Соҳаи хидматрасонӣ ба яке аз драйверҳои асосии рушди иқтисодии Ҷиззах табдил меёбад

  • Соҳаи хидматрасонӣ ба яке аз драйверҳои асосии рушди иқтисодии Ҷиззах табдил меёбад
  • Соҳаи хидматрасонӣ ба яке аз драйверҳои асосии рушди иқтисодии Ҷиззах табдил меёбад
  • Соҳаи хидматрасонӣ ба яке аз драйверҳои асосии рушди иқтисодии Ҷиззах табдил меёбад
  • Соҳаи хидматрасонӣ ба яке аз драйверҳои асосии рушди иқтисодии Ҷиззах табдил меёбад

Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти маҷмааи савдо ва хидматрасонии «Кӯк сарой», воқеъ дар шаҳри Ҷиззах низ шинос шуд.

Дар мамлакат бобати пешбурди хизматрасонии муосир дар соҳаи савдо, фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷорати хурд ва фаъолияти соҳибкорӣ корҳои густурда амалӣ мегарданд.

Маҷмааи «Кӯк сарой», ки дар шаҳри Ҷиззах фаъолият мебарад ва дар майдони 3,5 гектар қад рост кардааст, яке аз бузургтарин иншооти вилоят дар соҳаи савдо ва хидматрасонии маишӣ ба шумор меравад.

Дар ин ҷо беш аз 300 субъекти нави соҳибкорӣ фаъолиятро оғоз кардаанд. Дар натиҷа зиёда аз 800 ҷойи корӣ офарида шуд, аз ҷумла 100 нафар шаҳрвандони ниёзманд бо кор таъмин гардиданд.

Дар маҷмаа филиалҳои шабакаҳои калони савдо, 10 бренди бузурги маҳаллӣ ва хориҷӣ кор мебаранд, 250 дӯкони савдо, фуд-корт ва майдончаи кӯдакон ҷойгир аст. Ҳаҷми хидматрасониҳои солона 223 миллиард сӯмро ташкил медиҳад.

Муҳим он аст, ки дар маҷмаа китобхона ва дӯкони китоб низ ташкил шудааст.

Ҳамчун марҳилаи дуюми лоиҳа бунёди «Экобозор»-и сеошёна, ки ҳазор растаи савдоро фаро гирифта, махсус барои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст, дар назар аст. Дар натиҷа 2 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил мегардад.

Президент бо фаъолияти маҷмаа шинос шуда, бо ҳозирин мулоқоти самимӣ анҷом дод. Зарурати рушди минбаъдаи хидматрасониҳо дар асоси тамоюли маҷмӯӣ, зиёд намудани теъдоди чунин марказҳо дар дигар минтақаҳо таъкид гардид.

Бо ҳамин роҳбари давлат сафари худро ба вилояти Ҷиззах анҷом дода, ба Тошканд баргашт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: