Фарҳанги миллӣ оинаи равшани таъриху ҳастии ҳар миллат аст. Он на танҳо маҷмӯи анъанаҳои қадима аст, балки пули иртиботи миёни гузашта, имрӯз ва ояндаи ҷомеа мебошад.
Фарҳанги миллӣ маҷмӯаи унсурҳои модӣ ва ғайримодии зиндагии инсонро дар бар мегирад. Ин унсурҳо забон, адабиёт, анъана, урфу одат, мусиқӣ, рақс, меъморӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва арзишҳои ахлоқиро фаро мегиранд. Вобаста ба шароити таърихиву ҷуғрофӣ ҳар миллат фарҳанги хоси хешро офаридааст, ки аз якдигар фарқ мекунад.
Халқи мо, ки аз қадим бо маърифат, суханварӣ ва ҳунарҳои нодир шуҳрат пайдо кардааст, фарҳанги ғанию рангоранг дорад. Анъанаҳои миллӣ ва урфу одатҳо ҷузъи муҳими зиндагии мардум буда, таҷрибаи ниёконро инъикос менамоянд ва ба тарзи зиндагии имрӯза таъсир мегузоранд. Ҷашну маросимҳо – Наврӯз, Меҳргон, Сада, маросимҳои тӯй ва дигар расму оин – на танҳо хотираи таърихиро зинда нигоҳ медоранд, балки василаи таҳкими ҳамбастагӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошанд.
Имрӯз, дар шароите, ки ҷаҳонишавӣ ба ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ таъсир мегузорад, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ масъулияти ҳар шаҳрванди кишвар аст. Шиносоии насли нав бо арзишҳои миллӣ барои онҳо на танҳо як сабақи таърихӣ, балки сармояи маънавиест, ки ба ташаккули шахсияти худшинос ва қавиирода мусоидат мекунад.
Дар баробари пешрафти технология ва васоити муосири иртиботӣ дари ҷаҳони нав ба рӯйи миллатҳо бозтар шудааст. Ин раванд имкони муаррифии фарҳанги миллии моро ба ҷаҳониён фароҳам меорад, аммо ҳамзамон хатари камранг шудани анъанаҳои миллӣ низ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, ҷомеа, бахусус ҷавонон, бояд дар ҳифз ва эҳтироми арзишҳои миллӣ фаъол бошанд. Ҷомеаи муосир бояд баробари қабули навгониҳо, решаҳои худро низ пос дорад.
Ҳунарҳои мардумӣ, ба мисли зардӯзӣ, чакандӯзӣ, кӯрпадӯзӣ, атласбофӣ, заргарӣ, кулолгарӣ ва чӯбтарошӣ, ки имрӯз низ рушд доранд, нишонаи зебоиофарӣ ва завқи баланди миллати мо мебошанд. Масалан, ба зардӯзии Бухоро, адрасу атласи Марғелон ва тоқиҳои Чуст дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ арҷ мегузоранд. Либосҳои миллӣ имрӯз на танҳо дар маросимҳо, балки дар ҳаёти ҳаррӯза низ мавриди истифода қарор мегиранд.
Бесабаб нест, ки бо мақсади таҳкими рӯҳияи миллӣ ва қадршиносии арзишҳои суннатӣ дар кишвари мо чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд. Ҳар рӯзи ҷумъаи ҳафта дар саросари кишварамон ҳамчун «Рӯзи либоси миллӣ» эълон гардид, ки ҳадаф аз он тарғиби минбаъдаи арзишҳои миллӣ, ҳифзи суннатҳо ва ба зиндагии имрӯза ворид намудани либосҳои миллӣ мебошад. Кормандони идораву ташкилотҳо ва мақомоти маҳаллӣ дар ин маърака фаъолона иштирок мекунанд. Либосҳои аз атласу адрас дӯхташуда, тоқӣ ва дигар сару либосҳои миллӣ дар баробари зебоӣ, мероси бойи фарҳангии халқамонро таҷассум менамоянд.
Дар нақлиёти ҷамъиятӣ, метро ва истгоҳҳо бо шиори «Либоси миллӣ – оинаи маънавият» аксу наворҳои тарғиботии миллӣ намоиш дода мешаванд. Рӯзи либосҳои миллӣ на танҳо як иқдоми рамзӣ, балки василаи худшиносӣ ва эҳтироми фарҳанги аҷдодӣ мебошад.
– Либоси миллии ҳар як миллат рамзи эҳтиром ва хоксорист. Либосҳои аз атласу адрас дӯхташуда покӣ ва зебоии табииро ифода мекунанд. Имрӯз омезиши унсурҳои миллӣ бо тарроҳии муосир дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудаст, ки далели тавоноии фарҳанги мост, – мегӯяд соҳибкор Матлуба Бозорова, ки дар ноҳияи Косонсой ба ҳунари гулдӯзӣ машғул аст.
– Оила мактаби шараф ва нигаҳдорандаи аслии фарҳанг аст. Агар дар оила анъанаҳо зинда нигоҳ дошта нашаванд, кӯдакон бо афсонаҳо ва бозичаҳои миллӣ камтар ошно мегарданд ва эҳтимол дорад зери таъсири фарҳангҳои бегона қарор гиранд – таъкид мекунад фаъоли маҳаллаи «Гулбоғ»-и ноҳия Марғуба Муҳаммадҷонова.
Гарчанде муассисаҳои фарҳангӣ ва мактабҳо нақши муҳим доранд, аммо асоситарин такъягоҳи анъанаҳо то имрӯз оила боқӣ мондааст. Забони модарӣ, эҳтироми калонсолон, урфу одат ва суннатҳои миллии мо аз оила сарчашма мегирад. Оилаи солим метавонад ҷавононро аз таъсири манфии фарҳангҳои бегона ҳифз кунад ва зеҳни солими фарҳангиро ташаккул диҳад.
Фарҳанги миллӣ сармояи маънавии миллат аст. Он бо решаҳои амиқи худ аз гузашта нерӯ гирифта, ба имрӯз ва ояндаи ҷомеа равшанӣ мебахшад. Ҳифз ва рушди он, омӯзиш ва тарғиби арзишҳои миллӣ вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Танҳо бо пос доштани фарҳанги миллӣ метавонем ҳувияти худро ҳифз намоем ва ба пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузорем.
Мағфират Мамаҷонова,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Намангон.