Ҳамкорамон ба марҳилаи ҷумҳурӣ роҳхат гирифт

4 декабр дар Хонаи маънавият ва маърифати Вазорати мудофиа марҳилаи шаҳрии озмуни миллии «Бонуи сол» баргузор гардид, ки дар он ғолибони ноҳияҳои пойтахт дар марҳилаи тошкандӣ бо ҳам рақобат карданд.

Дар оғоз таъкид гардид, ки озмуни мазкур тибқи қарори Сенати Олий Маҷлис аз 27 апрели соли 2022 «Дар бораи гузаронидани озмунҳои миллии «Бонуи сол» ва «Фаъоли баробарии гендерӣ» роҳандозӣ шуда, ҳамасола бо мақсади дастгирӣ намудани фаъолияти иҷтимоию иқтисодии занону духтарон, афзунсозии мавқеи онҳо дар ҷамъият, инчунин ба таври шоиста ҳавасманд намудани бонувони пешқадаму фаъол ба таври анъанавӣ гузаронида мешавад.

Боиси эътироф аст, ки сол то сол теъдоди иштирокдорони озмун меафзоянд. Дар зинаи ҳудудии озмуни имсола низ аз ноҳияҳои шаҳри Тошканд бонувони зиёд иштирок карданд ва ғолибон ба зинаи шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Кори иштирокдорони марҳилаи шаҳриро доварон аз рӯйи 11 намуди фаъолият баҳогузорӣ намуда, ғолибонро муайян сохтанд.

Боиси эътироф аст, ки дар ин озмун корманди «Овози тоҷик», мудири бахши мактаб ва маънавияти рӯзнома Саодат Бекназарова низ дар зинаи ноҳиявии озмун байни зан-духтарони ноҳияи Сергелӣ дастболо гардида, ҳуқуқи иштирокро дар зинаи шаҳрӣ ба даст оварда буд.

Дар зинаи шаҳрии озмун низ С.Бекназарова бо баромади хубу дастовардҳои хеш дар соҳаи матбуоту эҷод ба эътирофи ҳайати доварон сазовор гардид ва роҳхатро барои ширкат дар зинаи ҷумҳурӣ ба даст овард.

Ғолибон бо ташаккурнома ва туҳфаҳои ҳокимияти шаҳр сарфароз гардиданд.

Ш. ЙӮЛДОШЕВА,

мухбири худамон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: