Президенти Ӯзбекистон аҳамияти таҳкими шарикии бисёрҷанба бо Чинро таъкид кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев раиси Маркази иртибототи байналмилалии Чин Лун Юйсянро пазируфт.

Масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии ҳамаҷониба дар марҳилаи нави робитаҳои Ӯзбекистон ва Чин, инчунин таҳкими ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки марказ дар мустаҳкамсозии ҳамкории бисёрсамтаи мамлакатамон бо Чин саҳми назаррас мегузорад.

Як қатор лоиҳаҳо оид ба рушди инфрасохтор, сармоягузорӣ ва саноати «сабз» ба таври муштарак амалӣ шуданд. Дар соҳаҳои геология ва кишоварзӣ лоиҳаҳо ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар таҳия карда мешаванд.

Зарурати идома додани мубодилаи фаъол дар бахшҳои таълим, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ таъкид шуд.

Маркази мазкур, ки соли 1984 таъсис ёфтааст, бо беш аз 160 мамлакати ҷаҳон робитаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатӣ барқарор кардааст. Се намояндагии байналмилалӣ дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: