Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қирғизистон Таалайбек Ибраевро пазируфт.
Дар оғози мулоқот меҳмони олимақом ба роҳбари кишварамон саломи самимии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаровро расонд.
Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии миёни Ӯзбекистон ва Қирғизистон, аз ҷумла дар соҳаи энергетика баррасӣ шуданд.
Рушди босуръати муносибатҳои дуҷониба бо қаноатмандӣ таъкид гардид. Аз аввали соли ҷорӣ мубодилаи мол 17 фоиз афзуда, ҳаҷми боркашонӣ бештар шудааст. Дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт лоиҳаҳои ҳамкорӣ бомуваффақият татбиқ мешаванд.
Дар соҳаи энергетика ҳамкории мутақобилан судманд роҳандозӣ шудааст. Таъминоти устувор ва транзити неруи барқ идома дорад, дар энергетикаи «сабз» лоиҳаҳои умедбахш таҳия мешаванд.
Роҳбари Ӯзбекистон аҳамияти амиқтар кардани ҳамкорӣ дар бахши энергетикаи обӣ, пешбурди самараноки лоиҳаҳои муштараки молики аҳамияти минтақавӣ, пеш аз ҳама, лоиҳаи сохтмони «Нерӯгоҳи барқи обии Қамбарота-1»-ро таъкид кард.