Забон барои мардум хидмат мекунад, ё...

Дар ҷомеаи имрӯза мо ҷараёнеро мушоҳида мекунем, ки забони адабии тоҷик аз забони гуфтугӯии мардум торафт дур мегардад.

Дар китоб, рӯзнома ва ҳатто барномаҳои телевизионӣ калимаҳои душворфаҳм бисёр истифода мешаванд. Ҳатто баъзе одамоне, ки маълумоти олӣ доранд, маънои баъзе калимаҳоро намефаҳманд ва ноилоҷ луғату фарҳангро ба даст мегиранд.

Сад афсӯс, ки баъзе ҳамзабонони мо аз сабаби душвор шудани забони модарӣ, ба забонҳои осонфаҳм рӯ меоранд. Барномаҳои телевизиону радиоро ҳам ба забонҳои ғайр тамошо карда, мешунаванд, китобу рӯзномаҳоро низ аз рӯйи ҳамин омил интихоб менамоянд. Ҳатто фарзандони худро ба мактабҳое медиҳанд, ки таълим бо дигар забон аст. Бояд гуфт, ки ин як ҳолати хеле ташвишовар мебошад.

Дар ин маврид саволе пайдо мешавад: «Оё забон барои мардум хизмат мекунад, ё мардум барои пойдор мондани забон?»

Ин савол дар назари аввал хеле сода аст, аммо дар замони имрӯз ҷавоби он муҳим мебошад.

Албатта, забон бояд зебо, равон ва фаҳмо бошад. Хуб, забон кай зебо мешавад? Вақте ки мардум онро пурра мефаҳманд, бо он бе ягон мушкил сухан мекунанд, онро як қисми муҳими рӯзгори худ медонанд. Забон набояд дар миёни мардум девор пайдо кунад. Яъне деворе аз калимаҳои мушкилу душворфаҳм. Он бояд воситаи гуфтугӯ, пайвандгари дилҳо бошад.

Устодони бузурги сухан Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат, Бозор Собир ва дигар шоиру нависандагон асарҳои худро бо чунин як забони равон, пурмаъно ва барои ҳама фаҳмо эҷод кардаанд.

Забони онҳо ҳам фаҳмову равон буд, ҳам бадеияту самимият дошт.

Афсӯс, ки имрӯз аксар воситаҳои ахбори оммавии тоҷикии Ӯзбекистон низ аз калимаҳои душворфаҳм зиёд истифода мебаранд. Гоҳе вақти хондани онҳо калимаҳое вомехӯранд, ки ягон бор нашунидаем ва маънояшро ҳам намедонем. Азбаски ҳоло аксар камҳавсала шудаанд, намехоҳанд маънои онро кобанду ёбанд. Аз ин рӯ, оҳиста китоб ё рӯзномаи дасти худро дар канор мегузоранду халос. Агар гӯем, ки ин омил завқу шавқи мардумро ба хондан кам кардааст, хато намешавад.

Ғайр аз ин, аз сабаби мураккаб шудани забони адабӣ, аксар сухан гуфтанро бо шеваи худ беҳтар мешуморанд. Барои ҳамин вақте ба саҳифаҳои интернет медароем, дар он ҷо навиштаҳои пур аз хаторо мебинем. Аксар бо шева менависанд, ба қоидаҳои имло риоя намекунанд. 

Дар забони гуфтугӯии халқ бӯйи зиндагӣ, меҳри мардум ва хотираи гузаштагон ниҳон аст. Калимаҳои халқӣ, гарчанд содаву кӯтоҳанд, ҳар яке маънову мазмуни хос доранд.

Мо забонро ба як хона монанд карданамон мумкин. Агар калимаҳои одӣ, равон ва фаҳмои онро аз ин хона берун кунем, даруни он хунуку бефайз мешавад. Яъне як калимаи халқӣ бо вуҷуди содагии худ нарм садо дода, ба дилу дидаҳо роҳ меёбад.

Пас, мо чӣ кор кунем, ки забони модарии мо зебоии асили худро аз даст надиҳад?

Фикр мекунам, барои ин як кори сода, вале муҳимро иҷро кунем кифоя: ба забони зиндаи мардум наздик кардани забони адабӣ. Мо бо ин кор аз забони адабӣ дур нашудаву зебоии онро аз даст надода, забонро осонфаҳм карданамон мумкин аст.

Забони модарӣ бояд дар хона, кӯча, мактаб ва ҳам дар китобу рӯзномаҳо ҳамеша равон, фаҳмо ва якхела бошад.

Пойдории миллат аз пойдории забон вобаста мебошад. Агар имрӯз ба ин масъала аҳамият надиҳем, фардо аҷаб нест, ки тақдири забони лотинӣ ба сари забони модарии мо ҳам ояд: зебо, вале беҷон — танҳо дар китоб, бидуни гӯянда.

Дар нимаи аввали асри гузашта, бо роҳбарии аввалин Президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, барои он ки мардум зудтар савод омӯзанд, забони китобӣ ба забони гуфтугӯӣ наздик карда шуд. Мардум бо ҳамон забон менавиштанд. Айнан дар ҳамин солҳо асарҳои бузург офарида шуданд, ки дар ҷаҳон эътироф гардида, имрӯз ҳам қимат доранд. Мо бояд ин анъанаро аз нав ба роҳ монем ва давом диҳем. Зеро дар замири ҳар як калимаи забони модарӣ порае аз дилу рӯҳи мо ниҳон аст.

Агар мо калимаҳои равону халқии худро фаромӯш кунем, як пора аз вуҷуди худро аз даст хоҳем дод.

Хонандагони азиз! Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

Муқимҷон ОРИФӢ,

роҳбари Хона-музейи Ориф Гулхании Самарқандӣ.

Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: