Чи хеле ки пештар хабар дода будем, аз 5 сентябр то 20 ноябри соли равон дар Бухоро аввалин биенналеи байналхалқии санъат ва маданият баргузор гардид.
Маълум аст, ки Бухоро чун маркази сайёҳӣ мақоми махсус дорад. Ташрифи сайёҳони хориҷӣ ва маҳаллӣ дар ин ҷо сол аз сол меафзояд. Ин пеш аз ҳама ба имкониятҳое, ки солҳои охир дар соҳа фароҳам оварда мешавад, вобастагии қавӣ дорад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки ташрифи сайёҳон ба Бухоро дар соли ҷорӣ ба дараҷаи мислаш диданашуда расид. Агар миқдори сайёҳони хориҷӣ 2 250 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, шумораи сайёҳони маҳаллӣ аз 4 миллион нафар афзуд. Дар шаҳри бостонӣ ба амал омадани биеннале бошад, ба рушдёбии ин ҷараён такон бахшид ва Бухороро ба маркази дӯстдоштаи ихлосмандони ҳунари зебо ва фарҳанг табдил дод.
Дар давоми чорабинӣ шаҳри шариф наздик ба 1600 ҳазор нафар меҳмононро қабул кард. Аз ҷумла, 770 ҳазор нафари онҳо меҳмонони хориҷӣ мебошанд. Ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки биенналеи Бухоро дар сатҳи байналмилалӣ нуфузи зиёд пайдо кардааст. Ин тадбир на фақат аҳамияти маданӣ зоҳир намуд, балки боиси манфиати иқтисодӣ низ гардид. Дар ҷараёни биеннале содироти хидматҳои сайёҳӣ ба сайёҳони хориҷӣ ба 210 млн. доллари ИМА расид.
Ҳамин тариқ, аввалин биеннале дар ҳаёти мадании шаҳри куҳан нақши таърихӣ гузошт.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.