Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 марти соли 2017 таҳти №140, дар соли таҳсилии 2025–2026 таътили зимистона барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз 28 декабр оғоз мегарданд.
Барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1–4) таътил аз 27 декабр оғоз мешаванд, зеро ин рӯз ба рӯзи шанбе рост меояд.
Тибқи иттилои Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ, таътили зимистона то 10 январи соли 2026 идома ёфта, ҳамагӣ 14 рӯзи тақвимиро дар бар мегиранд.
Азбаски 11 январи соли 2026 (якшанбе) рӯзи истироҳат мебошад, дарсҳои чоряки сеюм аз 12 январи соли 2026 оғоз хоҳанд шуд.