2 декабр сессияи ғайринавбатии Шӯрои намояндагони халқи вилояти Ҷиззах баргузор шуд. Дар он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок кард.
– Вақте аз чӣ гуна як шароити вазнин баровардани вилоятро, тағйироти бузургу созандаро, ки дар ҳар як ноҳияи Ҷиззах ба амал меоянд, хурсандии мардумро мебинам, дар худ меболам, ифтихор мекунам, – гуфт роҳбари давлат дар аввали сухан.
Дар давраи гузашта вилояти Ҷиззах дар ҷумҳурӣ ба минтақае табдил ёфт, ки саноаташ босуръат рушд мекунад. Дар ҳашт сол лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 6,5 миллиард доллар татбиқ гардиданд, ки 45 фоизи онҳо ба саноат рост меояд. Дар Ҷиззах иқтидори истеҳсоли 175 ҳазор автомобил дар як сол ба вуҷуд омад.
Дар фурсати кӯтоҳ дар ноҳияҳои Зомин, Фориш, Арнасой ва шаҳри Ҷиззах беш аз 500 иншооти сайёҳӣ ва хидматрасонӣ ба маблағи 2 миллиард доллар ба фаъолият шурӯъ карданд. Дар натиҷаи бо маблағи 300 миллион доллар ба кор даромадани минтақаҳои истироҳатӣ дар Арнасой ва Зомин, ки дар давоми 12 моҳ пурра фаъоланд ва сохтмони фурудгоҳҳо дар онҳо, Ҷиззах ба яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил ёфт.
Ҳашт сол пеш 42 фоизи ҷойҳои кории Ҷиззах ба соҳаи кишоварзӣ рост меомад, имрӯз қариб 310 ҳазор нафар аҳолии вилоят дар соҳаҳои саноат ва хидматрасонӣ дар корҳои сердаромад кор мекунанд.
Кишоварзии вилоят, ки асосан ба пахтакорӣ мутобиқ шуда буд, комилан диверсификатсия гардид. Ноҳияҳои Бахмал, Ғаллаорол, Зомин, Янгиобод ва Фориш ба боғдорӣ ихтисосонида шуда, 28 ҳазор гектар боғ ва токзорҳои нав бунёд гардиданд. Дар минтақаҳои дашти Мирзачӯл, Дӯстлик, Зафаробод, Зарбдор, Пахтакор ва Арнасой низ дар 12 ҳазор гектар боғ ва майдонҳои сабзавот ташкил шуданд.
Таъкид гардид, ки дар ҳашт соли охир дар маҷмӯъ саноати Ҷиззах аз 2,5 триллион то 25 триллион сӯм, хидматрасонӣ аз 2,5 триллион то 20 триллион ва кишоварзӣ аз 9 триллион то 30 триллион сӯм афзудааст.
– Албатта, ин оғози ислоҳоти бузурги мост. Дар роҳи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Ҷиззах ҳанӯз кори зиёдро бояд анҷом диҳем, – гуфт Президент.
Дар сессия масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуд.
Президент ба мақоми ҳокими вилояти Ҷиззах номзадии Улуғбек Мустафоевро, ки иҷрокунандаи вазифаи ҳоким буд, пешбарӣ намуд. Тибқи натиҷаҳои раъйпурсӣ Улуғбек Мустафоев чун ҳокими вилояти Ҷиззах тасдиқ гардид.
Роҳбари давлат бобати рушди соҳаҳои саноат, сармоягузорӣ, туризм, кишоварзӣ, сохтмон ва инфрасохтор ташаббусҳои навро пешбарӣ намуд.
Ҳиссаи Ҷиззах дар саноати автомобилсозии ҷумҳурӣ ба 25 фоиз расидааст. Зикр гардид, ки вазифаи навбатӣ рушд додани соҳаҳои ҳаммонанд дар атрофи корхонаҳо, баланд бардоштани сатҳи маҳаллисозӣ ва коҳиш додани арзиши аслии маҳсулот мебошад.
Чораҳои дастгирии соҳибкорон: пешниҳод намудани иншооти тайёри истеҳсолӣ бо шартҳои қулай ва ҷуброни 50 фоизи хароҷот барои валидатсияи қисмҳои комплекткунанда муайян карда шуданд.
Дар вилоят лоиҳа оид ба истихроҷи 1 ҳазор тонна волфрам дар як сол амалӣ мешавад. Пас аз ба истифода супоридани лоиҳаҳо дар Ғаллаорол ва Нурабод, Ӯзбекистон метавонад ба қатори истеҳсолкунандагони пешсафи ҷаҳонии волфрам ворид гардад.
Ба идораҳои масъул супориш дода шуд, ки барои қитъаи умедбахши маъдании тилои Ғаллаорол сармоягузор ҷалб намоянд, корҳои геологӣ-тафтишотиро дар кони сурбу руҳ дар Фориш анҷом диҳанд ва асосноккунии техникӣ-иқтисодии ба кор даровардани кони уран дар ноҳияи Арнасойро омода созанд.
Аз ҳисоби татбиқи 30 лоиҳа ба маблағи 510 миллион доллар дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ҷиззах» ба тақрибан 10 ҳазор нафар ҷойи кор муҳайё карда шудааст. Дар ин ҷо татбиқи лоиҳаҳо бо ҳаҷми умумии 540 миллион доллар идома доранд. Соҳибкорон хоҳиш намуданд, ки минтақаи саноатӣ бо иқтидори кофии энергетикӣ таъмин карда шавад ва иншооти тозакунӣ бунёд гардад.
Ба Вазорати энергетика супориш дода шудааст, ки ба ин минтақа хати 40-километрии интиқоли барқи баландшиддат гузошта, зеристгоҳи иқтидораш 40 мегаватт бунёд намояд. Дар барномаи рушди инфрасохтори минтақаҳои саноатӣ барои соли 2026 сохтмони иншооти тозакунӣ дар МОИ «Ҷиззах» ба арзиши 100 миллиард сӯм пешбинӣ мешавад.
Барои боло бурдани таъминоти энергетикии саноат дар ҳамин сол 200 мегаватт иқтидор ва соли оянда боз 300 мегаватт таъсис дода мешавад. Илова бар ин, 150 неругоҳи хурд ва НБО-и кучак бо иқтидори умумии 30 мегаватт ба истифода дода мешаванд.
Барои рушди инфрасохтор ва соҳибкорӣ дар соли оянда ба минтақа тақрибан 10 триллион сӯм ҷудо карда мешавад.
Таъкид гардид, ки муттаҳид кардани минтақаҳои кӯҳистонии Бахмал ва Зомин ба як ҳалқаи ягонаи туристӣ имкон медиҳад садҳо нуқтаҳои хизматрасонӣ роҳандозӣ шуда, ҳазорҳо нафар бо ҷойи кор таъмин шаванд ва содироти хидматрасониҳои сайёҳӣ чандин маротиба афзоиш ёбад. Супориш дода шуд, ки соли оянда таъмири қитъаи 158-километрии роҳи «Зомин — Бахмал — Ғаллаорол» оғоз гардад. Ташаббус оид ба таъсиси кластери сайёҳӣ дар Бахмал дар масоҳати 39 гектар ба маблағи 40 миллион доллар дастгирӣ ёфт. Ба ноҳия мақоми минтақаи туристӣ дода мешавад.
Зарурати модернизатсияи фурудгоҳи Арнасой барои қабули ҳавопаймоҳои бузург алоҳида таъкид гардид. Илова бар ин, ба кӯли Айдар-Арнасой роҳи оҳан гузаронида мешавад.
Президент ба масъалаҳои кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Зикр гардид, ки аз 900 ҳазор гектар заминҳои лалмӣ ва чарогоҳҳо 110 ҳазор гектар дар захира қарор доранд ва онҳоро метавон барои парвариши зироатҳои хӯроки чорво, равғанӣ ва боғҳои саноатӣ ба гардиш даровард, ки ҳадди ақал 20 ҳазор нафарро бо ҷойи кор таъмин мекунад.
Фермерон ва чорводорони вилоят бо дархост муроҷиат намуданд, ки субсидияҳо барои барқи насосҳо дар аввали моҳ пардохт карда шаванд. Супориш дода шуд, ки чунин система дар тамоми ҷумҳурӣ ҷорӣ карда шавад.
Ҷиззах бояд ба минтақаи намунавӣ дар рушди картошкапарварӣ табдил ёбад. Аз соли 2026 механизмҳои нави дастгирии картошкапарварон: қарзҳои яксолаи 12-фоиза бо муҳлати имтиёзии шашмоҳа барои нуриҳо, техника ва сӯзишворӣ; кафолати 50-фоизаи маблағи қарз; ҷуброни нисфи хароҷот барои насби панелҳои офтобӣ барои насосҳо ҷорӣ мегарданд. Илова бар ин, аз соли оянда 50 фоизи хароҷоти барқ барои насосҳо ҷуброн карда мешавад. Техникаи воридотии кишт ва ҷамъоварии картошка аз пардохти боҷи гумрукӣ озод мегардад.
Ҳамчунин механизми ҷуброни 50 фоизи хароҷот барои нигоҳдории тухмиҳои суперэлита ва элита дар анборҳои яхдонӣ то расонидан ба фермерон ҷорӣ карда мешавад.
Барои боғдорони Бахмал чораҳои иловагии дастгирӣ: қарзҳои имтиёзии 14-фоиза ба муҳлати 7 сол бо се соли имтиёзӣ барои таъсиси боғҳои интенсивӣ; субсидия барои шпалераҳо аз 20 то 70 ҳазор сӯм пешбинӣ шудаанд. Барои анборҳои яхдонӣ қисми меъёри фоизи қарз – то 8 фоизи меъёри асосӣ – ҷуброн карда мешавад. Ба содиркунандагони маҳсулоти боғдорӣ ва боғпарварон барои пӯшонидани 50 фоизи хароҷоти бастубанд субсидияҳо дода мешаванд.
Дар маҷмӯъ, дар Бахмал мактаби таҷрибаи боғдорӣ ба роҳ монда, ин имтиёзҳо ба тамоми ҷумҳурӣ паҳн карда мешаванд.
Бо ҳамкории шарикони амрикоӣ дар Зомин фабрикаи бузурги паррандапарварии зотӣ ташкил карда мешавад, Ин кластер 100 ҳазор сар мурғи насли аввал ва 9 миллион тухми инкубатсионӣ истеҳсол хоҳад кард. Ин лоиҳаи нодир соҳаи парандапарварии кишварро ба зинаи нав мебардорад.
Дар муҳокимаи масъалаҳои сохтмон ва инфрасохтор Президент зарурати наздик кардани хизматрасониҳои иҷтимоӣ, бозори меҳнат ва инфрасохторро ба сокинони маҳаллаҳои дурдаст таъкид намуд.
Ба Кумитаи миллии урбанизатсия ва ҳокимияти вилоят супориш дода шуд, ки бо ҷалби коршиносони аврупоӣ нақшаҳои маҳорати рушди шаҳри Ҷиззах ва ноҳияи Шараф-Рашидовро ҳамчун як агломератсияи ягона таҳия намоянд.
Бо дарназардошти дархостҳои аҳолӣ, барои сабуктар кардани ҳаракати нақлиёт дар Ҷиззах роҳи дигари 10-километрӣ сохта мешавад. Корҳо оид ба бунёди пули нави болои роҳи оҳан байни шаҳраки Даштобод ва ноҳияи Хавос оғоз шудаанд.
– Имрӯз мо бо шумо вазифаҳои нави рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро муайян карда, масъалаҳои асосиро муҳокима намудем. Ҳадафи ягонаи ҳамаи ин талошҳо ва қарорҳое, ки мо қабул мекунем, таъмини қаноатмандии мардуме мебошад, ки дар ин ҷо зиндагӣ ва кор мекунанд ва минтақаро ба қаламрави ҳамаҷониба рушдёфта табдил додан аст», - таъкид кард роҳбари давлат дар ҷамъбасти ҷаласа.
Дар ҷараёни сессия ҳисоботи ҳокимони вилоят ва ноҳияҳо, инчунин андешаҳои фаъолон шунида шуданд.