Дар мактаби таълими ҳамагонии рақами 13-уми деҳаи хушманзари Порашти ноҳияи Фориш маҳфилу бозии андешаварзӣ ва зеҳнии навбатии «Хирадманд» баргузор гардид.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Ин байти Одамушшуаро Рӯдакӣ шиори ҳамешагии маҳфилу бозии андешаварзӣ ва зеҳнии «Хирадманд» аст, ки тӯли ҳар се моҳ як маротиба аз ҷониби равшанфикрони кӯҳистони Нурато дар ҳамкорӣ бо Маркази миллию фарҳангии вилояти Ҷиззах баргузор мешавад. Дар сабқати навбатии донишомӯзон, ки чанде пеш дар деҳаи хушманзари Порашти ноҳияи Фориш доир гардид, мо бори дигар мутмаин шудем, ки фарзанди тоҷик дар ҳар гуна шароит ба китобхонӣ алоқаи вофир дорад ва агар барои ӯ имконоти мусоид фароҳам оварда шавад, метавонад ҳар гуна супоришро сарбаландона иҷро кунад ва ба пилаҳои тобони илму дониш бирасад.
Чанд рӯз муқаддам санаи таваллуди шоир ва публитсисти фақид, фарзанди обрӯманди миллат, шоир Ҷонибек Қувноқ буд. Аз ин рӯ, барои гиромидошти ин адиби маҳбуб, ки зодаи деҳаи Порашт аст, ҷамъомади навбатии маҳфили «Хирадманд» дар мавзуи «Шиносоӣ бо «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ» маҳз дар ин русто баргузор гардид. Дар оғоз муаллимаи мактаби таълими ҳамагонии рақами 13-ум Муаттар Абдиева роҷеъ ба ҳаёт ва осори ин шоири зуллисонайн суханронӣ кард ва аз нақши ӯ дар адабиёти муосири тоҷик ва фаъолияти босамари иҷтимоиаш ёдовар шуд. Донишомӯзони синфҳои гуногуни мактаби номбурда аз осори ӯ шеърҳо хонданд, дар зери оҳангҳои миллӣ рақсу бозӣ карданд. Қироати шеъри шоир – «Шамшери кор» аз ҷониби меҳмони маҳфил, донишҷӯйи Донишгоҳи забонҳои хориҷии Тошканд Саъбагул Тӯева хеле муассир буд:
Ёру диёри худро зӯру мадор ҳастам,
Дар боғи зиндагонӣ файзи баҳор ҳастам.
Ҳаргиз нишонаи ман аз пастиҳо маҷӯед,
Фарзанди тоҷикам ман, лочиншиор ҳастам ...
Ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Тоҷибой Икромов баргузории маҳфил-бозии нави «Хирадманд»-ро ба тамоми ҳозирон табрик гуфт ва аҳамияти онро дар худшиносии миллӣ, таҳкими дӯстӣ ва афзоиши меҳру алоқа ба китоб ёдрас намуд. Ӯ ҳамчунин мухтасар дар бораи шоири шодравон Ҷонибек Қувноқ ҳарф зад ва туҳфаи нодири раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Сайидро, ки иборат аз 100 дона китоби «Девон»-и шоир Паймон буд, ба намояндагони даҳ мактаби кӯҳпоя супорида, суханҳои табрикии раиси Иттифоқи нависандагонро ба самъи ҳозирин расонид.
Бояд таъкид намуд, ки раёсати «Хирадманд» ин бор ба низоми маҳфил дигаргунӣ ворид намуд. Тибқи ин дигаргунӣ мусобиқа дигар дар байни мактабҳои алоҳида не, балки байни ду гурӯҳи донишомӯзони маърифатгоҳҳои тоҷикии ноҳияҳо сурат гирифт. Қобили ситоиш аст, ки омодагии ҳар ду дастаи мунтахаб аз мактабҳои тоҷикии навоҳии Фориш ва Нурато бо номҳои «Нури Фориш» ва «Маърифати Нур» хуб буд. Аз пайгирии оқилонаи пурсишҳо ва баҳсу талошҳои бемайлони онҳо равшан ба назар мерасид, ки мавзӯи навбатии маҳфил – бозии дӯстдоштаи худ–«Хирадманд»-ро нағз аз худ кардаанд. Ҷавоби онҳо аз доираи достонҳои Ҳаким Фирдавсӣ, ки чиҳил дарс – аз «Оғози китоб», гуфторҳои нахустин ва подшоҳии Каюмарс то подшоҳии Кайхусрав фаро мегирифт, аксаран дақиқ ва мукаммал буд. Аз ин рӯ ба омодагӣ ва заковати донишомӯзон тамоми ҷамъомадагон – аҳли адабиётдӯсти деҳаи Порашт, омӯзгорону толибилмон ва ҳайати доварон аҳсант гуфтанд.
Дар бозӣ-маҳфили ҳафтуми «Хирадманд» дастаи «Нури Фориш», ки аз ҳисоби шогирдони хирадварзи мактабҳои миёнаи деҳаҳои Ӯхм, Моҷарм ва Порашт фароҳам омада буд, бо дарёфти 57 хол ва дастаи «Маърифати Нур», ки аъзои он донишомӯзони мактабҳои деҳоти Синтаб, Эҷ ва Сойхурд буданд, бо гирифтани 74 хол (аз 75 холи ҳадди аксар) донишу истеъдоди худро намоиш доданд.
Ҳайати доварон – раиси Бунёди фарҳанги тоҷикони шаҳри Тошканд «Ориёно» – Тоҷибой Икромов, шоир ва рӯзноманигор Пайғом (Тӯхтамиш Боқиев), омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Шакар Сайфӣ аз посухҳои аъзои ҳар ду даста хуб арзёбӣ карданд.
Ин дафъа ду номинаи дигари маҳфил – «Шеърхони беҳтарин» ва «Суханрони беҳтарин» ба таври электронӣ (навгонӣ дар Оинномаи маҳфил), бо дарёфти наворҳои хониши ифоданок ва ирсоли онҳо ба доварони холис арзёбӣ гардид. Шеърҳо ва пораҳои насрии қироатшуда аз сӯйи донишомӯзон тавассути шабакаи телегромии фазои маҷозӣ ба се нафар – узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, омӯзгори собиқадори забон ва адабиёт Суҳроб Ваҳобниё, нависанда Шариф Халил ва шоири ҷавон Далершоҳ Неъматзода фиристода шуда буд. Онҳо баромади ҳар як хонандаро дидаву шунида баҳои худро эълон карданд. Аз рӯйи холгузории доварони мазкур беҳтарин шеърхон шогирди мактаби 38-ум (деҳаи Синтаб) Дилрабо Саломатуллоева ва беҳтарин насрхон шогирди мактаби 43-юм (рустои Эҷ) Шарофат Ҳакимова дониста шуданд. Ба онҳо ва ҳамчунин ба донишомӯзоне, ки ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол карданд, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаҳои пулӣ тақдим гардиданд.
Хурсандибахш аст, ки нишастҳои маҳфили «Хирадманд»-ро шуъбаҳои таълими халқи ноҳияҳои Нурато ва Фориш, ҳамчунин бахшҳои ноҳиявии маркази «Маънавият ва маърифат»-и ҷумҳурӣ мунтазам дастгирӣ мекунанд. Ин бор низ раиси шуъбаи нуратоии маркази «Маънавият ва маърифат» Воҳидҷон Қобилов ва масъулони бахши «Маънавият ва маърифат»-и таълими халқи ноҳияи Фориш дар маҳфил ҳузур доштанд. Эшон ҳам дастовезҳои хешро, ки иборат аз китобҳои бадеӣ ва сипосномаҳо буд, бо камоли майл ба ғолибон ва ширкаткунандагони маҳфил супурданд. Ҳамчунин чанд дона маҷаллаи «Дурдонаи шарқ» аз номи шоир ва ношир Асадуллоҳ Исмоилзода ба донишомӯзони фаъол супорида шуд, ки заҳмати ин кори хайрро рӯзноманигор Анорбой Шодипур дар ӯҳда дошт.
Тавре ки яке аз муассисони маҳфил-бозии «Хирадманд», раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарипов изҳор намуд, дар баргузории ҷамъомад ва пазироӣ аз меҳмонон нақши аҳли ҷамоаи мактаби 13-ум таҳти роҳбарии Сарибой Ярашев назаррас буд. Ба вижа, омӯзгорон Дилбармо Қурбонова, Мусаввара Султонова, Садбарг Аллаева, Матлуба Азизова ва китобдори мактаб Малик Назаров кӯшиш намудаанд, ки ҳам барои сабқаткунандагон ва ҳам барои меҳмонон шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шавад. Воқеан, он рӯз аз сӯйи онҳо як пазироии тоҷикона низ сурат гирифт, таоруфи нону намак, шукуфоии чеҳраҳои хандон, дилгармӣ ва меҳрубониҳои фаровон аз ҳусни муҳаббати мизбонони дилсоф дарак медод.
Тибқи одат, созмондиҳандаи ин нишасти адабию фарҳангӣ, нависандаи чирадаст Юнуси Имомназар ва ровии ҷамъомад омӯзгори ботаҷриба ва овозхони шинохтаи кӯҳпоя Дилмуроди Қӯзӣ буданд.
Дар хулоса, месазад зикр намуд, ки шоҳномахонӣ метавонад шарораҳое аз фаҳму алоқа ба забон ва фарҳанги форсиро дар дилҳо эҷод кунад. Донистани мазмуну мундариҷаи достонҳои «Шоҳнома» ва бо ифода хондани пораҳои шеърӣ аз он бояд намунаи таълим дар ҳар як мактаби тоҷикӣ бошад. Умед аст, ки чунин озмунҳои китобхонӣ идома пайдо мекунад ва фарзандони миллат барои беҳтару хубтар омӯхтани забону адабиёт ва дарки худшиносии миллӣ саъю талош хоҳанд кард.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.