Дар хоҷагии фермерии «Чӯлпанова Лолахон», ки ба ширкати кишоварзии «Саид Барака Доли Сатторов» тааллуқ дорад, машварати вилоятӣ баргузор гардид.
Дар он масъалаҳои ба ҷойи боғҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ бесамар ва кӯҳнашуда бунёди боғҳои интенсивии замонавии саноатӣ баррасӣ шуданд.
Ба ҷойи 10 гектар замини аз ҷиҳати иқтисодӣ бесамари хоҷагии деҳқонии «Чӯлпанова Лолахон» лоиҳаи бунёди боғи интенсивии кӯчати олу амалӣ карда мешавад. Дар доираи лоиҳа, ки арзиши умумии он 600 миллион сӯмро ташкил медиҳад, воридоти 8 ҳазор ниҳоли навъи олуи содиротии «Blаsk Splendor»-и Туркия ба нақша гирифта шудааст.
Иштирокдорони машварат инчунин бо корҳои шинондани маҳсулоти кишоварзӣ дар қаторҳо бо усули нав, ободонии канори майдон ва роҳҳо дар заминҳои хоҷагии «Раъно-2000» шинос шуданд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.