Ҷашни адиб дар Бойсун

Дар ноҳияи Бойсун ба муносибати 75-солагии Нависандаи халқии Ӯзбекистон, журналисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон Эркин Аъзамов чорабинии адабиву фарҳангӣ баргузор гардид.

Табиати мафтункори Бойсун бешубҳа ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозад. Онеро, ки истеъдод дораду мушоҳидакор аст, водор месозад, ки ба даст қалам гираду рассомӣ кунад ва ё дигар асари бадеӣ эҷод намояд. Аз ҳамин сабаб, ин диёри зебоманзарро сарзамини шоирхез, олиму адабпарвар меноманд. Номҳои олимони тоҷик: Муллоҷон Эркаеву Аҳмад Абдуллоев, Рамазони Абдуллоҳу Равшан Раҳмонӣ, адибони тоҷик: Саттор Турсуну Иноят Насриддин, Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳу Шодӣ Карим, Равшани Эҳсону Иззатуллоҳи Кенҷа, Ҷаъфар Муҳаммаду Равшан Махсумзод ва адибони ӯзбек: Шукур Холмирзову Эркин Аъзам, Муҳаммад Азиму боз даҳҳо нафари дигарро дар қаламрави Ӯзбекистону Тоҷикистон имрӯзҳо ҳама хуб мешиносанд.

Чунон ки гуфтем, он рӯз Бойсуни зебоманзару адабпарвар аҳли қаламу эҷод ва зиёиёни равшанзамирро сарҷамъ намуда буд. Хонаи маданияти ноҳия намуди идона дошт. Зеро дар ин маскани маданият 75-солагии яке аз адиби соҳибзавқу соҳирқалами Бойсун Эркин Аъзамов, ки бо забони ӯзбекӣ асарҳои пурмазмун эҷод кардааст, васеъ таҷлил гардид. Дар чорабинии фарҳангие, ки бо иштироки аҳли илму адаб, мухлисон ва ихлосмандони каломи бадеъ, дӯстону қарибони адиб баргузор гардид, Шоири халқии Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид, режиссёр Ҷаҳонгир Қосимов, шоир ва носир Эшқобил Шукуру Ғайрат Маҷид, Журналисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон Олим Тошбоев ва дигар намояндагони илму адаб ширкат варзиданд.

Дар чорабинӣ ҳокими ноҳияи Бойсун Баҳодур Шукуров аз номи аҳолии Бойсун Эркин Аъзамовро самимона табрик гуфт. Мавсуф хидматҳои адибро дар ҷодаи нашъу нумӯъи адабиёти ӯзбек алоҳида таъкид намуда, ба асарҳояш баҳои баланд дод. Инчунин, адибоне, ки аз Тошкандшаҳр ташриф фармуда буданд ва дӯстону қарибони нависанда дар бораи ҳаёт ва мазмуну моҳияти эҷодиёти адиб суханҳои самимӣ ва пурмазмун иброз доштанд. Дар чорабинии фарҳангӣ аз асарҳои адиб порчаҳо низ қироат карда шуд ва дар асоси эҷодиёти ӯ филмҳои бадеӣ намоиш дода шуд. Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар як фазои дӯстӣ хеле хотирмон ва пурмазмун гузашт.

Олим ПАНҶИЗОДА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: