Оё Ӯзбекистон барои сохтмони иншооти зеризаминӣ омода аст?

  • Оё Ӯзбекистон барои сохтмони иншооти зеризаминӣ омода аст?
  • Оё Ӯзбекистон барои сохтмони иншооти зеризаминӣ омода аст?
  • Оё Ӯзбекистон барои сохтмони иншооти зеризаминӣ омода аст?

Имрӯз таваҷҷуҳ ба сохтмони зеризаминӣ дар тамоми ҷаҳон рӯ ба афзоиш дорад. Ин бо он вобаста аст, ки дар шароити афзоиши босуръати зичии сохтмон дар шаҳрҳо фазои зеризаминӣ ҳамчун роҳи нави тавсеаи инфрасохтор арзёбӣ мегардад.

Аммо то чӣ андоза чунин иншоот дар шаҳрҳое, ба мисли Тошканд, ки хатари баланди заминларза  доранд, самаранок ва бехатар мебошанд? Оё Ӯзбекистон метавонад сохтмони объектҳои зеризаминиро ба роҳ монад? Барои равшанӣ андохтан ба ин, мо бо директори Институти механика ва зилзилабардошти иншооти ба номи М.Т. Уразбоеви Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Карим СУЛТОНОВ суҳбат оростем.

– Омилҳои сейсмикӣ ҳангоми сохтмони иншооти зеризаминӣ нисбат ба сохтмонҳои рӯизаминӣ то чӣ андоза аҳамият доранд?

– Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки иншооти зеризаминӣ, аз қабили таваққуфгоҳҳо, марказҳои савдо, анборҳо дар саросари ҷаҳон сохта мешаванд. Ин амал дар Аврупо, ИМА ва ҳатто Русия муваффақона татбиқ мегардад. Дар баъзе кишварҳо зарурати сохтани чунин иншоот ба таври табиӣ ба вуҷуд меояд. Масалан, дар Аврупо нигоҳдории газ дар анборҳои зеризаминӣ хеле маъмул аст: дар фасли тобистон, вақте ки истеъмол кам аст, газ захира карда шуда, зимистон истифода мешавад. Ҳамчунин, дар баъзе ҳолатҳо нигоҳдории маҳсулот дар зери замин аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар аст — ҳарорат доимӣ мемонад, хароҷоти энергия камтар ва хатари талафот хеле паст аст.

Таҳдиди асосӣ барои сохтмонҳои рӯизаминӣ ларзишҳо дар вақти заминларза мебошанд. Агар басомади ларзиши бино бо басомади мавҷҳои сейсмикӣ мувофиқат кунад, резонанс ба вуҷуд меояд, ки дар натиҷа амплитудаи ларзиш зиёд шуда, бино метавонад вайрон шавад. Аз ин сабаб, барои биноҳои рӯизаминӣ механизмҳои махсуси муҳофизат аз резонанс ва коҳиши амплитудаи ларзиш таҳия мешаванд.

Аммо дар мавриди иншооти зеризаминӣ вазъият дигар аст: онҳо дар қабати хок ҷойгиранд ва резонанс амалан ба мушоҳида намерасад. Бо вуҷуди ин, муҳим аст, ки таъсири мутақобилаи байни иншоот ва хок ба назар гирифта шавад. Дар вақти заминларза хок ва иншоот якҷоя ҳаракат мекунанд, ки дар натиҷаи ин ҳамтаъсирӣ қувваҳои калон ба вуҷуд меоянд. Конструксияи чунин иншоот бояд ин фишор ва сарбориҳоро бардошта тавонад.

– Дар кадом соҳаҳо ба сохтмони иншооти зеризаминӣ дар Тошканд ва дигар шаҳрҳо талаб бештар бошад?

– Аввалин иншооти зеризаминӣ дар Тошканд метрополитен буд, ки соли 1977 ба истифода дода шуд. Метро, одатан, ё дар минтақаҳои нав ё дар маҳаллаҳои аллакай бунёдшуда сохта мешавад. Дар Тошканд, мисли Маскав ё Ню-Йорк, метро дар ҳудуди шаҳрҳои мавҷуда сохта шуд.

Бо ташаббуси роҳбарияти кишвар имрӯз қитъаҳои нави замин ҷудо карда мешаванд, ки дар онҳо маҳаллаҳои «Янги Ӯзбекистон» бунёд меёбанд. Дар чунин минтақаҳо сохтмони зеризаминӣ бештар асоснок аст, зеро ҳама чиз аз аввал бо дарназардошти меъёрҳои техникии зарурӣ тарҳрезӣ мегардад.

Дар Тошканд иншооти зеризаминӣ беҳтар аст, ки дар доираи лоиҳаҳои нави сохтмонӣ, на дар маҳаллаҳои кӯҳна амалӣ шавад. Ин аз нигоҳи илмӣ оқилона ва барои аҳолӣ муфидтар аст.

– Иншооти зеризаминӣ дар шаҳрҳои зилзилахез, мисли Тошканд, то чӣ андоза самаранок ва бехатар мебошанд?

– Дар ин ҷо ду ҷиҳати муҳимро бояд ба назар гирифт. Аввал, тафовути байни минтақаҳои сейсмофаъол ва ором. Масалан, дар Британия ё Олмон хатари зилзила ниҳоят паст аст, аммо дар Италия, Испания ва Португалия он хеле баланд мебошад.

Ҷанбаи дуюм, самаранокии иҷтимоию иқтисодӣ аст. Агар ҳангоми заминларза иншоот устувор монад, ҷони одамон ва молу мулк ҳифз шаванд, ин аллакай як дастоварди бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аст.

Аз ин рӯ, ҳамкории зичи лоиҳакашон, мутахассисон ва сохтмончиён зарур мебошад.

– Ҳангоми сохтмони иншооти зеризаминӣ кадом омилҳоро бояд махсус ба назар гирифт?

– Як қатор омилҳои муҳим бояд ба назар гирифта  шаванд. Масалан, чуқурии метрои Тошканд тақрибан ба 40 метр мерасад. Ман дар он замон дар донишкада кор мекардам ва раванди сохтмонро шахсан дидаам.

Яке аз мушкилоти асосӣ оби зеризаминӣ буд, ки хеле зуд боло мешуд. Аз ин сабаб, аввал бояд сатҳи он, тағйироти мавсимӣ ва наздикии он ба рӯи замин бодиққат таҳқиқ карда шавад.

Лаҳзаи муҳими дуюм – хусусиятҳои хок мебошад. Дар ҳудуди Ӯзбекистон хокҳои лессӣ васеъ паҳн шудаанд. Онҳо ҳангоми тамос бо об пойдории худро гум мекунанд ва ноустувор мешаванд. Аз ин рӯ, устувории хок бояд боэътимод таъмин гардад.

– Иншооти зеризаминӣ дар муқоиса бо сохтмонҳои рӯизаминӣ дар ҳолати зилзилаи сахт то чӣ андоза устувортар ҳастанд?

– Таҳлилҳо нишон додаанд, ки дар кишварҳое мисли Туркия, Ҷопон ва Сан-Франсиско (ИМА), ки заминларзаҳои қавӣ рух медиҳанд, дар ҳолати лоиҳакашии дуруст ва сохтмони боэътимод конструксияҳои  иншооти зеризаминӣ ба сарбориҳо нисбат ба сохтмонҳои рӯизаминӣ тобовар мебошанд.

Ғайр аз ин, онҳо на танҳо аз ҷиҳати моддӣ, балки аз ҷиҳати бехатарии инсонҳо низ муҳим мебошанд.

Ҳангоми сохтмони метрои Тошканд ҳамаи ин омилҳо ба назар гирифта шуданд. Метро на танҳо ҳамчун воситаи нақлиёт, балки ҷойи паноҳ барои мардум дар ҳолати фавқулода тарҳрезӣ шуда буд. Ман борҳо аз қисматҳои зеризаминии он гузаштаам ва бо итминон гуфта метавонам, ки сатҳи устуворӣ ва амнияти он хеле баланд аст.

– Оё будубош дар зери замин ба ҳолати равонии инсон таъсир мерасонад?

– Албатта, таъсир мерасонад ва ин комилан табиӣ аст. Будан дар фазои пӯшида аз зери осмон фарқ мекунад. Масалан, зиндагӣ дар бинои 30-ошёна низ дар оғоз ба рӯҳия таъсир мекунад, аммо бо гузашти вақт инсон мувофиқ мешавад.

Дар Ҷопон ин фарҳанг кайҳо ташаккул ёфтааст. Аз кӯдакӣ ба мардум меомӯзонанд, ки биноҳои онҳо боэътимоданд ва ҳатто ҳангоми заминларза сабаби воҳима нест. Дар мо бошад, ҳоло чунин омодагии равонӣ вуҷуд надорад.

– Оё мардум омодаанд, ки ба театрҳо, музейҳо ё марказҳои савдои зеризаминӣ раванд?

– Ба фикрам, одат кардан зуд сурат мегирад. Агар шароит, аз ҷумла ҳарорат, ҳавогузаронӣ, равшанӣ ва амният ба меъёрҳо мувофиқат кунанд, барои аксари одамон фарқе намекунад, ки онҳо дар рӯи замин ҳастанд ё дар зери замин.

Масалан, дар рӯзи гарми тобистон бисёр одамон бо камоли майл ба метро медароянд, зеро он ҷо сард ва роҳат аст. Вақте ки ҳарорати ҳаво +40 дараҷа аст, дар зери замин тақрибан +20 дараҷа нигоҳ дошта мешавад, ки ин барои одамон писандида аст.

Муҳим аст, ки микроиқлими мутавозин, тарҳи зебо ва амнияти комил фароҳам оварда шавад, дар ин сурат одамон зуд мутобиқ мешаванд. Албатта, суръати мутобиқшавӣ дар ҳар кас ҳар хел аст, вале дар маҷмӯъ ин муаммо нест.

– Оё сохтмони иншооти зеризаминӣ нисбат ба рӯизаминӣ  гаронтар намеафтад? Кадом омилҳо арзишро баланд мекунанд?

– Бале, сохтмони иншооти зеризаминӣ бешубҳа гаронтар аст. Ду усули асосии сохтмон вуҷуд дорад — кушода ва пӯшида.

Усули кушода нисбатан осонтар аст: аввал чоҳ канда мешавад, баъд корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта, аз боло пӯшида мешавад. Ин усул барои чуқурии кам мувофиқ аст.

Аммо агар сухан дар бораи чуқурии 50 метр равад, усули кушода мувофиқ нест — бояд бо усули пӯшида кор бурд. Пармакунӣ, арматурагузорӣ, гидроизоляция, мустаҳкамсозӣ ва таъмини амният хароҷоти зиёд талаб мекунанд.

Дар маҷмӯъ, сохтмони объектҳои зеризаминӣ — метро, марказҳои савдо, шабакаҳои коммуникатсионӣ 2-3 маротиба гаронтар аз сохтмони рӯизаминӣ мебошад. Бо вуҷуди ин, зарурати чунин иншоот возеҳ аст, махсусан аз нуқтаи назари амнияти инсонҳо.

– Кадом кишварҳо аз фазои зеризаминӣ самараноктар истифода мебаранд ва мо аз онҳо чиро метавонем омӯзем?

–  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) яке аз пешсафон дар ин самт аст. Дар он ҷо иншооти зеризаминӣ ҳам барои муҳофизати аҳолӣ аз таҳдиди ҳастаӣ ва ҳам барои рушди инфрасохтори шаҳрӣ истифода мешаванд. Онҳо таҷрибаи ғанӣ ва технологияи муосир доранд.

Мо бояд таҷрибаи онҳоро дар соҳаи мавод, лоиҳакашӣ ва зилзилабардоштӣ биомӯзем. Барои расидан ба пешрафти воқеӣ, зарур аст, ки лабораторияҳои илмӣ, ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва ширкатҳои махсуси сохтмонӣ таъсис дода шаванд.

Айни замон ин равандҳо дар кишвари мо ҳанӯз дар марҳилаи ташаккул қарор доранд, бинобар ин омӯзиши таҷрибаи хориҷӣ аҳамияти бузург дорад.

Суҳбаторо

Нигора РАҲМОНОВА,

мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: