Президенти Ӯзбекистон роҳбарони ширкатҳои пешсафи Арабистони Саудиро қабул кард

  • Президенти Ӯзбекистон роҳбарони ширкатҳои пешсафи Арабистони Саудиро қабул кард
  • Президенти Ӯзбекистон роҳбарони ширкатҳои пешсафи Арабистони Саудиро қабул кард
  • Президенти Ӯзбекистон роҳбарони ширкатҳои пешсафи Арабистони Саудиро қабул кард
  • Президенти Ӯзбекистон роҳбарони ширкатҳои пешсафи Арабистони Саудиро қабул кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳайати намояндагони ширкатҳои Арабистони Саудиро таҳти роҳбарии ҳамраиси Шӯрои соҳибкорони Ӯзбекистон – Саудия, роҳбари ширкати “ACWA Power” Муҳаммад Абунайян қабул намуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории амалӣ ва тезонидани лоиҳаҳои муҳими муштаракро баррасӣ карданд.

Роҳбари давлат рушди босуръати ҳамкории самарабахшро бо ширкати “ACWA Power”, ки сармоягузори стратегии соҳаи энергетикаи «сабз» дар Ӯзбекистон ба шумор меравад, бо қаноатмандии бузург таъкид намуд.

Имрӯз маросими ба истифода додани як қатор лоиҳаҳои муштарак баргузор гардид: 4 неругоҳи бодӣ бо иқтидори 752 мегаватт ба шабакаи барқӣ пайваст гардид; дар Ҷумҳурии Қарақалпоқистон ва вилояти Бухоро сохтмони 5 неругоҳи барқӣ бо иқтидори умумии 2,3 гигаватт ва низоми нигоҳдории 300 мегаваттии энергия оғоз шуд.

Ғайр аз ин, корҳои сохтмонии хати интиқоли барқи 500 киловолтӣ бо дарозии умумии 1790 километр, ки вилояти Самарқандро бо вилояти Тошканд ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистонро бо вилояти Бухоро мепайвандад, оғоз гардид.

Дар мулоқот ба пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар самти бозсозии инфрасохтори энергетика ва нақлиёт, рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо диққати махсус дода шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: