Ҷамъияти ногироёни вилоят дар ошёнаи сеюми бинои бисёрошёнаи рақами 4-и кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Бухоро воқеъ гардидааст. Вақте ки мо он ҷо расидем, раиси шуъбаи ҳудудии ҷамъият Мирсаид Неъматов ва корманди соҳа Алфия Танташеваро саргарми кор дидем.
Мирсаид Неъматов баъди хатми мактаби миёна дар трести сохтмони 163-юми шаҳр чун коргари оддӣ фаъолият оғоз намуда, дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Баъди хатми мактаби олии ҳизбии Тошканд дар комиҷроияи шаҳр фаъолият нишон дода, борҳо намояндаи халқ интихоб гаштааст. Ӯ корманди пуртаҷрибаи шуъбаҳои шаҳрӣ ва вилоятии Ҷамъияти ногироёни Ӯзбекистон буд, аз соли 2007 ин инҷониб раиси шуъбаи зикршуда мебошад.
– Аз оғози соли 2023 аз ҳисоби бахши вилоятии Фонди ҷамоатии дастгирӣ намудани институтҳои ҷамъияти шаҳрвандии назди Олий Маҷлис субсидия мегирифтагӣ шудем – мегӯяд мусоҳиби мо.
– Ҳоло низоми кори кормандони соҳаи шумо чӣ гуна аст?
– Шуъбаи ҳудудии вилоят дар шаҳру ноҳияҳо 12-то бахш дорад. Шуъбаи ҳудудии вилоят 4 нафар, бахшҳои шаҳру ноҳияҳо дутогӣ ходимро муттаҳид кардааст.
– Дар бораи мақсад ва вазифаҳои ҷамъиятии ногироён маълумот медодед.
– Фаъолияти асосии ҷамъияти ногироён аз фароҳам овардани имконияти якхела ба аъзоёни шуъба, ногироён, кӯмакрасонӣ ба иштироки фаъоли онҳо ба ҳаёти иҷтимоӣ, ба қадри ҳол ба меҳнат ҷалб кардани эшон, мададрасонӣ ба масъалаҳои маишӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо иборат аст.
Дар вилояти мо низ бобати ҳифзи иҷтимоии ногироён, дастгирии ҳаматарафаи онҳо корҳои зиёд ба сомон расиданд.
Ба мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ногироён ба онҳо дар соҳаҳои гуногун имтиёз ва сабукиҳо дода шуданд. Дар давоми нӯҳ моҳи сипаришуда шуъбаи ҳудудӣ ва бахшҳои он барои таъмини иҷрои вазифаҳои дар низом таъкидёфта якҷо бо раисони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои шаҳру ноҳия маъюбонро ба қайд мегиранд.
Бояд таъкид намуд, ки ҳоло дар вилоят 52 ҳазор нафар маълул будубош доранд. Мувофиқи ҷадвал шумора, вазъи оилавӣ, гурӯҳ, бачагони ноболиғи ногирое, ки дар шароити хона таълим мегиранд, бо кор таъминшавӣ, маъюбони бистарӣ ва ғайра омӯхта мешаванд.
– 3-декабр Рӯзи байналмилалии ногироён аст. Ид муборак бошад!
– Ташаккур!
– Шумо, ки таҷрибаи зиёди корӣ доред, байни дирӯз ва имрӯзи кор бо маъюбон чӣ тавофут мебинед?
– Тавре дар оғози суҳбат гуфтам, то қарибиҳо кори мо характери ҷамоатӣ дошт. Ҳоло ҳам эътибор, ҳам масъулият афзудааст. Бояд эътироф намуд, ки имрӯз дар мамлакатамон масъалаи гиромидошти қадри инсон аҳамияти аввалиндараҷа пайдо карда, ғамхориҳои давлат беш аз пеш афзудааст. Агар аз хусуси кор бо маълӯлон ҳарф занем, имрӯз ҷамъияти ногироён такъягоҳи ягона нест. Вай ташкилоти нодавлатию нотиҷоратист. Солҳои охир Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, «Инсон» барин сохторҳои нав арзи вуҷуд карданд, ки баҳри манфиати инсон хидмат мекунанд. Аз ин рӯ, мо танҳо нестем, шарикони ҳаммаслак ва ҳамкор дорем. Корхонаҳои давлатӣ, ҳокимиятҳо мададгори моянд.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.