Соли панҷум аст, ки дар кишварамон бо ташаббуси Президент лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» роҳандозӣ мешавад.
Мақсад аз татбиқсозии ин лоиҳа ба гулу гулзор табдил додани кӯчаҳо, барпо намудани боғҳои нав, таъмини аҳолӣ бо меваю сабзавоти фаровон, ба вуҷуд овардани муҳити тозаи экологӣ мебошад. Бо ин амали нек натанҳо гирду атроф обод ва сабзу хуррам мешаванд, балки дар тоза кардани ҳаво низ саҳм мегузорем. Дарахтон гази карбонро фурӯ бурда, оксиген хориҷ мекунанд.Ин ташаббуси нек дар вилоят идома дорад.
Тибқи маълумоти Хадамоти иттилоотии ҳокимияти вилояти Навоӣ дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» барои соли 2025 дар вилоят дар мавсими тирамоҳ шинондани 8842 ҳазор дона ниҳолҳои манзаравӣ, дарахтони мевадиҳанда ва буттаҳо ба нақша гирифта шуда буд.
Ин ниҳолҳо бо тақсимот ба 11 шаҳру ноҳия ва ҳамчунин 15 соҳавӣ ҷудо карда шудаанд. Аз ҷониби ҳокимияти вилоят барои давраи аз 1 ноябр то 10 декабр графики 40-рӯзаи рузмарра таҳия гардида, дар асоси он ситоди назоратӣ фаъолият мебарад, мониторинги ҳаррӯза ба роҳ монда шудааст.
Дар ноҳияи Кармана дар масоҳати 200 гектар бо тартиби нав , ба таври марказонидашуда, аз ҷониби 80 корхона ва ташкилот ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд.Бо дарназардошти шароити иқлимӣ ва қоидаҳои ниҳолшинонӣ беш аз 200 ҳазор ниҳол шинонида шуд.Дар як майдони бузург ҳар як корхона ва ташкилот дар қитъаи ба онҳо вобасташуда ниҳол шинонданд. Ҳар як қитъа бо низоми обёрӣ ва таъминоти об таъмин карда шудааст. Илова бар ин, дар баъзе ҳудудҳо низоми обёрӣ тавассути ҷӯйборҳо ва гулӯлаҳо роҳандозӣ мешавад.
Дар маҳаллаи Сардоба-и ноҳияи Кармана таҳти роҳбарии ҳокими ноҳия Шоҳрух Болтаев дар доираи барномаи «Макони сабз» корҳои бунёди боғи нав дар масоҳати 100 гектар оғоз гардиданд.
Низоми кишт пурра ба низоми обёрии муосир таъмин карда шуд. Таъминоти об устувор буда, корҳои нигоҳдорӣ ва парвариши ниҳолҳо бар асоси талаботи агротехникии замонавӣ ба роҳ монда шудаанд.
Ҳокими вилоят Нормат Турсунов, ки татбиқи лоиҳаи «Макони сабз»-ро зери назорат гирифтааст, бо роҳбарони ташкилотҳои ноҳия мулоқот анҷом дод. Дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» аз рафти корҳои ниҳолшинонӣ дар қитъаҳои замине, ки барои шинондани ниҳолҳо ҷудо карда шудаанд, шинос шуд.
Ба масъулони дахлдор ҷиҳати самаранок истифода бурдан аз заминҳо, таъсиси боғҳо ва ба ин васила беҳтар намудани ҳолати экологӣ супоришҳо дода шуданд.
Дар ҳудуди маҳаллаи Гулистон-и ноҳияи Навбаҳор бошад, қитъаи бекорхобидаи масоҳаташ 13 гектар дар доираи лоиҳа обод карда шуда, ба як макони нави сабз ва кабудизор табдил дода шуд. Дар ин ҳудуд ҳашари васеи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ кормандони ташкилоту муассисаҳое, ки ба комплекси иҷтимоии назди ҳокимияти ноҳия тааллуқ доранд, инчунин созмонҳои ғайридавлатӣ, мактабҳои варзишӣ, кормандони муассисаҳои тиббӣ, мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ, ҳамчунин пирони маҳалла фаъолона иштирок намуданд.
Бо назардошти шароити иқлим ва технологияҳои дурусти ниҳолшинонӣ, то имрӯз дар ҳудуди муассисаҳои тиббии вилоят беш аз 30 ҳазор ниҳол шинонида шудааст. Ҳамзамон, корҳои шинондани ниҳолҳо ба таври марҳилавӣ, бо риояи талаботи сифат ва муҳлат идома доранд.
Чунин чорабиниҳои бунёдкорӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят идома доранд.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.