Дар моддаи 144-уми Кодекс дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ («Ҳаракати бидуни чипта дар нақлиёт») муайян гардидааст, ки бидуни чипта ҳаракат кардани мусофир дар троллейбус, трамвай, автобусҳои дохилишаҳрӣ ва атрофишаҳрӣ боиси ҷарима ба андозаи аз даҳ як ҳиссаи миқдори ҳисоби базавӣ мегардад. Яъне, шаҳрванд пас аз расмияти баённомаи маъмурӣ 41200 сӯм ҷарима месупорад.
Солҳои охир дар пойтахти мамлакат бобати рушди фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ корҳои шоиста анҷом ёфтанд. Парки автобусҳо ду баробар васеъ гардида, шумораи умумии онҳо қариб ба 1,9 ҳазор адад расид. Фосилаи ҳаракат аз 30 дақиқа то 15 дақиқа кӯтоҳ карда шуд. Дар натиҷаи чунин ислоҳоти судманд, шумораи афроде, ки аз автобусҳо истифода мебаранд, дар як рӯз ба 1,4 миллион нафар расид.
Боз яке аз ислоҳоте, ки дар ин самт татбиқ гардид – аз 1 январи соли 2025 дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Тошканд пардохти роҳкиро бо пули нақд бекор карда шуд. Хуб, пас аз татбиқи ин ислоҳот чӣ гуна натиҷаҳо ба даст омаданд? Минбаъд дар ин самт иҷрои чӣ хел корҳо дар назар аст. Мо дар ин бора бо котиби матбуоти Вазорати нақлиёт Наврӯз Ашурматов суҳбат кардем.
– Аз оғози соли равон бо мақсади таъмини шаффофият дар пардохти роҳпулӣ, ҷамъоварии пурраи даромад, кам кардани вобастагии молиявии ронанда ва афзунсозии амният дар нақлиёти ҷамъиятӣ пардохти роҳкиро бо пули нақд бекор карда шуд, – гуфт Н.Ашурматов. – Бояд гуфт, ки пас аз ҷорӣ гардидани тартиби нав як қатор натиҷаҳои мусбат ба даст омаданд. Аз ҷумла, ҳолатҳои қоидавайронкунӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ ду баробар кам гардид. Ғайр аз ин, пештар ронандагони автобусҳо бо мақсади бештар ҷамъ овардани мусофирон дар истгоҳҳо бисёр меистоданд ва дар натиҷа интервали ҳаракат вайрон мешуд. Инчунин, гоҳо ронандагон ҳаёти мусофиронро зери хатар гузошта, байни худ ба маъное пойга мекарданд, ки ҳоло ин ҳолат низ комилан бартараф гардид. Илова бар ин, аз иқтисодиёти пинҳонӣ дар ин соҳа ҷилавгирӣ шуд.
– Тартиби нав ба миқдори мусофиркашонӣ ва даромади автобусҳо чӣ гуна таъсир расонд?
– Дар моҳҳои январ–сентябри соли 2025 дар умум ба 298,5 миллион мусофир хидмат расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба даври мутаносиби соли гузашта 68,2 миллион нафар, яъне 29,6 фоиз зиёдтар аст.
Тӯли нӯҳ моҳ аз хидматрасонии автобусҳо 467,2 млрд. сӯм даромад ба даст омад, ки ин низ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 74,2 млрд. сӯм, яъне 18,9 фоиз бештар мебошад.
Ғайр аз ин, ҳиссаи пардохтҳои электронӣ ба таври назаррас афзуда, ба 99,9 фоиз расид. Дар моҳи сентябри соли 2024 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 57,9 фоиз буд.
– Гоҳо ҳангоми ҳаракат дар автобусҳо гувоҳи рейдҳо мешавем, ки пардохти роҳкироро назорат мекунанд...
– Ҳоло дар шуъбаи «Назорати сифати хидматрасониҳои нақлиёт»-и Муассисаи давлатии «Мониторинг ва назорати мусофиркашонии шаҳри Тошканд» 41 нафар назоратчӣ фаъолият мебаранд. Аз ҷониби кормандони ин муассиса дар ҳамкорӣ бо Нозироти назорати нақлиёт бо мақсади муайян кардани мусофироне, ки бидуни пардохти роҳпулӣ дар автобусҳо ҳаракат мекунанд, мунтазам чорабиниҳои назоратӣ гузаронида мешавад.
Бояд гуфт, ки тӯли ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби нозирон 19632 ҳолати напардохтани роҳкиро ошкор гардида, бар асоси моддаҳои дахлдори Кодекс дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ баённомаҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.
– Барои напардохтани роҳпулӣ чӣ гуна ҷавобгарӣ муқаррар гардидааст?
– Дар моддаи 144-уми Кодекс дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ, ки «Ҳаракати бидуни чипта дар нақлиёт» унвон дорад, барои бе пардохти роҳкиро дар троллейбус, трамвай, автобусҳои дохилишаҳрӣ ва атрофишаҳрӣ, таксиҳои сайрхат сафар кардан, бо худ бор бурдани мусофирон тартиби ҷавобгарӣ муқаррар гардидааст. Дар он гуфта мешавад, ки бидуни чипта ҳаракат кардани мусофир дар троллейбус, трамвай, автобусҳои дохилишаҳрӣ ва атрофишаҳрӣ боиси ҷарима ба андозаи аз даҳ як ҳиссаи миқдори ҳисоби базавӣ мегардад. Яъне, шаҳрванд пас аз расмияти баённомаи маъмурӣ 41200 сӯм ҷарима месупорад.
Бояд гуфт, ки аз моҳи октябри соли ҷорӣ кормандони Муассисаи давлатии «Мониторинг ва назорати мусофиркашонии шаҳри Тошканд» бо планшет таъмин гардиданд. Акнун онҳо метавонанд нисбат ба мусофироне, ки бидуни пардохти роҳпулӣ ҳаракат мекунанд, мустақилона баённомаҳои маъмурӣ тартиб диҳанд.
Аз ин рӯ, аз мардуми маҳаллӣ ва меҳмонони шаҳрамон хоҳиш мекунем, ки зимни ҳаракат дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҳатман роҳкироро пардохт кунанд. Зеро ин на танҳо уҳдадории ҳуқуқӣ, балки масъулияти шаҳрвандист ва барои беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ, танзими мунтазами ҳаракати автобусҳо ва рушди инфрасохтори нақлиёт мусоидат мекунад. Пардохти саривақтии роҳкиро имкон медиҳад, ки система устувор кор кунад, нақлиёти ҷамъиятӣ навсозӣ шаванд ва барои тамоми аҳолӣ муҳити бехатару қулай фароҳам гардад.
Мусоҳиб Ф. ЮЛДОШЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».