Таҳти чунин унвон бо ташаббуси Бунёди фарҳанги тоҷикони шаҳри Тошканд «Ориёно» бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ӯзбекистон суҳбати мизи гирд доир гардид.
Дар он аъзои фаъоли ҷамъияти «Ориёно» бо ҳузури ҳуқуқшинос, сарвакили ширкати адвокатӣ Содирҷон Толибзода перомуни Қонуни Асосӣ ва мазмуну мундариҷаи он баҳсу мунозира ва андешаронӣ карданд.
Содирҷон Толибзода таваҷҷуҳи ҳозиринро бештар ба бандҳое аз Қонуни асосӣ ҷалб намуд, ки дар робита бо миллатҳои гуногуни маскун дар ҷумҳурӣ асосҳои қонунӣ ва ҳуқуқиро фароҳам овардаанд. Ӯ, аз ҷумла, изҳор дошт: «Барои мисол, халқи тоҷик баробар бо миллатҳои дигар аз ҳар гуна имтиёз ва дастовардҳои қонунӣ бархурдор аст. Ҳар як падару модар ҳақ дорад ба фарзанди худ номи зебои тоҷикӣ гузорад, дар зодномаи ӯ бо сарбаландӣ миллаташро тоҷик сабт кунонад, барои таҳсил ба забони модарӣ шароити мусоид фароҳам оварад ва тамоми имконотро ҷиҳати худшиносии миллӣ ва ҳифзу пешбурди расму оинҳои миллӣ дар ихтиёри ӯ гузорад. Ҳар касе, ки дар ин руҳия бузург мешавад, ҳеч гоҳ на ба миллат, на ба Ватан хиёнат мекунад. Танҳо дар заминаи омӯзиш ва муҳаббат ба забону фарҳанги аҷдоди худ тарбият ва камолёбии инсони хушахлоқ ва содиқ имконпазир аст».
Ҳуқуқшинос ҳамчунин ёдрас намуд, ки Конститутсия ба фаъолияти озод ва соҳибихтиёрии созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷорӣ кафолат медиҳад. Ин гуна созмонҳо ҳақ доранд дар ҳар гуна ҷомеаи демократӣ ба ҳуқуқи инсон ва мавқеи ҷамъиятии одамон расидагӣ кунанд, алалхусус дар бедории миллӣ, ҳифзи анъанаҳои роиҷ ва рушди илму фарҳанги мардумӣ нақши босазо дошта бошанд. Аз ҷумла, дар шаҳрҳо ва вилоятҳои кишвар марказҳои миллию фарҳангии тоҷикон метавонанд ҷиҳати кушодани мактабҳо, театрҳо, муассисаҳои табъу нашр, барномаҳои радио ва телевизион, дар кулл, ҳар чӣ барои парваришу омӯзиши мардум лозим аст, мусоидат ва ҳамкориҳои судмандро бо маҳаллаҳо ва дастгоҳҳои давлатӣ ба роҳ монанд.
Коршинос суханронии худро дар суҳбати «мизи гирд» чунин хулоса кард: «Қонуни Асосӣ олитарин санади ҳар як кишвар ба шумор меравад ва ба танзими қонунҳои дигар роҳнамоӣ мекунад. Он моҳияти сиёсат, сохтор, ҷойгоҳ ва ҳудуди қудрати сиёсии давлатро таъйин месозад ва ба ҳуқуқу ихтиёроти шаҳрвандон замонат медиҳад. Ҳеч қонуне набояд бо Қонуни Асосӣ, ки номи дигари он Конститутсия аст, муғойират дошта бошад».
Юнуси ИМОМНАЗАР.