Конститутсия – кафолати қадри инсон ва устувории адолат

Бар асоси фармоиши Роҳбари давлати мо аз 21 ноябри соли ҷорӣ «Дар бораи омодагӣ ва гузаронидани ҷашни Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон», дар кишвари мо санаи қабули Сарқонуни мамлакат бо шиори «Конститутсия – гарави қадри инсон, озодӣ, баробарӣ ва адолат!» таҷлил карда мешавад.

Муовини раиси Кумитаи оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ ва масъалаҳои туризми Сенат Одилҷон Маматкаримов, андешаҳои худро дар бораи Конститутсия баён кард:

– Дар ҳаёти ҳар як давлати мустақил Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ мавқеи махсус дорад. Он на танҳо асоси ҳуқуқии тараққиёти мамлакатро муайян мекунад, балки орзуву умедҳо, арзишҳо ва боварии халқро ба оянда таҷассум менамояд.

Конститутсия – ин танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ набуда, балки арзиши маънавиест, ки мардумро муттаҳид мекунад ва дар шаҳрвандон ҳисси масъулиятро барои тақдири Ватан бедор месозад. Он дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули рӯҳи эҳтиром ба қонун нақши муҳим мебозад. Хусусан барои насли ҷавон Конститутсия  мактаби демократия, адолат ва ватанпарварист.

Гузашти 33 сол аз қабули Конститутсия барои мардуми мо аҳамияти бузурги таърихӣ ва маънавӣ дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 8 декабри соли 1992 қабул шуд, яке аз қадамҳои қатъӣ дар роҳ ба сӯи барпо намудани давлати мустақил гардида,  пойдевори мустаҳками низоми ҳуқуқии миллӣ шуд. Он барои бунёди давлате, ки бар принсипҳои демократӣ асос ёфта, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар он устувор эътироф шудаанд ва волоияти қонун таъмин мегардад, хидмат намуд.

Дар давоми 33 соли сипаришуда Конститутсия асоси боэътимоди ҳуқуқии ислоҳотҳои густурдаи кишвар гардид. Ислоҳот дар соҳаҳои муҳими давлатдорӣ, такомили низоми идораи давлатӣ, рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини адолат дар соҳаи суду ҳуқуқ – ҳама бар асоси меъёрҳои Конститутсия амалӣ мешаванд.

Хусусан, таҳрири нави Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 30 апрели соли 2023 тавассути раъйпурсӣ қабул гардид, боварии қавии халқро ба ислоҳи ҳаёти давлат ва ҷомеа ва мавқеи фаъоли шаҳрвандиро равшан инъикос намуд. Ин раъйпурсӣ на танҳо навсозии ҳуҷҷати ҳуқуқӣ буд, балки ғояи «Барои қадри инсон»-ро ба сатҳи сиёсати давлатӣ баровард ва баёнгари муколамаи ошкори байни халқ ва давлат гардид.

Таҳрири нави Конститутсия аз рӯи моҳият ва мазмун дорои аҳамияти таърихист. Дар он Ӯзбекистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ мустаҳкам карда шуда, масъулияти давлат нисбат ба инсон ва таъмини зиндагии шоистаи ӯ ба таври равшан муайян гардид. Дастгирии аҳолии камбизоат, ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои маъюбият, пиронсолон ва ҷавонон ҳамчун вазифаи муҳими давлатӣ ба сатҳи меъёри конститутсионӣ табдил ёфт.

Конститутсияи нав ба такмил додани идоракунии давлат, боз ҳам мустаҳкам кардани механизми мувозинат ва боздорандагӣ байни шохаҳои ҳокимият, инчунин афзун намудани нақши назорати ҷамъиятӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ хидмат мекунад. Ҳамзамон, барои рушди ошкорбаёнӣ, ҳисобдорӣ ва ташаббускорӣ дар ҷомеа шароити муносиб фароҳам мегардонад.

Таҳрири нави Конститутсия марҳалаи нави рушди кишвари моро муайян намуд. Дар он меъёрҳое, ки ислоҳоти иқтисодӣ, муҳити соҳибкорӣ ва сармоягузориро дастгирӣ мекунанд ва барои рушди устувор кафолати ҳуқуқӣ медиҳанд, бештар инъикос ёфтаанд. Ҳамчунин, мустаҳкам гардидани меъёри конститутсионии ҳифзи муҳити зист ва ҳуқуқ ба зиндагӣ дар муҳити солим – инъикоси равшани масъулият нисбат ба тақдири наслҳои оянда мебошад.

Хулоса: Конститутсия ифодаи ҳуқуқии ирода, тафаккур ва боварии мардуми мо ба оянда аст. Ин ҳуҷҷати таърихӣ роҳро барои инкишофи давлат ва ҷомеа дар роҳи бунёди Ӯзбекистони Нав ҳамвор месозад ва қадри инсонро ҳамчун меъёри олии зиндагӣ муайян мекунад.

Конститутсия дар тӯли асрҳо ба халқи мо хидмат мекунад ва ҳамчун дастури боэътимод дар роҳи адолат ва тараққиёт боқӣ хоҳад монд. Пайравӣ ба он ва татбиқи принсипҳои дар он муқарраргардида — қарзи муқаддаси ҳар кадоми мост.

Суҳбатнигор Норгул Абдураимова, мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: