Сарқонуни ӯзбекистон – пойдевори истиқлол ва адолат

Конститутсия ин танҳо маҷмӯи қонунҳо нест, балки боз организми зиндаест, ки руҳи миллат, саъю кӯшиш ва ҳувиятҳои ӯро инъикос менамояд.

Дар Ӯзбекистон, пас аз дарёфти истиқлол барои сохтори давлати ҳуқуқбунёди демократӣ таҳкурсии мустаҳкам гузошта шуд. Ин таҳкурсӣ Сарқонун буд, ки 8 декабри соли 1992 қабул гардид. Дар ин маврид бояд зикр намуд, ки таҳрири нави Сарқонуни мо 30 апрели соли 2023-юм дар пояи раъйпурсӣ қабул шудааст.

Инак 33 сол боз он қонуни оливу асосии мамлакат мебошад ва асосҳои сохтори давлат, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳамчунин равандҳои ҳамкориҳои тарафайни байни давлат ва ҷамъиятро мушаххас менамояд. Қабули Сарқонун дар таърихи навини Ӯзбекистон воқеаи муҳим гардид, кафолати бунёди давлати озоду демократӣ шуд.

Коркарди Қонуни Асосӣ дар шароити баррасии васеи ҷамъиятӣ баргузор гардид, ки имкон дод фикру ақидаи табақаҳои гуногуни аҳолӣ ба инобат гирифта шавад, дар он ҳамчунин равандҳое мустаҳкам карда шуданд, ки ба манфиатҳои миллӣ ҷавобгӯ ва ба меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқ буданд.

Бояд гуфт, ки Сарқонуни Ӯзбекистон ба як қатор равандҳои пойгоҳие, ки муҳтаво ва самтҳои онро муайян мекунанд, такя менамояд. Истиқлол ва демократия аз ҷумлаи ин равандҳо ба шумор мераванд. Яъне Ӯзбекистон давлати ҳуқуқбунёди демократие эълон гардид, ки дар он халқ манбаи ягонаи ҳокимият аст. Ин маънои онро дорад, ки ҳукумат аз тариқи мақомоти намояндагӣ, ки халқ интихоб кардааст, идора мешавад ва мувофиқи қонун амал мекунад.

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон низ аз ҷумлаи самтҳои муҳими Сарқонун ба шумор мераванд ва маҷмӯи васеи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла ҳуқуқ барои ҳаёт, озодӣ, дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан ва виҷдон, эътиқоди динӣ, ҳуқуқ барои таълим, меҳнат, истироҳат, ҳифзи тандурустӣ ва ғайраро дарбар мегирад. Қайд кардан зарур аст, ки давлат ҳифзи озодии шаҳрвандонро низ ба зиммаи худ мегирад ва ҳамчунин барои татбиқсозии онҳо шароит фароҳам меоварад.

Адолат ва баробарӣ низ аз ҷиҳатҳои фарогирифтаи Сарқонун мебошанд. Қонуни Асосӣ баробарҳуқуқии тамоми шаҳрвандонро дар назди қонун ва суд, новобаста аз ҷинс, нажод, миллат, забон, дин, вазъи иҷтимоӣ ва ҳолатҳои дигари онҳо ҳимоя менамояд.

Равандҳои адолат дар тамоми қоидаҳои Қонуни Асосӣ, ки ба таъмин сохтани суди одил ва ҳифзи манфиатҳои ҳар як инсон нигаронида шудаанд, инъикос гардидаанд.

Сарқонуни Ӯзбекистон як ҳуҷҷати одӣ нест, балки саъю кӯшишро ба мунтазам такмил ёфтан ва мутобиқшавиро ба шароитҳои тағйирёбанда инъикос менамояд.

Таҳрир ва иловаҳои даврӣ, ки бо дар назардошти вазъиятҳои муқарраршуда ворид карда ё қабул карда мешаванд, имкон медиҳанд, ки Қонуни Асосӣ таҷдид гардад, ба он вазифаву даъватҳои наве, ки дар назди мамлакат истодаанд, ҷавобгӯ бошад. Ин тағйирот ба таҳкими минбаъдаи идораҳои демократӣ, вусъатдиҳии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ба баланд бардоштани сифат ва самаранокии идораи давлатӣ нигаронида шудаанд.

Сарқонуни Ӯзбекистон танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқи нест, балки таҷассуми саъю кӯшиши халқ ба озодӣ, адолат ва ҳаёти сазовор мебошад.

Вай санги маҳаки давлатдорӣ буда, ки роҳи рушди мамлакатро муайян мекунад ва ба ҳар кадом шаҳрванд ҳуқуқи озодиро кафолат медиҳад.

Дарк кардан ва эҳтиром гузоштан ба қои-даҳои Сарқонун, ҳамчунин иштироки фаъоли шаҳрвандон ба татбиқсозиву ҳифзи он гарави бунёди Ӯзбекистони муқтадир, демократӣ ва шукуфон аст. Вай асосест, ки оянда дар он бунёд меёбад ва дар он ҳар як инсон худро бехавфу хатар, озод эҳсос мекунад, барои амалӣ намудани мақсад ва орзуҳои худ имкониятҳои баробару мусовӣ дорад.

Ораш Акабоев,

донишҷӯйи соли чоруми Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: