Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо роҳбарони ширкатҳои пешсафи Чин мулоқот анҷом дод.
Дар рафти музокирот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои амалӣ, пешбурди лоиҳаҳои кооператсионии мутақобилан судманд, ки ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва ҳалли муҳандисӣ дар соҳаи энергетикӣ нигаронида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Афзудани таваҷҷуҳи ширкатҳои чинӣ бобати татбиқи лоиҳаҳо дар Ӯзбекистон бо қаноатмандӣ таъкид шуд. Танҳо дар соли ҷорӣ азхуд кардани зиёда аз 15 миллиард доллар сармоягузории мустақими Чин ба нақша гирифта шудааст, бастаи умумии лоиҳаҳои муштарак тақрибан 90 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Ба соҳаи энергетика ҳамчун яке аз самтҳои муҳими ҳамкории бисёрҷанба диққати махсус дода шуд. Бо иштироки шарикони чинӣ зиёда аз 30 лоиҳа ба иқтидори умумии тақрибан 10 гигаватт ва арзиши беш аз 9 миллиард доллар амалӣ мегарданд. Имрӯз ба таври иловагӣ 14 лоиҳа ба маблағи қариб 2 миллиард доллар ба кор шурӯъ кард.
Бо Президенти ширкати “China Datang” Ҷоу Юанлонг нақшаҳои тавсеаи неругоҳҳои мавҷудаи фотоэлектрикӣ, сохтмони неругоҳҳои нав ва таъсиси иқтидорҳои иловагии нигоҳдорӣ баррасӣ гардид.
Ташаббусҳои ширкат оид ба омодасозии кадрҳо, таъсиси лабораторияи илмӣ-тадқиқотӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои барқии барқароршаванда дар соҳаҳои кишоварзӣ ва чорводорӣ дастгирӣ ёфт.
Дар суҳбат бо роҳбари ширкати “China Energy Engineering Corporation” Сю Лю талошҳои муштарак дар самти сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ ва низоми нигоҳдории энергия дар минтақаҳои гуногуни мамлакат арзёбӣ гардид.
Аҳамияти пешбурди лоиҳаҳо ҷиҳати рушди энергетикаи муқобил ва шабакаҳои баландшиддат таъкид гардид.
Раиси ширкати “Sinoma Energy” Мэн Синлин дар бораи ҷараёни сохтмони неругоҳи барқи бодӣ ва корхона барои маҳаллисозии истеҳсоли чархҳои турбинаҳои бодӣ маълумот дод. Инчунин, дар бораи ҳалли технологие, ки ширкат барои коркарди партов дар саноати кимиё ва сохтмон пешниҳод мекунад, табодули назар карданд. Зарурати суръат бахшидан ба корҳо дар доираи ин лоиҳаҳо таъкид гардид.
Бо директори генералии ширкати “Universal Energy” Нан Йи чораҳои суръат бахшидан ба сохтмони неругоҳҳои бодӣ дар минтақаҳои мамлакат баррасӣ шуд.
Бо раиси Шӯрои директорони ширкати “China General Technology” Кан Хубяо масъалаҳои истифодаи самараноки неругоҳи когенератсиониро, ки чанде пеш ба кор даромад, муҳокима намуданд. Аз рӯйи тавсеаи фаъолияти сармоягузории ширкат дар Ӯзбекистон тавофуқ ҳосил гардид.
Роҳбари давлат нақшаҳои директори генералии ширкати “Poly Changda Engineering” Мяо Дзечунро оид ба сохтмони низоми нигоҳдории энергия дар соли оянда ҳамчун идомаи мантиқии неругоҳи офтобӣ, ки имрӯз ба кор дароварда шуд, дастгирӣ намуд.