Гармшавӣ ё гармои фарогир ё ҷаҳонӣ аз ҷумлаи мушкилоти ҷиддитарини экологии замони мо ба шумор меравад ва ба низоми иқлими сайёраи Замин бисёр таъсири нохуш мерасонад. Олимони соҳа бар он назаранд, ки афзоиши солонаи ҳарорат аксаран ба зиёд гардидани тамаркуз (ҷамъшавӣ)-и гази гармхонаҳо ба ҳаво, аз ҷумла гази ангидриди карбон, метан ва туршии нитроген вобаста мебошад.
Манбаъҳои асосии ин партовҳо сӯхтани сузишвории маъданӣ, буридани ҷангалзор ва шиддати афзоиши хоҷагии қишлоқ мебошанд. Омилҳои мазкур боиси халалдор гардидани эътидоли табиат гардида, ҷараёнҳои тағйирёбии иқлимро метезонанд. Оқибатҳои гармои фарогир дар бисёр ҷиҳатҳои ҳаёти сайёра, аз ҷумла обшавии пиряхҳо, баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ, афзудани ҳодисаҳои фавқулодаи обу ҳаво ва гумшавии гуногунрангии биологӣ зоҳир мегарданд.
Ҳамаи ин нафақат ба низоми экологӣ, балки ба эътидоли иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои мухталиф тахдид менамояд. Барои коркарди чораҳои самарбахш бинобар нармсозӣ ва обсозиш бо шароити нави муҳити атроф дарк намудани сабабҳои ҳодисаҳои мазкур хеле муҳим мебошад.
Ин ҷараён бо мунтазам боло рафтани ҳарорати миёнаи ҳаво ва оби уқёнусҳо вобастааст, ки аз сабаби афзудани ғуншавӣ (консентратсия)-и гази гармхонаҳо ба вуқӯь меояд. Омилҳои табиӣ таърихан низ ба иқлим таъсир мекарданд, вале афзоиши замонавии ҳарорат аксаран бо фаъолияти антропогенӣ-истеҳсолоти саноатӣ, сӯхтори маъданҳои сӯзишворӣ ва буриши ҷангалзор алоқаманд мебошад.
Дарки сабаб ва механизмҳои ин ҳодиса калиди коркарди чораҳои самарабахши обсозиш ва нармсозии таъсири нохуши онҳо ба табиат ва умуман инсоният аст.
Тавре ки коргузорон ва алоқамандони соҳа, аз ҷумла, олимон иброз медоранд, манбаъҳои асосии газҳои мазкур, пеш аз ҳама, ба фаъолияти инсон: сӯхтани сӯзишвориҳои маъданӣ дар истеҳсолоти энергия, нақлиёт ва саноат вобаста аст, ки боиси партовҳои зиёд мегарданд.
Тағйироти иқлим ҳамчунин ба низоми экологӣ ва гуногунрангии биологии сайёра таъсири амиқ дорад. Баландшавии ҳарорати ҷаҳонӣ ба обшавии пиряхҳо, яъне коҳиш ёфтани пӯшишҳои арктикӣ ва антарктикии пиряхҳо боис мегардад, ки сабаби афзоиши сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ мешаванд. Ин, дар навбати худ, ба ҳудудҳои наздисарҳадӣ ва давлатҳои ҷазиравӣ таҳдид менамояд, хатари обхезиро ба миён меоварад, заминро харобу иллатнок мекунад. Ғайр аз ин тағйироти иқлим ба тақсимоти навъҳои ҳайвонот ва хатсайри муҳоҷирати онҳо таъсир гузошта, силсилаи табиӣ ва эътидоли низоми экологиро вайрон менамояд.
Дар натиҷа бисёр ҳайвонот ва рустаниҳо бинобар тағйир ёфтани шароити муҳити зист таҳти таҳдиди нобудшавӣ қарор мегиранд. Хушкшавии ҷангалзор, афзудани миқдори ҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ, аз ҷумла сӯхтор, хушксолӣ ва обхезӣ вазъиятро дучандон мушкил мекунанд, ҳосилхезии заминро коҳиш медиҳанд, ҷараёнҳои кишоварзиро халалдор менамоянд.
Тамоми ин омилҳо барои нигоҳ доштани эътидоли экологӣ ва ҳифзи ҳаёт дар сайёраи Замин манзараи хавфнокро ба миён меоваранд.
Гармои фарогир дар ҷаҳон ба саломатии одамон низ таъсири нохуш дорад.
Баландшавии ҳарорати миёна ба афзудани миқдор ва суръати мавҷҳои гарм мусоидат менамояд, ки боиси зиёд гардидани бемориҳои вобаста ба ҳарорати бадан, бахусус дар байни куҳансолон ва гурӯҳҳои ночори аҳолӣ мешавад.
Илова бар ин, тағйироти иқлим ба афзудани касалиҳои сирояткунанда, аз ҷумла вараҷа ва табларза боис мегардад, ки аз тариқи пашшаву магас ва дигар ҳашарот паҳн мешаванд. Ифлосшавии ҳаво ва афзудани тамаркузи вирусҳои аллергияангез ҳолати беморони касалиҳои роҳи нафас, аз ҷумла, зиққи нафасро бадтар мекунад.
Тавре ки донишмандони соҳа собит намудаанд, оқибатҳои иқтисодии гармшавии фарогир низ хеле зиёданд. Аз ҷумла коҳиши ҳосилнокии зироати кишоварзӣ. Ин коҳиш, ки бинобар шароити фавқулодаи обу ҳаво сар задааст, ба афзоиши нархи маҳсулоти хурокворӣ ва барои истифода номувофиқи озуқаворӣ сабаб мегардад. Зарари инфрасохтор бинобар обхезӣ, тӯфонҳо ва дигар мусибату фалокатҳои табиӣ барои барқароркунӣ хароҷоти бузургро тақозо доранд, онҳо ҳосилнокии меҳнатро низ коҳиш медиҳанд. Умуман, гармои фарогир ба саломатӣ ва иқтисодиёт, рушди устувори ҷомеъ хуруҷҳои ҷиддиро фароҳам меоваранд ва чорабиниҳои маҷмӯии обсозишиву коҳиш додани оқибатҳои онро тақозо менамоянд. Барои мубориза бо гармшавии фарогир муносибати маҷмӯие, ки коҳиш додани миқдори партови гази гармхонаҳо ва чораҳои обсозиширо дарбар мегиранд, заруранд. Пеш аз ҳама истифодаи манбаъҳои нави энергия, аз ҷумла энергияи офтобӣ, бодӣ ва обӣ муҳим аст. Ин имкон медиҳад, ки вобастагӣ аз сӯзишвории маъдани коҳиш ёбад.
Сарфаи энергия ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи энергия дар саноат, нақлиёт ва соҳаи манзил низ нақши бузург доранд. Fайр аз ин, чорабиниҳо бобати ҳифз кардан ва барқарор намудани ҷангалзор, ки барҳамдиҳандагони табиии гази ангидриди карбон ба шумор меравад, муҳим мебошад. Бобати обсозиш аҳолӣ ва инфрасохтор бояд ба шароити нави иқлимӣ мувофиқу мутобиқ ва омода карда шаванд. Ин коркарди технологияҳои пуриқтидори кишоварзӣ, сохтмони иншооти ба ҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ тобовар, беҳтар намудани низоми таъминоти об ва нигаҳдории тандурустиро дар бар мегирад. Барномаҳои давлатӣ ва байнахалқӣ бояд тадқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани инноватсияҳоро рағбатнок кунанд, ҳамчунин барои пешгирии самарбахши таҳдидҳои мазкури тағироти иқлим ба ҳамкории ҷаҳонӣ муосидат намоянд.
Ораш Акабоев,
донишҷӯйи соли чоруми Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон.