Иштироки олимони шарқшиноси Ӯзбекистон дар ҳамоиши илмии Эрон

Дар шаҳрҳои Теҳрон ва Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ташаббуси Созмони равобити фарҳангӣ ва исломии Эрон ва Хазинаи эроншиносӣ, таҳти унвони «Эроншиносӣ: таҳқиқоти муосири Эрон, дипломатияи фарҳангӣ ва ҳамкории байналмилалӣ» нахустин конфронси байналмилалии эроншиносӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинии илмии байналмилалӣ 50 нафар олимону муҳаққиқон аз 22 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Испания, Италия, Сербия, Чин, Туркия, Малайзия, Ҳиндустон, Қатар, Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, ҳамчунин олимони шарқшиноси мамлакатамон иштирок карданд.

Дар доираи чорабинӣ, ки дар бахшҳои «Эроншиносӣ: арзёбии интиқодӣ, мушкилот ва равишҳо», «Эроншиносӣ ва таҳқиқот дар бораи Эрони имрӯза», «Эроншиносӣ: дипломатияи фарҳангӣ ва ҳамкории байналмилалӣ», «Эроншиносӣ ва технологияҳои нав», «Эроншиносӣ ва сайёҳӣ», инчунин «Эроншиносӣ: Ҳофиз — намояндаи ҷаҳони Эрон» баргузор гардид, масъалаҳои инкишофи сайёҳӣ, рушди забони форсӣ, аҳамияти роҳандозии технологияҳои муосир дар бахшҳои гуногун мероси маънавӣ ва тамаддуни Эрон, барқарор кардани робитаҳои устувор миёни эроншиносони кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва амсоли ин баррасӣ гардиданд.

Дар маросими ифтитоҳи конфронс директори Институти таърихи Академияи илмҳои Ӯзбекистон, сенатор Азамат Зиё роҷеъ ба аҳамияти манбаъҳои форсӣ дар омӯзиши таърихи халқу давлатдории ӯзбек, нақши тамаддуни Эрон дар таърихи башарият ва рушди ҳамкориҳои илмии олимони ӯзбеку эронӣ ҳарф зад ва дар рӯзи аввали конфронс дар мавзӯи «Аҳамияти манбаъҳои хаттии форсӣ дар омӯзиши таърихи халқу давлатдории ӯзбек» маърӯза намуд.

Инчунин, доктори илми таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд Комилҷон Раҳимов низ дар конфронс дар мавзӯи «Мактаби хаттотии Мовароуннаҳр ва бархе аз намояндагони он» баромад карда, дар бораи таърихи хаттотии кишварамон ва эҷодиёти намояндагони машҳури он маълумот дод. Инчунин, аз ҳамкасбони эронӣ даъват намуд, то дар таҳқиқи таърихи Осиёи Марказӣ ҳамкориҳои илмиро тақвият дода, дар истифодаи манбаъҳои зиёд оид ба таърихи мамлакатамон, ки дар Эрон нигоҳдорӣ мешаванд, ёрмандӣ намоянд.

Қарор аст, ки матни 100 маърӯзаи илмии конфронс дар шакли китоби алоҳида нашр шавад.

Дар анҷом иштирокдорони конфронс аз ёдгориҳои таърихӣ ва ҷойҳои сазовори диққати Эрон, чун харобаҳои Тахти Ҷамшед, мақбараҳои намояндагони барҷастаи адабиёти форсу тоҷик Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ, Кохи Гулистон, Осорхонаи санъати муосири Теҳрон боздид ба амал оварда, бо фаъолияти Институти санъати китобати Эрон шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки иштироки фаъоли олимони мамлакатамон дар ин ҳамоиши бонуфузи илмии Эрон на танҳо барои бо таърихи кишвари мо аз наздик ошно шудани мутахассисони хориҷӣ имкон медиҳад, балки барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт низ мусоидат менамояд.

Мухбири худамон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: