Ба муносибати 3 декабр – Рӯзи байналмилалии маъюбон мусоҳиба бо раиси Ҷамъияти нобиноёни ноҳияи Самарқанд Манучеҳр ҶУМЪАЕВ пешкаши хонандагон мегардад.
– Нахуст дар бораи роҳи тайкардаатон чанд сухан мегуфтед...
– Камина зодаву парвардаи маҳаллаи Андиҷонӣ ҳастам. Мактаби махсуси нобиноёни рақами 59-уми шаҳри Самарқандро хатм кардаам. Сипас факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқандро ба поён расондам. Чанд сол дар мактаби рақами 39-ум ҳамчун муаллими синфҳои махсуси нобиноён кор кардам. Ҳоло роҳбарии Ҷамъияти нобиноёни ноҳияро дар уҳда дорам. Барои ман ин вазифа, пеш аз ҳама, хидмат ба одамони мисли худам нобино аст.
Мо 159 нафар аъзо дорем. Ҳар кас мушкилеву ниёзе дорад. Ман кӯшиш мекунам, ки ҳар як узви ҷамъият эҳсос кунад, ки ӯ танҳо нест. Аз беморони бистарӣ бо туҳфаҳои рамзӣ хабар мегирем. Як сухани меҳрубонона, як таваҷҷуҳи хурд метавонад рӯҳи инсонро бардорад, ӯро хурсанд кунад.
– Чӣ гуна имкониятҳои фарҳангию маърифатӣ доред?
– Дар Маркази ахбору китобхона бо эҷодкорон суҳбат ва тақдимоти китоб баргузор мекунем. Бахшида ба санаҳои муҳим тадбирҳои гуногун мегузаронем. Ин чорабиниҳо барои нобиноён хеле муҳиманд, ҷаҳонбиниашон васеъ мешавад, худро як қисми ҷомеа эҳсос мекунанд.
– Чӣ дастовардҳо доред?
– Ду нафари узви мо – Рустам Нарзиев ва Ориф Лутфиев алҳол дар докторантура таҳсил доранд. Ғайрат Рустамов ва Ҳомид Қуддусов бошанд, сарояндагони хубанд, дар мактаб ва боғча аз мусиқӣ дарс медиҳанд.
– Бояд гуфт, ки солҳои охир барои шахсони имконияти ҷисмониашон маҳдуд қонун ва барномаҳои хуб роҳандозӣ шудаанд. Мо дастгирии давлат ва мақомоти ноҳиявиро хуб эҳсос мекунем. Онҳо ба ҳар як муроҷиату дархости мо эътибор медиҳанд ва роҳҳои ҳалли онро меёбанд. Алҳол шароити зиндагӣ ва кор нисбат ба солҳои пеш беҳтар шудааст, ки барои ин сипосгузорем. Танҳо мехостам бигӯям, ки бинои ҷамъият чандон мувофиқ нест. Хонае, ки барои он ҷудо шудааст, ҳамагӣ 2,5 ба 7 метр буда, тиреза надорад, торик аст, ҳаво намерасад. Деворҳо таъмирталабанд, шароит барои баргузории ҷамъомад ё машваратҳо басе маҳдуд мебошад. Мо ин ҳамаро бо чашми дил эҳсос мекунем. Умед ва бовар дорем, ки бинои ҷамъият ба шароити рӯзгори мо мувофиқ мешавад.
– Дар бораи хайру эҳсон чӣ назар доред?
– Баъзан дилам зиқ мешавад. Одамон хайрашонро бештар ба хонаҳои меҳрубонии кӯдакон ё пирон мебаранд. Ин кори нек аст, аммо онҳое, ки дар хонаводаҳои одӣ зиндагӣ доранд ва бо амри тақдир маъюб шудаанд, ҳамеша интизори таваҷҷӯҳ мемонанд. Баъзан онҳоро аз ёд мебароранд. Ҳол он ки туҳфаи хурд ҳам барои аъзои мо рамзи эътибор ва эҳтиром аст.
– Шумо оиладор ҳастед. Оё ин масъулияти вазнин якҷо бо оила шуморо хаста намекунад?
– Не. Оила бароям қуввати рӯҳист. Ҳамроҳи ҳамсарам, дӯзандаи моҳир Шаҳло Азизова ду фарзанд – Ҷавоҳир ва Паричеҳраро ба воя мерасонем. Вақте дар хона муҳаббат ҳаст, инсон дар ҷомеа низ худро қавӣ эҳсос мекунад.
Аксарияти шахсони имконияташон маҳдуд дорои қобилиятҳои бузург мебошанд. Танҳо каме таваҷҷӯҳу дастгирӣ ва эътибор зарур аст. Мо мехоҳем, ки ҳар узви ҷамъиятамон дар ҷомеа мавқеъ пайдо кунад ва аз он дар канор набошад.
– Барои суҳбат ташаккур!
Мусоҳиб Дилрабо НАСИМӢ.
Вилояти Самарқанд.