муҳими фазои иқтисодии Авроосиё табдил меёбад.

Дар сиёсати хориҷӣ низ минтақа ба як зинаи сифатан нав мебарояд. Ба шарофати форматҳои «Марказий Осиё плюс» давлатҳо бори аввал ҳамчун субъекти ягонаи сиёсӣ ба фазои ҷаҳонӣ қадам мегузоранд.

Ин на танҳо овози минтақаро пурқувват месозад, балки шарикии стратегӣ ва ҷозибадории сармоягузориро низ ба таври ҷиддӣ афзоиш медиҳад. Дар шароити ноустувори шадиди геосиёсӣ маҳз ваҳдат ба бузургтарин қувваи минтақа табдил ёфта истодааст.

Президентамон ҳамеша зарурати муносиб ва пурмасъулиятона баррасӣ намудани масъалаи Афғонистонро таъкид мекунанд, зеро Афғонистон идомаи табиии минтақа ба шумор меравад. Аз ин рӯ, лоиҳаҳои роҳи оҳани Трансафғон, энергетикӣ ва гуманитарӣ, барномаҳои таълимӣ — ҳамаи инҳо маънои офаридани як камарбандӣ суботро дар марзи ҷанубии Осиёи Марказӣ дорад. То замоне ки дар Афғонистон субот таъмин нашавад, коркарди пурраи низоми амниятии минтақавӣ ғайриимкон аст — ин ҳақиқате мебошад, ки онро инкор кардан мумкин нест.

Аз ин рӯ, бо дастовардҳои имрӯза маҳдуд нашуда, масоиле, ки дар пеш истодаанд, бояд амиқ ва низомманд ҳал карда шаванд. Вазифаҳое, ки дар ин мақола асоснок баён гардидаанд, самтҳои стратегианд, ки ояндаи Осиёи Марказиро муайян мекунанд.

Ба андешаи ман, муҳимтарин ҷанбаи ин вазифаҳо он аст, ки онҳо аз талаботи воқеии зиндагӣ бармеоянд ва ба пояи воқеии суботи минтақавӣ табдил ёфтаанд.

Омили демографӣ, ки дар мақола зикр шудаааст, низ басо муҳим аст: Осиёи Марказӣ имрӯз зиёда аз 80 миллион аҳолӣ дорад ва ба ҷавонтарин минтақаи ҷаҳон табдил ёфтааст. Синни миёна 29 солро ташкил медиҳад, ин бузургтарин захираи рушди оянда аст. Ба рӯи об баровардани истеъдоди ҷавонон, таҳким бахшидани ҳамгироии таълим ва илм, ин на танҳо масъулияти сиёсати иҷтимоӣ, балки омили стратегии муайянкунандаи рақобатпазирии глобалии минтақа мебошад.

Аз ин рӯ, агар  ташаббусҳо дар соҳаи ҳамкории башардӯстиро «дили» ҳамгироии минтақавӣ гӯем, муболиға нахоҳад шуд. Зеро маҳз эътимоди мутақобила, наздикии фарҳангӣ ва ҳамбастагии маънавӣ байни мардум созишномаҳои сиёсиро тақвият медиҳанд. Маориф, илм, лоиҳаҳои эҷодӣ, платформаҳои ҷавонон, мубодилаи академӣ ба ташаккули ҳувияти минтақавӣ хидмат мекунанд.

Барои ман қиматтарин ҷанбаи ин мақола — омодагии давлатҳои Осиёи Марказӣ  ба муайян кардани сарнавишти худ, иродаи қатъӣ барои баромадан ба саҳнаи байналмилалӣ бо мавқеи устувор ва овози мустақил мебошад. Мо ба сӯи минтақае қадам ниҳодем, ки деворҳо не, балки пулҳо месозад. Ин роҳро то охир якҷо тай кардан — масъулияти сиёсӣ, вазифаи таърихӣ ва қарзи мо дар назди наслҳои оянда мебошад.

Имрӯз Осиёи Марказӣ дар нуқтаи аз ҳама муносиб ва умедбахши геосиёсӣ қарор дорад, то ба минтақаи қавӣ, устувор ва шукуфон табдил ёбад. Ваҳдат — бузургтарин захираи мост, масъулият — такягоҳи мустаҳками мо ва ҳамкорӣ — қувваи ҳаракатдиҳандаи ояндаи мост. Муҳимаш он аст, ки Осиёи Марказии Нав дигар орзу нест — воқеияти имрӯз аст. Ва ин ҳақиқат дигар ақиб намегардад.

Шаҳноза ХОЛМАҲАМАТОВА,

депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: