Усулҳои муосир – омили беҳбуди сифати таълим

Дар толори Академияи бадеии Ӯзбекистон таҳти унвони «Усулҳои муосири таълим дар муассисаҳои таълимии фарҳангӣ ва бадеӣ: дастовардҳо ва мушкилот» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

Конфронс аз ҷониби Вазорати фарҳанги  Ӯзбекистон якҷоя бо Созмони исломии маориф, илм ва фарҳанг (ICESCO), Маркази илмию методии ҷумҳуриявии рушди маориф ташкил карда шудааст.

Дар он тақрибан 100 нафар олимон, мутахассисони соҳа, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, роҳбарони ташкилотҳои таълимӣ, омӯзгорон, муҳаққиқон, аспирантҳо, донишҷӯёни боистеъдод, шахсони манфиатдори 10 кишвар аз тариқи офлайн ва онлайн иштирок карданд.

Саида Қосимхоҷаева, профессори Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон дар он гуфт:

– Ҳадафи асосӣ баррасии масъалаҳое мебошад, ки ба беҳтар кардани сифат ва самаранокии таълим дар муассисаҳои фарҳангӣ ва санъат, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва усулҳои муосир дар раванди таълим нигаронида шудаанд.

Вай афзуд, ки омӯзиши таҷрибаҳои пешрафтаи байналмилалӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо олимони хориҷӣ, ташкили вохӯриҳои эҷодӣ ва дарсҳои омӯзиши маҳорат мастер-классҳо низ аз омилҳои муҳими ин самт маҳсуб мешаванд.

Интизор меравад, ки дар соҳаи маорифу фарҳанг ва санъат байни олимони ин соҳа минбаъд бештар ҳамкориҳо ба роҳ монда мешаванд.

Шаҳноза ТӮРАЕВА,

корманди дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: