Маъракаи ҷаҳонии «16 рӯзи фаъол алайҳи зӯроварии гендерӣ», ки мувофиқи қарори СММ аз соли 1999 дар робита ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон баргузор мегардад, дар саросари вилоят ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуд.
Дар вилояти Фарғона барои пешгирӣ аз шиканҷаву зӯроварӣ нисбати занону духтарон чорабиниҳои муфид анҷом дода мешаванд.
Маъракаи ҷаҳонии «16 рӯзи фаъол алайҳи зӯроварии гендерӣ», ки мувофиқи қарори СММ аз соли 1999 дар робита ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон баргузор мегардад, дар саросари вилоят ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуд. Дар он роҳбарони масъули Департаменти оила ва занон ва шарикони доимии он аз шаҳру ноҳияҳо иштирок карданд.
Муовини ҳокими вилоят Комила Кавлонова дар бораи он ҳарф зад, ки солҳои охир мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон дар кишвари мо на танҳо дар доираи қонунгузорӣ, балки дар амалия низ фаъолтар шудааст.
Қобили қайд аст, ки бо садорати оила ва занону духтарон намояндагони раёсати корҳои дохилӣ, адлия ва ташкилотҳои шарик низ дар ин чорабиниҳо фаъолияти хуб нишон додаанд. Онҳо таъкид намудаанд, ки баргузории чорабиниҳо оид ба эҳтироми занон, аз қабили дахлнопазирии шаъну шарафи инсон, пешгирӣ аз табъиз, шиканҷа, зӯроварӣ, дигар муносибатҳо, мисли ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунанда ғайр аз ҷиноят чизи дигар нест.
– Мо ҳамаи чорабиниҳоро дар чаҳор марҳила баргузор намудем. Марҳилаи аввал – дар доираи чорабиниҳое, ки таҳти шиори «Оилаи солим – ояндаи кишвар» баргузор шуданд, ки ба беҳтар кардани саломатии модару кӯдак, ҳолати рӯҳии онҳо нигаронида шудааст. Марҳилаи дуюм таҳти шиори «Кӯдакии хушбахт» унвон гирифта, ба масъалаҳои маънавӣ ва таълимии кӯдак нигаронда шудааст, – мегӯяд Комила Кавлонова.
– Марҳилаи сеюм таҳти шиори «Ба занон хушбахтӣ ва муҳаббат ато кунед» сурат гирифта, ба ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодии занон, марҳилаи чорум таҳти шиори «Хотима ба зӯроварӣ» гузаронида шуд ва афроде, ки зӯроварӣ кардаанд ё ба зӯроварӣ майл доранд, мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор дода шуданд.
Маълум шуд, ки маъракаи ҷаҳонии «16 рӯзи фаъолият алайҳи зӯроварии ҷинсӣ» ҳамаро ба ҳамкорӣ ва ташаббус дар мубориза бо зӯроварӣ даъват кардааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Фарғона дар пеширӯйи «Рӯзи байналмилалии мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон» чорабиние таҳти шиори «Биёед, ба зӯроварӣ нисбати занон хотима мегузорем!» роҳандозӣ шудааст.
Як нуктаи ҷолиб аз ҳамин иборат аст, ки дар чорабиниҳо намоиши навор ва аксҳои бахшида ба корҳое сурат гирифтааст, ки барои мубориза бо зулм ва зӯроварӣ нисбати занон анҷом дода шудаанд. Боз як иқдоми наҷиби дастандаркорони Садорати оила ва занону духтарон баргузории конфронси доманфарох таҳти унвони «Мо зидди талоқ ҳастем. Ин шарти хушбахтӣ аст!» мебошад.
Он бо иштироки намояндагони суди вилоят, раёсатҳои вилоятии адлия, тандурустӣ, таълими томактабӣ ва мактабӣ, корҳои дохилӣ, маҳаллаҳо, инчунин имом-хатибон ва сархатибони вилоят ба вуқӯъ пайвастааст.
Чорабинӣ масъалаҳои зиёдеро дар меҳвари баррасӣ қарор додааст.
Дарвоқеъ, коршиносон низ ба ин назаранд, ки ҳар гуна зӯроварӣ ва шиканҷа, бераҳмӣ ва лату кӯби занону духтарон иллати ногувор аст ва он набояд дар ҷомеаи мо ҷой дошта бошад. Зеро мамлакати мо бар асоси арзишҳое тарраққӣ меёбад, ки аз гузаштагон ба мо мерос мондаанд.
– Ҳар фарде, ки ситамкорӣ бо занонро раво мебинад, бояд ба маҳкама кашида шавад. Дар он сурат дигарон панд мегиранд ва аз даст задан ба чунин корҳои нораво парҳез мекунанд, – мегӯяд коршиноси масъалаҳои иҷтимоӣ Шамсиддин Зиёвиддинов.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарниори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.