Дар Маркази хидмати иҷтимоии рӯзонаи «Имкон»-и ноҳияи Самарқанд қариб 50 нафар кӯдакони нуқсони рушди ақлӣ ва ҷисмонидошта таълим ва тарбия мегиранд. Марказ бо ҳамкории Агентии миллии ҳимояи иҷтимоии назди Президент фаъолият мекунад.
3-юми декабр – Рӯзи ногироён гурӯҳи эҷодкорони Самарқанд ба муассисаи ихтисосии «Имкон» рафта, бо кӯдакон суҳбат карданд.
– Ҳарчанд ин кӯдакон ба назар малӯлу ногироянд, онҳо фарзандони оилаҳои устувор ва солиманд, – гуфт шоир Раҳимҷон Наимӣ. – Дилҳояшон ба шеър ошуфта ва чашмонашон пур аз муҳаббат аст. Бо онҳо суҳбат карда, дар қалби кас ҳиссиёти аҷиб ва шукргузорӣ бедор мешавад.
– Ман қариб бист сол сардори Ҷамъияти «Занони ногиро» будам, – гуфт шоир Эътибор Маҳмудова. – Бо шахсони имконияташон маҳдуду қалбашон соф борҳо дар мулоқот шудаам. Дилашон ба зиндагӣ гарм, ҳамеша сӯйи мақсади неки худ ҳаракат доранд. Мехоҳанд барои рушди ҷомеа ҳиссаи худро ҳамроҳ кунанд. Бо дили пок зиндагӣ карданро аз инҳо ёд гирифтан лозим.
Тарбиягирандагон мисли Ӯлмасҷон, Шоҳрух, Амина, Самира, Тӯйчибек ва Шаҳризода аз мураббиён Умеда Расулова, Парвина Умарова, Зӯҳро Сафарова, Гулсара Исмоилова ва Баҳора Азизова шеър хондан ва рақс карданро меомӯзанд.
Озод ҲАМИДЗОДА.
Вилояти Самарқанд.