Улуғбек Мирзаҳмадов яке аз омӯзгорони ботаҷриба ва фидокори ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд аст, ки чанде пеш дар асоси Фармони Президент бо медали «Шуҳрат» мукофотонида шуд.
«Мутафаккир ва донишмандони барҷастаеро, ки дар таърихи мамлакатамон ду маротиба дар замони худ Ренессанси бузургро ба вуҷуд овардаанд, омӯзгор ва муаллимоне чун шумо тарбия намуда, ба камол расондаанд. Бовар дорам, ки Шумо, азизон, ҳамчун идомагари ин анъанаҳои нек дар тарбияи бунёдкорони давраи Эҳёи сеюм, ки имрӯз дар Ватани маҳбубамон сохта мешавад, саҳми арзанда мегузоред.»
Шавкат МИРЗИЁЕВ.
Улуғбек Мирзаҳмадов яке аз омӯзгорони ботаҷриба ва фидокори ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд аст. Ӯ баъди хатми мактаби зодгоҳ, соли 2011 ба факултаи санъати вокали Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон дохил шуда, онро аз рӯйи ихтисоси хонандаи эстрада соли 2014 хатм намудааст. Ҳамзамон, дар мактаби мусиқа ва санъати бачагонаи рақами 17-уми ноҳия ва ташкилоти таълими томактабии рақами 4 бо фаъолияти омӯзгорӣ машғул шудааст. Сипас, соле дар мактаби ҳамагонии рақами 4-уми Бӯстонлиқ ба ҳайси омӯзгори фанни мусиқӣ кор карда, солҳои 2016-2017 ҳамчун сарметодисти шуъбаи Маркази таълими ҷумҳурии Вазорати таълими халқ фаъолият намудааст. Баъдан, дар вазифаҳои омӯзгори литсейи академии ҷавонони болаёқати назди Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон, услубшиноси шуъбаи таълими томактабии ноҳияи Бӯстонлиқ, устоди мусиқии ташкилоти таълими томактабии рақами 12-уми ноҳия таҳтидилона кор кардааст. Ӯ ҳоло ҳамчун омӯзгори тоифаи олии фанни маданияти мусиқии мактаби таълими умумии рақами 2-юм ба шогирдон асрори фанни мусиқиро меомӯзад.
Улуғбек дар раванди фаъолияти босамар, тӯли солҳои 2023-2025 дар бахши магистратураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомиро низ аз рӯйи ихтисоси таълими мусиқӣ ва санъат хатм намудааст.
Бо як сухан, омӯзгори навовару меҳнатдӯст аст. Дар ҷараёни кор пайваста барои беҳтар намудани сифати таълим, тарбияи насли навраси баркамол талош мекунад. Ҳамчун муаллими пешқадам дар машғулотҳо аз технологияҳои замонавӣ фаровон истифода мебарад. Ғайр аз ин, дар мактаб фаъолияти маҳфили «Овозхонони ҷавон»-ро ба роҳ мондааст, ки дар он чанде аз шогирдони санъатдӯст асрори соҳаи мусиқиро амиқтар меомӯзанд. Муаллим дар раванди кори маҳфил танҳо бо машғулотҳои назарӣ қонеъ нашуда, бо мақсади баланд бардоштани шавқи аъзоёни ин маҳфил онҳоро ба тамошои осорхонаҳо, хона-музейҳои М. Ашрафӣ, Ю. Раҷабӣ, Тамарахонум мебарад. Бояд гуфт, ки иштирокдорони маҳфил дар чорабиниҳои фарҳангиву идонаи мактаб ва берун аз он низ фаъол иштирок мекунанд, барои ҷолибу пурмуҳтаво гузаштани онҳо саҳм мегузоранд.
Ин омӯзгори ҷӯёву навовар пайваста барои такмили дониш ва маҳорати педагогии хеш ҳаракат менамояд. Дар ҷамъомадҳои иттиҳодияҳои методӣ фаъол иштирок менамояд, навовариҳо, технологияҳои нави педагогӣ ва усулҳои интерактивро дар ҷабҳаи таълим пайваста таблиғ мекунад. Ин аст, ки таҷрибаи педагогии ӯ дар сатҳи ҷумҳурӣ оммавӣ карда шудааст.
Мирзаҳмадов ҳаммуаллифи китоби дарсии «Мусиқӣ» барои синфи 5-уми мактабҳои таълими умумӣ ва муаллифи дастури методӣ барои муаллимон дар асоси китоби дарсии «Мусиқӣ» барои синфҳои 3-4-5-ум мебошад.
Ғайр аз ин, тӯли фаъолияти чандинсола 11 дастури таълимӣ ва методӣ, зиёда аз 50 нақшаи дарси электронӣ, 15 дарси медиавӣ, 5 лоиҳаи муҳими мусиқӣ таҳия кардааст, ки «Биёед, якҷоя месароем», «Рақсему хурсандӣ кунем», «Методикаи ташкили дарсҳои мусиқӣ дар муассисаҳои таълими томактабӣ», «Методикаи таълими сурудхонии эстрада», «Тарбияи эстетикии мусиқӣ» ва ғайра аз ин ҷумлаанд. Мақолаҳои илмии ӯ оид ба рушди соҳаи мусиқӣ ва тартибу тамоюли таълими он дар мактабҳо дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ чоп шудаанд.
У. Мирзаҳмадов соли 2021 дар муҳокимаи «Барномаҳои таҳсилоти муттасил» ҳамчун коршиноси фанни мусиқӣ иштирок кардааст. Соли 2022 ба муносибати таъсиси Донишгоҳи байналмилалии Нордик ӯ ба шеъри шоира Кавсар Турдиева оҳанг баста, суруди миллии донишгоҳро офаридааст. Соли 2023 узви Иттифоқи оҳангсозон ва танзимгарони Ӯзбекистон шудааст.
Мирзаҳмадов дар бисёр ҷамъомаду семинарҳои илмӣ низ бо маърӯзаҳои илмӣ ва маводи услубии худ иштирок кардааст.
Маҳз бо назардошти хидмати фидокорона дар соҳаи таълим, маҳорати баланди касбӣ, истеъдод ва эҷодкорӣ, хислатҳои ватандӯстӣ, эҳтиром дар байни мардум, фаъолӣ ва ташаббускорӣ, намунаи хоса дар тарбияи насли солим ва саҳми шоиста дар рушди соҳаи таълим соли 2023 сазовори дипломи фахрии Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ гардидааст.
Инчунин, соҳиби нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон», ҷоизадори озмуни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нишони хотиравии «Барои хизматҳо дар соҳаи илм», ғолиби озмунҳои «Беҳтарин омӯзгори фаннии сол», «Муаллими сол - 2021», «Фаъолтарин таблиғгари маърифат» мебошад.
Соли 2025 барои У.Мирзоаҳмадов соли фаромӯшнопазир гардид. Дар асоси Фармони Президент дар арафаи Рӯзи муаллим ва мураббиён бо медали «Шуҳрат» мукофотонида шуд.
Бо як сухан, У. Мирзаҳмадов бо фаъолияти пурсамар, навовариҳои педагогӣ ва саҳми арзанда дар рушди таълими мусиқӣ дар Ӯзбекистон ба ҳайси омӯзгори намунавӣ ва навовар шинохта шудааст. Ӯ на танҳо дарсҳои худро бо мазмуну шакли замонавӣ бой мегардонад, балки бо ташкили маҳфилҳо, тарбияи шогирдони соҳибистеъдод, таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ рушди соҳаи мусиқиро густариш додааст ва маҳз ба туфайли меҳнатдӯстӣ миёни ҷомеа, ҳамкорон ва аҳли фарҳангу маориф соҳиби эҳтиром гардидааст. Мукофот ва ифтихорномаҳои давлатӣ, аз ҷумла медали «Шуҳрат», шаҳодати возеҳи онанд, ки Мирзаҳмадов ба рушди таълим ва тарбияи насли созанда саҳми шоиста гузошта, дар пешбурди фарҳанги мусиқии кишвар нақши намоён дорад.
Гулҷаҳон КАБИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».