Чун анъана дар ҳафтаи аввали моҳи декабр «Ҳафтаи ҷомеаи шаҳрвандӣ» баргузор гардид. Дар доираи ҳафта форуми миллии Созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ, мулоқотҳои кушод, конфронсҳои байналмилалӣ баргузор гардида, дар доираи он корҳое, ки дар соҳаи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ анҷом дода мешаванд ва пешниҳодҳо барои рушди минбаъдаи ин бахш таҳия карда шуд.
Ҳафтаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Қасри эҷодиёти ҷавонони пойтахт рӯйи кор омада, дар он аксияҳо ва маҳсулоте, ки аз ҷониби шахсони дорои маъюбӣ омода карда шудаанд, ба намоиш гузошта шуд.
Дар муҳокимаи мизи мудаввар, ки ба муаррифии гузориши миллӣ дар бораи «Ҳолат ва тамоюлҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ» бахшида шуд, намояндагони Шӯрои ассотсиатсияи миллии СҒҒ Ӯзбекистон, Саридораи иттиҳоди маҳаллаҳо, Иттиҳоди расонаҳои миллии Ӯзбекистон, инчунин як қатор мақомоти давлатӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карданд.
Бояд таъкид намуд, ки ҳадафи асосии гузориши миллӣ аз арзёбии объективи вазъи кунунии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар кишварамон дар натиҷаи ислоҳоти демократӣ ташаккул ёфтааст, дастовардҳои СҒҒ ва муайян намудани самтҳои стратегии оянда иборат мебошад.
Инчунин гуфта шуд, ки санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки солҳои охир қабул гардидаанд, заминаи комилан наверо дар самти дастгирии фаъолияти институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ гузоштанд. Аз ҷумла, дар тақвияти мақоми институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ Конститутсияи Ӯзбекистон дар таҳрири нав нақши муҳим бозид ва ворид гардидани боби махсуси XIII бо номи «Институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ» дар Конститутсия ҳамчун як рӯйдоди таърихӣ эътироф карда шуд.
Дар Конститутсия низоми институтҳои шаҳрвандӣ ба таври возеҳ муайян гардида, ба он иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрвандӣ (маҳаллаҳо) ва воситаҳои ахбори оммавӣ дохил карда шудаанд.
— Ҳоло беш аз 200 санади меъёриву ҳуқуқие, ки ба танзими фаъолияти институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шудаанд, амал мекунад, — гуфт директори Маркази таҳлили ҷараёнҳои демократӣ, депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Азамат Пардаев. – Аз ҷумла, соли 2021 «Консепсияи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид, ки корҳои соҳаро ба сатҳи сифатан нав бардошта, дурнамои кӯтоҳмуддат ва миёнамӯҳлати рушди ҷомеаи шаҳрвандиро дар кишвар муайян кард.
Дар натиҷаи сатҳи баланди таваҷҷӯҳ ва дастгирӣ, имрӯз дар Ӯзбекистон 9627 созмони ғайриҳукуматӣ, 9008 мақомоти худидоракунии шаҳрвандӣ, 2490 воситаҳои ахбори оммавӣ ва тақрибан 3000 созмони гуногуни ҷамъиятӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 150 ҳазор нафар кор мекунанд. Дар соли 2025 барои дастгирии давлатии ташаббусҳо ва лоиҳаҳои муҳими институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ 1 триллиону 200 миллиард сӯм ҷудо карда шуд.
— Таҷриба ва арзишҳои кишвари мо дар соҳаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ эътирофи байналмилалӣ пайдо мекунанд, — гуфт сарвари иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон Ҳ. Кетмонов. — Аз ҷумла, таҷрибаи беназири Ӯзбекистон дар ислоҳоти «низоми маҳалла» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ мешавад.
Дар мамлакати мо маҳалла қисми муҳими ҳаёти ҷомеа аст. Нақши маҳалла дар коҳиш додани камбизоатӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, бартарафсозии мушкилоти иҷтимоии шаҳрвандон беҳамто аст. Дар айни замон, маҳаллаҳо фонди махсуси худро доранд, ки ин ҷиҳати дастгирии моддии шахсони танҳо, куҳансолони якка, маъюбон ва ғайра нақши муҳим мебозад. Барномаҳои «Маҳаллаи озод аз камбизоатӣ», «Маҳаллаи озод аз бекорӣ», «Маҳаллаи озод аз талоқ», дар ҳалли мушкилоти чунин соҳаҳо аҳамияти бештар пайдо мекунанд.
Набия Нодирова,
хабарнигори «Овози тоҷик».