Суханони ҳикматомези бузургон
Ононе, ки гоҳе ба наъл мезананду гоҳе ҳам ба мех, саранҷом чаккуши воқеият ба ангушташон мехурад.
Алберт Эйнштейн.
Касе, ки ба дигарон некӣ мекунад, он некӣ барои худи ӯ низ мебошад.
Ҷонсон Гилотсон.
Вақте туро фурӯхтанд, мисли ин аст, ки дастатро шикаста бошанд. Ту метавонӣ онҳоро бубахшӣ, вале имкони ба канор гирифтан нест.
Л. Толстой.
Туҳмат қасоси тарсуён бошад.
Сэмоэл Ҷонсон.
Ҳеч чизе дар дунё сахттар аз гуфтани ҳақиқат ва ҳеч чизе роҳаттар аз чоплусӣ нест.
Ф. Достоевский.
Ман метавонам ҳаракати аҷсом (ҷисмҳо)-ро андозагирӣ кунам. Аммо наметавонам ҳамоқат (аблаҳӣ)-и инсонро бисанҷам.
И. Нютон.
Аз камони душману таъзими ӯ эмин мабош,
Ҳар камоне хам шавад, бо тир мегӯяд сухан.
Носир Гавҳарӣ.
Касе, ки чарбзабониву чоплусӣ карданро балад аст, туҳмат задан ҳам барои ӯ душвор нест.
Бонапарт Наполеон.
Садоқати беш аз андоза хубӣ надорад.
Милон Кандор.
Ҳадаф аз пулдор шудан ин нест, ки ҳама чизро бихарӣ. Ҳадаф ин аст, ки ҳеч кас натавонад туро бихарад.
***
Доштани илм беҳтар аз доштани сарват аст. Вале надоштани сарват бадтар аз надоштани илм бошад.
Вилям Шекспир.
Гоҳе дар сукут чизҳое мешунавӣ, ки ҳеч садое қодир ба гуфтанаш нест.
Чарли Чаплин.
Тарҷума ва таҳияи А. Субҳон.