Суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар кишварҳои ИДМ ва Аврупо аллакай роҳандозӣ шудааст. Ва инак, солҳои охир дар асоси тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар сохтори ҳифзи тандурустии мамлакатамон низ механизмҳои суғуртаи давлатии тиббӣ ҷорӣ карда мешаванд.
Дар вилояти Самарқанд бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи давлатӣ ва Фармони Президент «Дар бораи чораҳои пайваста идома додани ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ тавассути такмил додани низоми тандурустии ҷумҳурӣ ва тамоюлҳои хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ» бобати ислоҳи низоми тандурустӣ дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, беҳтар кардани сифати хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ташаккул додани низоми муосири кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва ҷорӣ намудани тамоюлҳои нави идоракунӣ дар ин соҳа, корҳои шоистаи таҳсин амалӣ мегарданд.
Мо дар мавриди корҳое, ки дар ин ҷода дар шаҳри Самарқанд амалӣ гардиданд, бо сарвари Иттиҳодияи тиббии шаҳри Самарқанд, доктори фанҳои тиб, барандаи ордени «Дӯстлик» Аҳмадҷон Бобоҷонов суҳбат кардем.
– Ба мақсади баланд бардоштани сифат, самаранокӣ ва дастрасии умумии расондани кумаки тиббӣ ба аҳолӣ, тадриҷан ворид кардани системаи суғуртаи тиббӣ ба ин соҳа, фароҳам овардани муҳити рақобатпазири муосир дар бозори хидматрасониҳои тиббӣ ва васеъ кардани имкониятҳо ҷиҳати ба даст овардани кумакҳои тиббии кафолатнок ва босифат ба аҳолӣ қарори сарвари давлат аз 12 ноябри соли 2020 «Дар бораи чораҳо оид ба ҷорӣ кардани модели нави ташкили низоми тандурустӣ ва механизмҳои суғуртаи давлатии тиббӣ дар вилояти Сирдарё» имзо гардид, – гуфт А.Бобоҷонов. – Бар асоси қарори мазкур тӯли солҳои 2020-2023 дар системаи нигаҳдории тандурустии вилояти Сирдарё механизми пилотии суғуртаи тиббии давлатӣ ҷорӣ шуд ва натиҷаҳо таҳлил гардид. Азбаски ин таҷриба самараи хуб дод, ҳоло он дар дигар минтақаҳо, аз ҷумла, шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Булунғур ва Иштихон низ роҳандозӣ мешавад ва то охири соли 2026 дар ҳамаи минтақаҳои кишвар татбиқи он пешбинӣ шудааст.
Суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар кишварҳои ИДМ ва Аврупо аллакай роҳандозӣ шудааст. Ва инак, солҳои охир дар асоси тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар сохтори ҳифзи тандурустии мамлакатамон низ механизмҳои суғуртаи давлатии тиббӣ ҷорӣ карда мешаванд.
– Корҳо дар ин самт чӣ гуна ҷараён доранд ва аҳамияти ин низом дар чист?
– Бояд гуфт, ки имзо гардидани қарори роҳбари давлат аз 5 сентябри соли 2024 «Дар бораи чораҳои татбиқи механизмҳои суғуртаи давлатии тиббӣ» корҳоеро, ки дар ин самт иҷро мешаванд, ба марҳилаи нави рушд баровард. Мувофиқи ин қарор дар низоми суғуртаи давлатии тиббӣ системаҳои иттилоотии «Клиникаи электронӣ» ва «Беморхонаи электронӣ» роҳандозӣ шуданд. Кормандони тиббӣ оид ба истифодаи онҳо таҷриба андӯхтанд. Муассисаҳо бо таҷҳизот ва воситаҳои шабакавӣ таъмин гардиданд.
Аҳамияти ин низом дар он аст, ки дар соҳаи тандурустӣ усулҳои вобаста ба натиҷа маблағгузорӣ намуданро ҷорӣ мекунад. Хидматрасониҳои тиббӣ ва доруворӣ дар доираи суғуртаи тиббӣ бо маблағҳои буҷети давлатӣ амалӣ шуда, аз аҳолӣ пардохтҳои иловагӣ ситонида намешаванд.
Барои гирифтани хидматрасониҳои тиббии ройгон, ки дар бастаи кафолатнок шомиланд, шаҳрвандон бояд дар муҳлатҳои муқарраршуда аз ташхисҳои тиббӣ гузаранд ва ба шифокори оилавии худ ё гурӯҳи духтурон муроҷиат намоянд. Дар ин ҳолат, шифокори оилавӣ мувофиқи стандартҳои табобат ва ташхис роҳхатро ба мутахассисон ба таври электронӣ медиҳад ва ҳангоми зарурат – ба муассисаҳои табобатии бистарикунанда.
Тибқи дорухати электроние, ки аз ҷониби шифокор навишта шудааст, доруворӣ дар доираи бастаи кафолатнок ба беморон ройгон пешниҳод мешаванд ва хароҷоти дахлдори муассисаҳои дорусозӣ аз ҳисоби Хазинаи давлатии суғуртаи тиббӣ пардохт мегардад.
Умуман, ҷорӣ намудани суғуртаи давлатии тиббӣ имкон медиҳад, ки сифати хидматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардад, ислоҳоти ҷории низоми тандурустӣ ба сатҳи нав барояд, инчунин маблағҳои буҷетӣ самаранок истифода шаванд.
– Аҳмадҷон Султонбоевич, боз чӣ гуна афзалиятҳои онро метавонед зикр кунед?
– Дар натиҷаи роҳандозии ин низом масъулияти кормандони соҳа низ бамаротиб зиёд мешавад. Онҳо кӯшиш мекунанд, то ба ёрии нахустини тиббӣ бештар диққат кунанд. Инчунин, табибони соҳибтаҷрибаи оилавӣ, ҳамшираҳои шафқат низ зуд-зуд ба хонаводаҳои корафтодагон рафта, онҳоро муоина менамоянд ва агар зарурат бошад, барои табобат ба шифохона роҳхат медиҳанд.
– Аз рӯйи ин масъала ба аҳолӣ чӣ гуна маслиҳатҳо медиҳед?
– Ҳоло танҳо дар шаҳри Самарқанд 22 поликлиникаи оилавӣ фаъолият дорад. Аксари онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардидаанд ва мардум метавонанд дар онҳо аз хидматҳои тиббии ройгон беминнат истифода баранд. Яке аз мақсадҳои асосии суғуртаи давлатии тиббӣ низ дастгирии табақаҳои камбизоат, фароҳам овардани шароити мусоид барои онҳо бобати истифода аз хидмати босифати тиббӣ мебошад.
Шахсоне, ки суғуртаи давлатии тиббӣ доранд, метавонанд дар асоси роҳхати духтурони оилавӣ барои маслиҳату машварат назди мутахассисони соҳаҳои гуногун раванд, аз муоина гузаранд, намудҳои муайяни доруҳоро аз дорухона ройгон ба даст оранд. Бояд гуфт, ки дар суғуртаи давлатии тиббӣ барои бемор ягон гуна меъёр, яъне маҳдудият муқаррар нашудааст ва хароҷоти табобат комилан аз ҳисоби давлат пардохт мешавад.
Ҳамчун маълумот метавонам гуфт, ки дар шифохонаи марказии шаҳр қариб 20 ҳазор нафар беморон табобат гирифта, аз онҳо беш аз 14 ҳазор нафар бо воситаи суғуртаи давлатии тиббӣ саломатии худро барқарор кардаанд.
Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки роҳандозии суғуртаи давлатии тиббӣ арзиши хизматрасонии тиббиро сабук, таъҷилӣ, ройгон карда, барои коҳиш наёфтани иқтисоди оила мусоидат менамояд.
– Ҳоло дар Ӯзбекистон рақамигардонии соҳаи тиббиёт муташаккилона идома дорад...
– Ин талаби замон аст. Бо дастгирӣ ва ҷонибдории Вазорати тандурустӣ ва ҳокимияти вилоят дар иттиҳодияи мо ба масофаи 20 ҳазор метр ноқилҳои интернетӣ кашида шуд ва беш аз 800 компутери замонавӣ тақдим гардида, ҳар як шифокор ва парастор бо воситаҳои техникӣ таъмин шуданд.
Сарвари давлат зимни ташриф бо фаъолияти марказҳо шинос шуда, дар назди мо вазифаҳои таъхирнопазир гузоштанд. Аз ҷумла, зарурати дастрасии давлат тавассути рақамисозӣ ба ҳамаи маълумоти таҳлилиро, ки ба соҳаи тандурустӣ вобастаанд, таъкид карданд. Воқеан, ин омил воситаи муҳими муайян кардани самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи тиб, тақсимоти дурусти маблағ ва захираҳо, танзими гардиши воситаҳои доруворӣ ва решакан намудани фасод хоҳад шуд.
Ба масъалаҳои таъмини шаффофият ва танзими дурусти тақдими доруворӣ, инчунин соддагардонии раванди иҷозатномадиҳӣ низ диққат карда шуд. Албатта иҷрои ин супоришҳо сатҳи хидматрасонии тиббиро боз беҳтар ва босифаттар мекунад.
Суҳбаторо Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.