Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Гулшанобод»-и ноҳияи Бухоро бинои нави поликлиникаи оилавии рақами 6 ба фаъолият оғоз кард.
Ин бинои замонавии дуошёнаи дорои як қатор қулаиҳо, ки дар як вақт сад касро қабул карда метавонад, ба ивази 2 миллиарду 900 миллион сӯм маблағ қад афрохта, бо 103 миллион сӯм маблағи иловагии буҷавӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Ҷараёни сохтмони поликлиникаи нави оилавиро бинокорони маҳаллӣ – ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бунёдкор Иззатулло Сохтмон» дар давоми якчанд моҳ ба анҷом расонданд.
Дар маросими ба истифода супоридани муассисаи тиббӣ кормандони ҳокимияти ноҳия, намояндагони ҷамоатҳо, масъулони иттиҳодияи тиббӣ, фаъолони маҳалла, духтурон, сокинони ҳудуд иштирок карда, ғамхориҳои давлатро бобати ҳифзи саломатии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳо дар масканҳои дурдасти аҳолинишин, беш аз пеш афзудани эътибор ба қадри инсон ва ғайраро таъкид намуданд.
А. Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик».