Чанде пеш ба таҳририяти рӯзнома аз номи волидон ва гурӯҳи омӯзгорону донишомӯзони мактаби таълими умумии рақами 67-уми ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё номае дастрас шуд.
«Бузакам намур, ки баҳор меояд...»
«Ман Орзуев Маҳкамтош, омӯзгори собиқи мактаб ҳастам. Синнам дар 73 аст. Соли 1960 ба синфи якум қабул шуда, соли 1970 мактабро хатм кардам. Дар давоми даҳ сол фанни тарбияи ҷисмониро омӯхтем, аммо вақти хатм тӯпҳои футбол, волейбол, баскетбол, гандбол ва дигарашро аз ҳам фарқ карда наметавонистам. Пас аз хатми мактаб дар омӯзишгоҳу мактаби олӣ хондам. Азбаски дар мактаб ягон намуди варзишро наомӯхта будам, то ҳол ба спорт завқу шавқ надорам. Фақат тавассути шабакаҳои телевизионӣ мусобиқаҳои варзиширо тамошо мекунам ва ба ғолибу ҷоизадорони олимпиадаву чемпионатҳо бо чашми ҳавас менигарам.
Бояд гуфт, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Ватанамон эътибор ба соҳаи спорт хеле беҳтар шуд. Аммо барои фарзандони мо ягон чиз тағйир наёфт: ҳоло ҳам монанди ҳамон солҳоест, ки ман мехондам. Охир фарзандони мо ҳам чун миллионҳо нафар хонандагони дигар дар дил орзую ҳавас доранд. Мехоҳанд дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок кунанд. Афсӯс, ки аз сабаби вуҷуд надоштани майдон ва толори варзишӣ наметавонанд бо спорт машғул шаванд. Мо аз номи маъмурияти мактаб ва падару модарон борҳо ба ташкилотҳои дахлдор муроҷиат кардем, аммо ҳеҷ кас ба доди мо намерасад. Фақат ба мазмуни «бузакам намур, ки баҳор меояд» ҷавоб медиҳанд. «Ба барнома гузоштем, албатта мешавад», мегӯянд.
Аз Шумо, кормандони рӯзнома хоҳиш мекунем, ки илтимоси мо – омӯзгорон, падару модарон, мӯйсафедон ва хонандагонро ба инобат гирифта, барои ҳалли мушкили мо – бунёди толори варзишӣ дар мактаб кумак расонед, то фарзандони мо сиҳату саломат ва аз лиҳози ҷисмонӣ пурқувват ба камол расанд. Аз байни онҳо ҳам чемпионҳо, парчамбардорони Ватан бароянд.
Ин хоҳиши деринаи сокинони деҳаи Ҷавзро ба ташкилотҳои мутасаддӣ расонида, барои ҷомаи амал пӯшондани орзуи мо ёрӣ расонед».
Ин матни нома буд, ки бо андак таҳрир овардем. Дар поёни он омӯзгорони собиқадор, муаллимон ва 34 нафар донишомӯзони мактаб имзо гузошта буданд.
Вақте ному насаби хонандагонро, ки аз синфҳои гуногун буданд, як-як мехондам ва ба имзои онҳо менигаристам, беихтиёр як эҳсоси ғамангез вуҷудамро фаро гирифт. Ба худ савол додам: онҳо вақте дар хат имзо мегузоштанд, чӣ гуна ҳолат, рӯҳия ва дар дил чӣ ҳиссе доштанд? Аҷаб нест, ки дар он ҳангом дар умқи дилашон шуълаи хурди умед ва боварӣ ба ҳаллу фасли ин мушкил ва сохта шудани толори замонавии варзишӣ дар мактабашон ҷилва мезад. Ва маҳз ба хотири он ки ин шуълаи умед дар дилҳои наврасон хомӯш нашавад, қарор кардем, то ин мавзӯъро пайгирӣ намоем.
Ислоҳоту комёбиҳо зиёданд, аммо...
Дар ҳақиқат, ҳар як падару модар мехоҳанд, ки фарзандонашон соҳиби дониши мустаҳкам, хӯю хислати накӯву писандида ва ҳамзамон аз лиҳози ҷисмонӣ солиму бардам бошанд. Ба ин маъно роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев низ барҳақ гуфтаанд, ки «Орзую нияти ҳар як инсон, ҳар як падару модар тарбияи насли аз лиҳози ҷисмонӣ ва маънавӣ баркамол аст. Ва бидуни тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба ин наметавон ноил шуд».
Маҳз бо ҳамин мақсад тӯли солҳои охир таҳти ташаббус ва роҳнамоии сарвари давлат бобати оммавӣ намудани навъҳои гуногуни варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни аҳолӣ, бахусус, ҷавонон, тарбияи насли баркамол, ки поягузорони Ӯзбекистони Нав ҳастанд, инчунин ҷиҳати сохтмони иншооти варзишӣ, таъмиру тармим, мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникии онҳо корҳои шоистаи таҳсин амалӣ мегарданд.
Бо ин мақсад даҳҳо фармон ва қарорҳои сарвари давлат имзо гардида, қарорҳои Девони Вазирон, фармоишҳои вазорату ниҳодҳои мутасаддӣ қабул шудаанд. Ғайр аз ин, ҳамасола дар барномаҳои давлатӣ ба масъалаи «Густариши доираи фарогирии ҷавонон бо шуғли тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» (мақсади 34-ум) диққати махсус дода мешавад.
Дар Фармони Президент «Дар бораи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» низ то соли 2030 тавассути ташкили чорабиниҳои оммавии варзишӣ ба 8 миллион расонидани фарогирии ҷавонон бо варзиш, ба 36 дарсад зиёд кардани саҳми аҳолӣ дар ин самт, бунёди на кам аз 5 ҳазор майдончаи варзишӣ дар маҳаллаҳо муқаррар гардидааст.
Маҳз бо мақсади таъмини иҷрои ин санадҳо, барномаҳои давлатӣ, инчунин, дар пояи ислоҳоти густурда дар ин бахш, тӯли ҳашт соли охир корҳои босамар амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, маблағҳои солонае, ки аз ҳисоби буҷет барои соҳаи варзиш ҷудо мешаванд, аз 250 миллиард сӯм то ба 3 триллион сӯм афзоиш ёфтанд. Беш аз 250 иншооти бузурги варзишӣ бунёд гардиданд, тақрибан 100 иншоот таъмир шуд, дар маҳаллаҳо, бахусус дар деҳаҳои дурдаст қариб 2 ҳазор майдончаи варзишӣ қад афрохт.
Муҳимтар аз ҳама, барои аз поёнтарин зина – маҳалла оғоз кардани корҳо ҷиҳати тарғибу оммавӣ кардани намудҳои варзиш низоми муайян роҳандозӣ шуд. Ҳамасола мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, чун «Олимпиадаи панҷ ташаббус», «Нафаси нав», «Ниҳолҳои умед», «Авлоди баркамол», «Универсиада» ва ғайра доир мегарданд. Илова бар ин, аз имсол гузаронидани мусобиқаҳои «Олимпиадаи Президент», «Лигаи мактаб», «Лигаи донишҷӯён», «Ҷоми таълими олӣ», «Ҷоми ректор», «Ҷоми роҳбар», «Ҷоми ҳоким» ва амсоли инҳо роҳандозӣ шуданд.
Маҳз дар доираи ин чорабиниҳо бо қарори Президент «Дар бораи фароҳам намудани шароити иловагӣ барои бо варзиш мунтазам шуғл варзидани ҷавонон» рӯзи панҷшанбеи ҳафта чун Рӯзи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муайян гардид.
Албатта, ин ҳама ислоҳот, тағйирот, созандагӣ дар соҳаи варзиш, инчунин, комёбиҳои варзишгарони мо дар сатҳи мамлакату арсаи байналмилалӣ шоистаи эътирофанд ва бо онҳо метавон ифтихор кард. Сад афсӯс, ки мо натиҷаҳои чунин иқдом, дигаргунӣ ва бунёдкориҳоро дар ҳама гӯшаву канори мамлакат наметавонем мушоҳида кунем. Дар натиҷаи беэътибории баъзе роҳбарону мутасаддиён ба иҷрои супоришот ва ҳалли мушкилоту муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҳанӯз дар баъзе минтақаҳо, бахусус, маҳаллаву деҳаҳои дурдаст сатҳи фарогирии аҳолӣ ва бачагон бо варзиш хеле поин аст, баъзе иншооти варзишӣ таъмирталабанд, пойгоҳи моддиву техникии хароб доранд, бо таҷҳизоти варзишӣ таъмин нагардидаанд ва ҳатто мактабҳое ҳастанд, ки то ҳол толори варзишӣ надоранд.
Яке аз чунин масканҳои таълимӣ мактаби ҳамагонии рақами 67-уми ноҳияи Китоб мебошад, ки аз замони бунёд то ба ҳол на толори варзишӣ дораду на таҷҳизоти зарурии онро.
Мушкил кай ҳал мешавад?
Мактаби таълими умумии рақами 67-ум дар деҳаи Ҷавзи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Кӯҳсор»-и ноҳияи Китоб ҷойгир аст. Маҳалла деҳаҳои Матмон, Ҷавз, Аспидухтар, Шут ва Деҳнавиболоро дар ихтиёр дорад, ки дар фосилаи то 25 километр ҷойгиранд.
Мактаби мазкур соли 2012 бунёд гардида, барои 180 нафар пешбинӣ шудааст. Ҳоло дар ин маскани таълим 278 нафар донишомӯз дар ду баст таҳсил мекунанд. Мутаассифона, дар мактаб то ҳол толори варзишӣ сохта нашудааст.
Бачаҳо дар рӯзҳои гарму офтобӣ дар майдончаи хурд, вайрона ва назарногири назди мактаб бо варзиш машғул мешаванд. Аммо баробари оғози мавсими боришот ва сард шудани ҳаво ин ғайриимкон мегардад. Азбаски ҳавои кӯҳистон серборишу сардтар аст, хонандагон қисми асосии дарсҳоро ноилоҷ дар синфхонаҳо мегузаранд.
Бо вуҷуди ин камбудӣ ва мушкилиҳо, шогирдони мактаб дар мусобиқаҳои варзишӣ фаъол иштирок мекунанд, ҷойҳои ифтихориро ба даст меоранд. Аз ҷумла, чанде пеш дастаи волейболбозони мактаб дар зинаи ибтидоии мусобиқаи варзишии «Лигаи мактаб» ҷойи якум ва дар марҳилаи ноҳиявӣ ҷойи дувумро ба даст оварданд. Инчунин, шогирди мактаб Баракатуллоҳ Луқмонҷонов дар зинаи ибтидоии мусобиқа дар доираи «Олимпиадаи панҷ ташаббус» аз шоҳмот мақоми якумро соҳиб шуд.
Ваъдаҳо дар коғаз мемонанд...
Аҳли деҳа солҳост саъю кӯшиш мекунанд, то роҳу имконе пайдо карда, дар мактаб толори варзишӣ созанд ва барои бо спорт машғул шудани фарзандонашон шароит фароҳам оваранд. Бо ин мақсад чанд бор сохтмони толори варзиширо дар лоиҳаи «Буҷети ташаббуснок» гузоштанд, вале бинобар кам будани аҳолии деҳа натавонистанд пирӯз шаванд.
Ғайр аз ин, фаъолони деҳа аз рӯйи ин масъала ба ҳокимияти вилояту ноҳия, садорат ва шуъбаи таълими томактабиву мактабӣ, ҳатто ба ташкилотҳои мутасаддии сатҳи ҷумҳурӣ ариза, талабнома, илтимосномаҳо фиристоданд, борҳо ба таври даҳонӣ муроҷиат карданду мекунанд, аммо фарёдрасе ёфт намешавад, ки мушкилро ҳал кунад. Ҳатто депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Қаҳрамон Эргашев аз рӯйи ин масъала ба вазири таълими томактабӣ ва мактабӣ номаи расмӣ (аз 15 марти соли 2023, таҳти рақами 04/7-09-80) ирсол намуда, маълум кардааст, ки мактаби рақами 67 то ҳол толори варзишӣ надорад ва донишомӯзон дар мавсими тирамоҳу зимистон аксар дарсҳои тарбияи ҷисмониро ба таври назарӣ ё дар майдончаи саҳни мактаб, ки ба талаб ҷавоб намедиҳад, дар болои барф, лойу хок мегузаранд. Ва хоҳиш намудааст, то «бо ҷалби мутахассисон мушкилро омӯхта, дар бораи натиҷа маълумот диҳанд».
Ба ин хат бо имзои муовини вазир Темурҷон Комилов ҷавоб (аз 28 марти соли 2023, таҳти рақами 03-05/2-1010) дастрас гардида, дар хат роҷеъ ба корҳое, ки дар вилояти Қашқадарё дар ин самт амалӣ гардидаанд, ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки имзо шудаанд, маълумот дода, дар охир чунин хулоса шудааст: «бо назардошти муҳим ва зарур будани сохтмони толори варзишӣ ва зали фаъолон дар мактаби таълими умумии рақами 67-уми ноҳияи Китоб, дар асоси тавсияҳои роҳбарони секторҳо ва Шӯрои намояндагони халқи маҳаллӣ, дар давоми соли 2023 аз ҳисоби маблағҳои иловагӣ ё маблағҳои буҷети маҳаллӣ, ё ки бо назардошти таҳияи бастаи лоиҳаҳои инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ки дар се соли оянда иҷрои онҳо пешбинӣ шудааст, дар доираи нишондиҳандаҳои мақсадноки барои солҳои 2024-2025 пешбинишуда татбиқ намудани онро мувофиқи мақсад медонем».
Афсӯс, ки соли 2024 гузашту инак, соли 2025 ба охир мерасад. Аммо то ҳол на маблағ ҷудо шуду на толори варзишӣ бунёд гардид.
Аҳли деҳа аз ин беэътиборӣ ба муроҷиатҳо ва ваъдабозиҳои мутасаддиён танг шуда, чанде пеш боз ба «Call-markaz»-и Президенти ҷумҳурӣ (таҳти рақами 17845-rc/25), инчунин, «Телефони боваринок»-и Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ (таҳти рақами 977) муроҷиат кардаанд. Ва дар асоси ин муроҷиат айнан бо имзои ҳамон муовини вазир – Темурҷон Комилов ба ҳокимияти вилояти Қашқадарё ва муроҷиаткунандагон нома (аз 7 ноябри соли 2025, таҳти рақами 05-41-7588) фиристода шудааст. Дар ин хат низ ҳамон ҷумлаҳои ду сол пеш гуфташуда қариб айнан такрор гардида, дар анҷом чунин хоҳиш ба миён гузошта шудааст: «бо назардошти муҳим ва зарур будани сохтмони толори варзишӣ ва фаъолон дар мактаби таълими умумии рақами 67-уми деҳаи Ҷавзи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Кӯҳсор»-и ноҳияи Китоб... ҳангоми таҳияи барномаи рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар солҳои оянда ё аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва сарпарастӣ ҷудо карда, ҷиҳати беҳсозии инфрасохтор ва бо инвентарҳои зарурии варзишӣ таҷҳизонидани мактаб, фароҳам овардани шароити мусоид ва замонавӣ барои ҷавононе, ки таҳсил мегиранд, ёрии амалӣ расонед».
Саволи барҳақ ба миён меояд: наход муовини вазир зимни ҷавоб навиштан ба ин муроҷиати ҷавзиён фикр накард, ки чаро ин мушкил ду сол боз ҳалли худро наёфт? Барои чӣ масъаларо, ки худи ӯ «муҳим ва зарур» арзёбӣ кардааст, ҷиддитар пайгирӣ накарда, бо овардани чанд ҷумлаи такрорӣ қаноат намуд? Охир дар замири ин муроҷиат, тақдир ва ояндаи садҳо нафар ҷавонон ниҳон аст.
– Имрӯз дар мамлакатамон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш корҳои шоиста амалӣ мегарданд, – иброз дошт зимни мулоқот бо телефон омӯзгори собиқадор Маҳкамтош Орзуев. – Сад афсӯс, ки донишомӯзони мактаби мо аз аксари чунин имкониятҳо бенасибанд. Росташ, аз даву тоз, муроҷиат хаста шудем. Дар даст чанд нусхаи муроҷиат ва ҷавоби онҳоро дорем. «Ба барнома даровардем», «албатта месозем» мегӯянду лекин афсӯс, ҳама ваъда дар коғаз мемонад...
Воқеан, пас аз дастрас гардидани номаи аҳли деҳа мо низ ба мудири шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳияи Китоб Мансур Ҷониев хат (таҳти рақами 59, аз 12 ноябри соли 2025) фиристодем ва хоҳиш кардем, то дар бораи корҳое, ки тӯли соли 2025 ҷиҳати бунёди иншооти варзишӣ дар мактабҳои ҳамагонии ноҳия, таъмир ва тармим, инчунин, мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникии толорҳои варзишӣ амалӣ гардидаанд ва нақшаҳо барои соли 2026 дар ин самт, дар мисоли мактаби ҳамагонии рақами 67-ум маълумот диҳанд. Дар байн чанд бор бо мудир ва масъули бахши матбуоти шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳия У. Аҳмадов низ тамос гирифта, хоҳиш кардем, то ба нома ҷавоб фиристанд. Афсӯс, ки аз байн қариб як моҳ гузашту ҷавобе наомад ва ин ҳама талошҳои мо бенатиҷа монд.
Шуълаи умеду бовариро хомӯш накунем...
Президент дар рафти як мулоқот бо ҷавонон гуфта буд, ки «Кор бо ҷавонон бояд ба вазифаи асоситарини ҳамаи мо, аз Президент то вазир, аз ҳоким то ба раиси маҳалла табдил ёбад. Инак, вақти он фаро расид, ки ҳар як ҳоким, ҳар як вазир ва ҳар як раиси маҳалла ба саволҳои «Имрӯз ман барои ҷавонон чӣ кор кардам? Фардо барои манфиати фарзандонамон боз чӣ корро бояд анҷом диҳам?» бояд ҷавоб дода тавонад ва бо чунин эътиқод зиндагӣ кунад».
Дар ҳоле, ки сарвари давлат дар назди роҳбарон, аз сатҳи маҳалла то ба ҷумҳурӣ чунин вазифа гузоштаанд, чаро мутасаддиёни вилояти Қашқадарё, бахусус, ноҳияи Китоб ба ин муроҷиати аҳли деҳаи Ҷавз, ки бевосита бо ояндаи насли наврас, солиму баркамол тарбия кардани ҷавонон вобаста аст, беэътиборӣ мекунанд?
Тибқи ҳуҷҷатҳое, ки дар даст дорем, сохтмони бинои иловагӣ барои 180 нафар хонанда ва толори варзишӣ дар андозаи 12х24 дар мактаби ҳамагонии рақами 67-ум ба Барномаи манзилноки сохтмонҳои нав, тармими капиталӣ ва таъмири мукаммал дар ноҳияи Китоб дар соли 2023 дохил карда шудааст ва аз тарафи ҳокими ноҳия А.Зокиров тасдиқу аз ҷониби мудири собиқи шуъбаи таълими халқи ноҳия А.Авлаев имзо гардидааст. Савол пайдо мешавад: чӣ монеъ шуд, ки ин кор амалӣ нагардид? Чаро то ҳол мутасаддиён онро бо баҳонаҳои гуногун аз худ дур кардаву ба таъхир мегузоранд? Наход намедонанд, ки вуҷуд надоштани толори варзишӣ дар мактаб имконияти босифат гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, ташкили мусобиқа ва маҳфилҳои варзишӣ, инчунин, пурмазмун ташкил кардани вақти холии ҷавононро дар ҳадде маҳдуд месозад.
Мо умед бар он дорем, ки масъулон аз пайи ҳалли ин мушкил мешаванд, то ҳамон шуълаи умеду боварии дили ҷавонон ба ояндаи неку дурахшон хомӯш нашавад...
Фаридуни ФАРҲОДЗОД,
мухбири «Овози тоҷик».