Тибқи маълумоти Кумитаи миллии статитстика, дар моҳҳои январ–октябри соли 2025 ҷамъ 9,7 миллион шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади сайёҳӣ ба Ӯзбекистон омадаанд.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 миллион нафар ё 50% зиёд мебошад.
Дар ин давра аз 197 давлат ба Ӯзбекистон ташрифи сайёҳон ба қайд гирифта шудааст.
Аз ин шумора:
— мардон – 5 273 836 нафар;
— занон – 4 458 082 нафар.
Тақсимоти синну солии онҳо чунин аст:
0–18 сола – 1 280 688 нафар;
19–30 сола – 1 590 907 нафар;
31–55 сола – 4 888 764 нафар;
56 сола ва аз он болотар – 1 971 559 нафар.