Крикет: масъалаҳои рушд ва таъмини беҳтар кардани инфрасохтори соҳа

Крикет аз маъруфтарин намудҳои варзиш аст ва ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дохил гаштааст. Алҳол варзиши мазкур дар саросари ҷаҳон беш аз 4 миллиард мухлисони ашшадии худро доро мебошад.

Тибқи маълумот, марҳилаи рушди крикет дар асри XVIII дар ҷанубу ғарбии Англия ва дар асри XIX ва XX дар саросари ҷаҳон паҳн шуд. Аввалин мусобиқаи байналмилалии крикет дар таърихи ҷаҳон соли 1844 ва аввалин чемпионати крикети санҷишӣ соли 1877 баргузор шудааст.

Клуби крикети Мелбурн аз ҷониби лордҳо ҳамчун ягона созмон эътироф шудааст. Крикет дар асри XVII ба Амрикои Шимолӣ, Ҳиндустон, Австралия, Зеландияи Нав ва Африқои Ҷанубӣ ворид шуд. Айни замон, он махсусан дар бисёр кишварҳои Африқои Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Покистон, Шри-Ланка, Бангладеш, Аморати Муттаҳидаи Араб, Эрон, Афғонистон, Британияи Кабир, Австралия, Зеландияи Нав маъмул аст.

 Соли 2019 Федератсияи крикети Ӯзбекистон таъсис ёфт ва дар муддати кӯтоҳ дар кишвар 6 дастаи то 13-сола, 14 дастаи то 19-сола, 4 дастаи калонсолон ва 9 дастаи занон ташкил шуданд. Дар шаҳри Тошканд, вилоятҳои Қашқадарё, Фарғона, Самарқанд, Тошканд, Сурхондарё, Бухоро ва Хоразм дастаҳои крикет мавҷуданд ва дар давраи гузашта байни онҳо мусобиқаҳо баргузор шуданд. Ғайр аз ин, дар кишвари мо 2 даста аз мухлисони крикети хориҷӣ, ки дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд, ташкил шудаанд.

Федератсия ҳамкориҳои байналмилалиро ба роҳ мондааст. Масалан, бо Федератсияҳои крикети Русия, Туркия, инчунин бо сафоратхонаҳои Ҳиндустон ва Покистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Минбаъд чунин ҳамкорӣ бо Афғонистон ба роҳ монда мешавад.

Дар нишасти матбуотӣ, ки дар Маркази миллии матбуот барпо гардид, масъалаҳои рушди ин намуди варзиш, таъмини оммавияти он ва беҳтар кардани инфрасохтори зарурӣ баррасӣ шуданд.

 Дар он раиси Федератсияи крикети Ӯзбекистон Азиз Михлиев, котиби генералии Шӯрои крикети Афғонистон Насиб Хон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок доштанд. Онҳо оид ба ҳамкориҳои судманд бо Шӯрои крикети Осиё ва байналмилалӣ, аз қабили Англия, Ҳиндустон, Покистон ва минбаъд бо Афғонистонро қайд карданд.

 – Мо бо Афғонистон ҳамкориро ба роҳ монданием, – иброз дошт Азиз Михлиев. – Алҳол гурӯҳи крикети Афғонистон дар байни кишварҳои Осиё ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Новобаста ба шароити кунунии сиёсӣ ин кишвар доир ба крикет ба натиҷаҳои баланд соҳиб шудааст. Мақсад аз меморандум бо Афғонистон дар азхудкунии ҷиҳати услубию техникии крикет ба дастаҳои рушдёфтаи ӯзбекистонӣ ёрӣ расондан, ба ҳакамони дастаҳо, ташкилу тартиб ва қоидаҳои бозиҳо маслиҳатҳои услубию зарурӣ  расондан аст. Ба ғайр аз ин, гурӯҳи  ӯзбекистониро ба Афғонистон даъват кардан ё ташрифи гурӯҳи онҳоро ба кишвари мо ташкил намуда, гузаронидани дарсҳои маҳорат дар назар аст.

Федератсия як қатор корҳоро барои ҷалби васеи ҷавонон ба ин намуди варзиш анҷом медиҳад. Дар ин робита, таваҷҷӯҳи асосӣ ба корҳои интихобӣ ва таблиғотӣ дар байни ҷавонон равона карда мешавад. Кушодани бахши крикет дар мактабҳои олии тарбияи ҷисмонии кишвар ба оммавӣ гардондани ин намуди варзиш омили муҳим мебошад. Таъкид намудан ҷоиз аст, ки моҳи январи соли 2021 федератсия аз ҷониби Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ӯзбекистон ба қайд гирифта шуд. Ин ҳуҷҷат имкониятро барои ҷорӣ кардани крикет дар мактабҳои варзишии кӯдакон ва наврасон, коллеҷҳои захираҳои олимпӣ, хулоса, дар муассисаҳои варзишӣ ва таълимӣ фароҳам овард.

 Шубҳае нест, ки рушди крикет дар кишвари мо ба инкишофи низоми сайёҳии Ӯзбекистон низ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Тавре ки дар боло зикр гардид, крикет дар ҷаҳон беш аз 4 миллиард мухлис дорад. Агар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар кишвари мо баргузор шаванд, пахши телевизионии онҳо дар саросари ҷаҳон барпо мешавад. Масалан, агар бозӣ 2 соат давом кунад ва дар танаффуси 10 дақиқаӣ барномаҳои телевизионӣ дар бораи марказҳои сайёҳии кишвари мо – ёдгориҳои меъморӣ, ба монанди Самарқанд, Бухоро, Хива, Шаҳрисабз, аҷдоди бузурги мо ба монанди Берунӣ, Имом Бухорӣ, Тирмизӣ, Фарғонӣ ва видеоҳо дар бораи ҷойҳои ҷолибтарини сайёҳӣ пахш карда шаванд ва онро ҳадди ақалл 50 фоизи чор миллиард мухлиси крикет аз телевизион тамошо кунанд, чандон мухлис ба боздид аз Ӯзбекистон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, дар натиҷа, крикет  ҳамчун корти аҷиби даъватӣ хидмат хоҳад кард.

Айни замон дастаҳои крикети мардона ва занона ташкил карда мешаванд ва омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии навбатӣ идома дорад.

Дар поёни конфронс байни Федератсияи крикети Ӯзбекистон ва Шӯрои крикети Афғонистон меморандум барои тақвияти ҳамкорӣ, баргузории ҷаласаҳои муштараки тамринӣ ва мубодилаи таҷриба ба имзо расид.

Гулҷаҳон Кабирова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: